Адабиёти давраи қадим (адабиёти точик)

Адабиёти давраи кадими форсу точик >>

Адабиёти тоҷик дар Давраи қадим (нимаи а.III то мелод – а.VII мелодӣ) дар шакли адабиёти даҳонӣ ва адабиёти китобӣ дар забонҳои паҳлавӣ, портӣ, порсик, сакоӣ, бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва ғ. мавҷуд буд. Ба ин сарчашмаҳои баъдӣ ва мероси хаттие, ки аз он замон боқӣ мондаанд, гувоҳӣ медиҳанд. Агарчи қисми аксари он мерос дорои муҳтавои динӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ мебошанд, дар байни онҳо танҳо пора ва қисмҳои ҷудогонае низ ба назар мерасанд, ки дар худ нишонаҳои адабиёти бадеиро доранд. Дар қолаби асарҳои динӣ, фалсафӣ, илмӣ, сиёсӣ ва ахлоқии манзум ва мансур ва дар шакли устураву достонҳои устуравӣ ҷо доштани пораҳои адабӣ дар адабиёти он давр табиӣ буда, аз як хусусияти зотии адабиёти Давраи қадим – синкретизм (омезиши амал, оҳанг ва сухан) шаҳодат медиҳад. Дар он давра тасаввуроти динӣ, илмӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва устуравӣ аз ҳам ҷудо набуданд ва унсурҳои тафаккури бадеиро дар худ доштанд. “Авесто”, ки китоби муқаддаси оини зардуштӣ мебошад, унсурҳои ибтидоии навъҳои адабии баъдинаро дар бар дорад.

Номгӯйи асарҳои адабии дастраси адабиёти қадими тоҷик аз инҳо иборат мебошад: катибаи Шопури аввал дар Ҳоҷиобод, шеърҳои Монӣ, қитъае дар ситоиши нимахудои замон Зурвон дар “Бундаҳишни кабир”, қитъаи дигаре дар “Бундаҳишн” дар панҷ мисраъ, “Дарахти Асуриг”, “Ёдгори Зарирон”, “Ҷомосбномак”, як манзумаи паҳлавӣ дар андарз, “Андарзи Беҳдоди Фаррухи Пирӯз”, “Суруди оташкадаи Каркӯй”, офарини мубадонмубад дар “Наврӯзнома”-и Хайём, манзумаи дигаре ба паҳлавӣ дар дувоздаҳ байт, қиссаи Рустам, ҳикояти Бӯзина ва Рӯбоҳ, Моҳии кар ба забони суғдӣ ва ғ.

Имрӯз кам касоне пайдо мешаванд, ки ба вуҷуд доштани шеър ба паҳлавӣ шак оранд. Аммо то ҳол дар таъйини табиати ин шеър ва алалхусус поэтикаи он миёни донишмандон баҳси пуршиддате давом дорад. Сабаби ин иборат аз он аст, ки аввалан, асосҳои назарии шеър дар он давра барои мо ба дурустӣ маълум нест. Сониян, дар бораи савтиёти (овонависии) аслии матнҳои паҳлавӣ, ба истиснои ашъори Монӣ, қазоват кардан сахт душвор аст, зеро дар матнҳои паҳлавӣ аз навиштани овозҳои садонок сарфи назар мекарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳамаи ёдгориҳои манзуми Давраи қадим нишон дод, ки вазни асосии шеъри паҳлавӣ бар такяи калима (аксент) ва шиддати савт (интенсив) қарор гирифтааст. Воқеан танҳо дар ҳамин сурат сабаби гуногунададии ҳиҷои мисраъҳои сурудҳои «Яшт» ва «Готҳо», хусусан ёдгориҳои манзуми паҳлавиро, ки аз мисраъҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16 ва нуздаҳҳиҷоӣ иборат мебошанд, ба навъе маънидод кардан мумкин аст. Зеро дар вазне, ки ба такяи калима ва шиддати савт қарор ёфтааст, аз ҷумла шумораи ҳиҷоҳо ба эътибор гирифта намешавад. Чунонки дар ин ду пора:

Дарум[1] андарзе аз даноғон[2] – 9
Аз гуфтаи пешиниғон[3] – 8
Угимаҳ би визорум[4] – 7
Пад растиҳ геҳон[5] – 5
Агар ин аз ман пазиред – 8
Бавед[6] суди ду геҳон – 7

Ва:

Дарахте руст ест[7]/ тар[8] о шаҳр Асурик – 11
Бунаш хушк ест, / сараш ест тарр[9] – 8
Варгаш над монид[10], / бараш монид ангур -11

  1. Дарум – дорам.
  2. Даноғон – доноён.
  3. Пешиниғон – пешиниён.
  4. Угимаҳ би визорум – ба шумо мегузорам.
  5. Пад растиҳ геҳон – ба ростӣ дар ҷаҳон.
  6. Бавед – бувад.
  7. Ест – аст.
  8. Тар – дар.
  9. Тарр – тар.
  10. Варгаш над монид – баргаш ба най монад.

Аз донишмандони асрҳои миёна танҳо Насираддини Тӯсӣ бевосита аз шеър дар давраи қадим сухан оғоз намуда, вазни сурудҳои қадимии мардуми эронинажод – хусравонӣ ва лосгӯиҳоро, бар хилофи вазни арӯз, ки онро «ҳақиқӣ» мегӯянд, вазни «маҷозӣ» меномад. Ва он, бино ба гуфтаи ӯ, вазнест, ки зоҳиран ба вазни арӯз монанд буда, дар асл вазни хитобат – «иқоъ» (ритм)-ро ба хотир меорад.

Дар бораи қофия дар шеъри паҳлавӣ Насираддини Тӯсӣ чунин ақидаеро пеш рондааст, ки мувофиқи он дар шеъри мазкур «шарти тақфия (қофия) дар қадим набудааст». Мувофиқи фармудаи ӯ, дар шеъри паҳлавӣ қофия дар баъзе мисраъҳо ва байтҳо ба назар мерасид.

Миёни арӯз ва қофияи маъмули шеъри арабӣ ва форсӣ дар Асрҳои миёна ва вазну қофияи шеъри Замони қадим фарқи ҷиддие вуҷуд дошт.

Қазоват дар хусуси муҳтавои шеъри паҳлавӣ низ ба сабаби ҳамон камии осори боқимонда ва нотамоми онҳо осон нест. Агарчи бо дар назар доштани муҳтавои он намунаҳо ва вежагиҳои сабку қолиби баёнашон, ҳамчунин бино ба эътибори баъзе аз ишора ва маълумоти муаллифони гузашта ва номгӯи сурудаҳои Борбад тахмин кардан мумкин аст, ки шеър дар он давра аз ҷиҳати муҳтаво гуногун буда, тақрибан тамоми соҳаҳои зиндагии ҷомеаи он давраро фаро мегирифт. Баррасии унсурҳои асосии вазн, қофия ва муҳтавои шеъри паҳлавӣ фикреро ба миён меорад, ки онҳо аз бисёр ҷиҳат ба талаботи мусиқии он замон мувофиқат дошт. Ва ин мувофиқату мутобиқати шеър ва мусиқӣ дар Давраи қадим шаҳодат бар он медиҳад, ки адабиёт ва ҳунар дар Асрҳои миёна хосияти синкретӣ (омезишӣ) дошт.

Адабиёти точик ва мархилахои инкишофи он

ҚаблӣАдабиёти точик ва мархилахои инкишофи он
БаъдӣАвесто ва ахамияти адабии он

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед