Касидаи «Модари май» ва шеъри мадҳия

Дар ин макола Касидаи “Модари май”-и устод Ауабдуллох Рудаки оварда меавад.

Қасида яке аз навъҳои асосии шеъри Рӯдакӣ мебошад ва ӯ дар навъҳои гуногуни он ҳунарнамоӣ кардааст, махсусан дар гуфтани қасидаҳои мадҳия. Мадҳияҳои ӯ ба амирони сомонӣ ва малику маликзодагони Хуросон бахшида шудаанд.

Хусусияти фарқкунандаи мадҳияҳои Рӯдакӣ ва дигар шоирони ҳамзамонаш аз он иборат аст, ки онҳо дар мадҳ ба дурустию ростии он диққати ҷиддӣ медоданд ва дар ҳаққи мамдӯҳ суханҳоеро раво медоштанд, ки ба шахсияти он, рафтору гуфтораш мувофиқати комил дошт. Онҳо “мадҳи шоҳони сарфароз” гуфтаанд, на “мадҳи дунон” (Абдурраҳмони Ҷомӣ). Ба сухани дигар, онҳо дар қасидаи мадҳия дурӯғ намегуфтанд.

Ман он-ч мадҳи ту гӯям, дуруст бошаду рост,
Маро ба кор наояд сирешиму кабдо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барои мисол, Рӯдакӣ дар қасидаи “Модари май” амири Систон Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммадро ба хотири он ки ӯ ба ҳимояи ҳукумати марказӣ, ваҳдат ва ягонагии давлати Сомониён ҳокими исёнгари вилояти Рай Мокон ибни Кокуро мағлуб гардонида буд, бо хоҳиши Насри II дар маҷлиси маликона васф кардааст ва ӯро чунон тасвир намудааст, ки касоне, ки ин волиро медонистанд, шаҳодат додаанд, ки ҳар он чи Рӯдакӣ дар ҳаққи вай гуфтааст, дурусту рост мебошад.

Рӯдакӣ Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммадро “меҳи озодагону мафхари Эрон”, “малики адлу офтоби замона”, “аз офтоби гавҳари Сосон” номида, барои сирату мазҳаби хуб, илму ҳикмат, покнажодӣ, нияти неку макорими эҳсон, далерӣ дар майдони набард, атобахшӣ, сухандонӣ, мададгорӣ, ёрирасонӣ мадҳ намудааст ва ӯро барои ин сифатҳояш ба Амр ибни Лайс, Рустами Дастон, Исфандёр, Сом, Сулаймон, Луқмони Ҳаким, Абӯҳанифа, Суфён, Суқроту Афлотун монанд кардааст.

Он чи Рӯдакӣ дар қисмати тағаззули он дар бораи чӣ тавр тайёр кардани май – аз оғоз то ба анҷом мегӯяд, ба шаҳодати муҳаққиқон ҳеч касе мисли онро бо зикри тамоми ҷузъиёташ ба баён наовардааст:

Модари майро бикард бояд қурбон,
Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон.
Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ,
Тош накӯбӣ нахусту зӯ накашӣ ҷон.
Ҷуз ки набошад ҳалол дур бикардан
Баччаи кӯчак зи шири модару пистон.
То нахӯрад шир ҳафт маҳ ба тамомӣ
Аз сари урдибиҳишт то буни обон.
Он гаҳ шояд зи рӯйи дину раҳи дод
Бачча ба зиндони тангу модар қурбон.
Чун бисупорӣ ба ҳабс баччаи ӯро,
Ҳафт шабонрӯз хира монаду ҳайрон.
Боз чу ояд ба ҳушу ҳол бибинад,
Ҷӯш барорад, бинолад аз дили сӯзон.
Гоҳ забар зер гардад аз ғаму гаҳ боз
Зер забар, ҳамчунон зи андуҳи ҷӯшон.
Зарр бар оташ куҷо бихоҳӣ полуд, 
Ҷӯшад, лекин зи ғам наҷӯшад чандон.
Боз ба кирдори уштуре, ки бувад маст,
Кафк барорад зи хашму ронад султон.
Марди ҳарас кафкҳош пок бигирад,
То бишавад тирагишу гардад рахшон.
Охир, кором гираду начахад низ
Дарш кунад устувор марди нигаҳбон.
Чун бинишинад тамому софӣ гардад,
Гунаи ёқути сурх гираду марҷон. 
Чанд аз ӯ сурх чун ақиқи ямонӣ,
Чанд аз ӯ лаъл чун нигини Бадахшон!
Варш бибӯйӣ, гумон барӣ, ки гули сурх
Бӯй бадӯ доду мушку анбар бо бон.
Ҳам ба хумандар ҳамегузорад чунин
То ба гаҳи навбаҳору нимаи найсон. 
Он гаҳ агар ними шаб дараш бигушоӣ,
Чашмаи хуршедро бибинӣ тобон.

Инчунин хонед:

Аз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ҚаблӣТарзи таҳлили ҷумлаи мураккаб
БаъдӣНутки айнан наклшуда

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед