Авесто ва ахамияти адабии он

Мақола бо номи Авесто ва ахамияти адаби он. «Авесто» ва аҳаммияти адабии он >>

«Авесто» китоби муқаддаси зардуштиён буда, дар он усули дин ва аҳкоми оини зардуштӣ баён гардидааст. Замони китобати онро асри VI пеш аз мелод ва макони таълифашро ба эҳтимоли зиёд Осиёи Марказӣ тахмин мекунанд. Пеш аз китобат «Авесто» ба тарзи гуфторӣ аз ҷониби мубадони зардуштӣ аз даҳон ба даҳон мегузашт. Бино бар маълумоти сарчашмаҳо дабирон бо фармони шоҳ Виштосп (Гуштосп) «Авесто»-ро дар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов бо оби зар навиштанд ва шоҳ онро дар ганҷхонаи сангини хеш ниҳод. Ин нусхаро Искандари Мақдунӣ соли 331 пеш аз мелод ҳангоми истилои Эрон сӯзонида, хокистарашро ба об андохтааст. Аз ин рӯ ба вай лақаби “Гуҷастак” (лаънатӣ)-ро додаанд.

авесто бо забони точики
Авесто

Баъд матни онро дар асри I пеш аз мелод дар замони ҳукмронии хонадони Ашкониён аз навиштаҳои пароканда ва ривоятҳои даҳонӣ аз нав гирд овардаанд.

Таҳрири нави «Авесто» дар асрҳои III ва IV мелодӣ дар замони Сосониён дар зери роҳбарии ҳирбадонҳирбад сурат гирифт. Дар рӯзгори Шопури дувум (310 379) мубади аср Атурпата (Озарбади) Меҳроспандон Мубадон китоби “Хурда – Авесто”-ро аз саросари «Авесто» гирд овард ва ба бахшҳои номафҳуми «Авесто» гузорише навишт.

Ин китоби муқаддаси зардуштиён бори дувум ҳангоми истилои араб нобуд гардид. Бинобар ин ҳам имрӯз аз наскҳои (бахшҳои) 21-гонаи «Авесто»-и куҳан чоряки он боқӣ мондааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

«Авесто» ба забони хосе, ки дар илм ба унвони «забони авестоӣ» машҳур аст, навишта шуда, ба забони китоби муқаддаси ҳиндуён “Ригведа” (“Веда”) ва забони санскрит ва хати он, ки ба хати оромӣ (диндабира ё диндабарӣ) буд, ба хати санскритии мурда монанд мебошад ва аз гузаштаи ягонаи қавмҳои ориёӣ гувоҳӣ медиҳад.

Рӯ овардан ба “Авесто”, ба тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон дар охири солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-ум ва 70-уми а. ХХ сар шуда, то солҳои 80-90-ум идома ёфта буд. Ин корро, пеш аз ҳама, фарҳангиёни тоҷик барои расидан ба асли худ, барои пайдо намудани ҷавоб ба саволи “мо – тоҷикон кӣ ҳастем, аз куҷо омадаем ва ба куҷо рафтанием?”, барои худҷӯӣ, худрасӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ карда буданд.

Даҳаи охири садаи ХХ ва солҳои аввали ҳазорсолаи севум, яъне замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон давраи бозгашти дубора ба фарҳанги тоисломӣ, хосса тамаддуни ориёӣ дар ҷомеаи тоҷик номид. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии бевоситаи Президент Эмомалӣ Раҳмон 2700-солагии китоби “Авесто” дар ҳамин давра ҷашн гирифта шуд ва соли 2006 соли Тамаддуни ориёӣ эълон гардид.

Рӯ овардан ба тамаддуни тоисломӣ, ба “Авесто” ҳаргиз маънои коҳиш додани нуфузи дини исломро дар ҷомеаи тоҷик надорад, зеро Тамаддуни ориёӣ ва Тамаддуни исломӣ ду рукни аслии як фарҳанги миллии тоҷикӣ (эронӣ) мебошад. Онҳоро ба ҳеч ваҷҳ ва баҳонае наметавон аз ҳам ҷудо кард ва якеро миллӣ ва дигареро бегона, якеро аслӣ ва дигареро сунъӣ номид ва ба ҳам муқобил гузошт. Ин ду тамаддун ду марҳалаи асосии инкишофи фарҳанги миллии мо ба шумор мераванд ва дар таърихи тоҷикон ҳар як ҷойгоҳи ба худ муносиберо дорад. Таърихи фарҳанги миллии моро бе яке аз онҳо тасаввур намудан муҳол аст.

“Авесто”-ро мо ба сифати як намунаи мероси фарҳангие меомӯзем, ки дар он қадимтарин намунаҳои адабии эронӣ гирдоварӣ шудааст.

«Авесто» -и кунунӣ аз шаш бахш иборат аст:

  1. Гоҳон
  2. Ясна
  3. Яштҳо
  4. Виспарад
  5. Хурда – Авесто
  6. Вандидод.

  1. “Гоҳон” қадимтарин бахши «Авесто» мебошад. Маънии “гоҳ” суруд буда, суханони манзуми миёни навиштаҳои мансурро мегуфтанд. Дар забони тоҷикӣ ин калима дар таркиби номи бахшҳои “Шашмақом” Дугоҳ, Сегоҳ ва Чоргоҳ боқӣ мондааст. “Гоҳон”-ро ба Зардушт нисбат медиҳанд. Он ба шеъри ҳиҷоӣ монанд аст. Бандҳои он аз сатрҳои ҷудогона ва ҳар сатр аз 11 то 19 ҳиҷо иборат буда, миёни миқдори муайяни ҳиҷоҳо ист (диранг, вақфа) дорад (4+7, 7+5, 7+7, 7+9, 7+7+5).
  2. “Ясна” ба маънии ситоишу ниёиш ва парастишу қурбонист ва дар забони форсии тоҷикӣ аз ин реша калимаҳои Язд, Эзад, Яздон ва ҷашн бозмондааст.
  3. “Яштҳо” ба маънии ситоишу ниёиш ва парастиши эзадон ва бурдани қурбонию пешкаше назди онон аст. “Яштҳо” монанди “Гоҳон” манзум мебошад.
  4. “Виспарад” (“Виспарату”) бахши кӯтоҳе аз “Авесто” буда, монандии зиёде ба “Ясна” дорад ва сурудҳои кӯтоҳеро дар ситоиши радону покон ва порсоён ва ҳама офариниши неки аҳуроӣ дар бар мегирад.
  5. “Хурда – Авесто” (яъне “Авестои хурд”) дар асл бахши ҷудогонаи “Авесто” нест, балки маҷмӯи дуоҳоест, ки дар намоз, ниёиш ва ҷашнҳои гуногун ва ҳангоми судрапӯшию куштибандӣ ва дар маросими заношӯӣ ва оини ёдбуди даргузаштагон хонда мешавад.
  6. “Вандидод” ба маънии қонуни дуои зидди девон буда, дар шакли гуфтугӯ – пурсишҳои Зардушт ва посухҳои Аҳурамаздо иншо шудааст.

Авесто маълумот дар бораи Авесто Авесто дар адабиёт авесто бахшхои авесто кисмхои авесто

Авесто

ҚаблӣАдабиёти давраи қадим (адабиёти точик)
БаъдӣМуҳтавои “Гоҳон”