Антоним (Мутазод)

Антоним чист? Мутазод чист? Маълумот дар бораи Антоним ё Мутазод. Антоним дар забони точики >>

Калимаҳои зидмаъноро антоним (мутазод) меноманд: нек – бад, дур –наздик, рост-дурӯғ, талх-ширин, субҳ –шом.

Калимаҳои зидмаъно яке аз воситаҳои муҳими таъсирбахши ифода намудани фикр мебошанд: Бо бадон бад бошу бо некон накӯ, Ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор.

Мутазодҳо ҳам ҷуфтистеъмол мешаванд: ҷангу сулҳ, каму беш, пасту баланд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Машқ. Ҳангоми навиштани ҷумлаҳо калимаҳои ишорашударо аз ҷиҳати маъно шарҳ диҳед.

1.Танҳо ба баъзе хонаҳо, ки дарҳояшон зич пӯшида нашудаанд, овози гоҳ пасту гоҳ баланди баъзан занона, баъзан мардона ба гӯш мерасид. Аз ҷойи дудбарои ҳамон хона байрақчае ба ҳаво баланд мегашту гоҳ ба рост ва гоҳ ба чап хамида аз нав ғоиб мегашт. (Фотеҳ Ниёзӣ)

2.-Нодон айб мекунад, доно худаш мефаҳмад, – ҷавоб дод Ҳоҷиумар.-Росташро гӯям, ин Туроб ба ман ҳам он қадар маъқул набуд. (С.Улуғзода)

3.Зиндагӣ бе ғаму шодӣ, бе нӯшу неш, бе нишебу фароз, бе талхиву ширинӣ намешавад. Вале аз нобарорӣ барор, аз ноумедӣ умед, аз бесомонӣ сомон ҷустан ҳам ҳунар аст ва ҳар киро ин ҳунар набошад, ҳамеша ғолиб аст. (А.Қаҳҳорӣ)


Маълумот дар бораи СИноним

ҚаблӣСиноним (Муродиф)
БаъдӣОмоним (Хамгуна)