Бахшҳои ин мавзӯъ: Типи бугумпойхо ё бандпойхо. Тавсифи умумии тип. Сохти берунии бугумпойхо. Руйпуши бадан. Ба бугумхо чудошавии бадан.
Тавсифи умумии тип
Буғумпойҳо ҳайвонҳои таносуби дутарафадор буда, баданашон ба буғумҳо тақсим шудааст. Рӯйпӯши бадани онҳо сахт буда, аз моддаи органикӣ (хитин) иборат аст. Пойҳояшон низ ба буғумҳо тақсим шудаанд. Бадани аксарияти буғумпойҳо ба се қисм ҷудо шудааст: сар, сина ва шикам. Ба типи буғумпойҳо харчанги дарёӣ, крабҳо, креветкаҳо, тортанакшаклҳо, бисёрпойҳо, шапалакҳо, магасҳо, гамбӯскҳо ва ғайраҳо дохил мешаванд (расми 82).

Типи буғумпойҳо калонтарин типи олами ҳайвонот буда, дар замони ҳозира зиёда аз 1,5 млн. намуди онҳо маълум аст. Аз 3/2 ҳисаи мавҷудоти руйи Замин мансуби ҳамин типанд. Аз ин миқдор дар Тоҷикистон на камтар аз 10-12 ҳазор намудашон вомехӯранд. Буғумпойҳоро дар ҳама гуна шароити муҳити зист дидан мумкин аст. Эҳтимол дар кураи Замин ҷое нест, ки ин ё он намояндаи ин тип вонахӯрад. Буғумпойҳо ба туфайли рӯйпӯши хитинии бадан, пойҳои аз буғумҳо иборат буда ва тараққӣ кардани узвҳои ҳис барои дар муҳити обӣ ва хушкӣ зиндагӣ кардан хеле хуб мутобиқ шудаанд. Дар буғумпойҳо узвҳои босира (биноиш), бӯйиш, мувозинат, ломиса ва дар баъзе намояндаҳо узви шунавоӣ хуб инкишоф ёфтааст.
Сохти берунии буғумпойҳо
Дар буғумпойҳо баръакси ҳалқакирмҳо, халтаи пӯстию мушакӣ набуда, ба ҷойи он системаи мушакҳо тараққӣ кардааст. Мушакҳои онҳо кӯндаланги рах-рах буда, дар кирмҳо суфта мебошанд.
Рӯйпӯши бадан
Рӯйпӯши бадан дар нигоҳ доштани ҳарорат ва камтар бухор шудани оби бадан аҳамияти калон дорад. Дар буғумпойҳо рӯйпуши бадан кутикулаи бисёрқабатаи хитиниро ҳосил мекунад, ки вазифаи такягоҳӣ ва муҳофизатиро иҷро мекунад. Якчанд буғумпойҳоро бо ҳамдигар муқоиса мекунем: харчанги дарёӣ, тортанаки салибдор ва гамбӯски саврӣ (ба расми 82 нигаред). Бадани ин ҳайвонҳо аз берун рӯйпӯши сахти хитинӣ доранд, ки онро ҳуҷайраҳои пӯст ҳосил мекунанд.
Қисми асосии рӯйпӯши бадан аз моддаи мураккаби органикии хитин иборат аст. Рӯйпӯши хитинӣ хеле мустаҳқам аст ва ҳатто нисбат ба таъсири кислотаҳо устувор мебошад. Вай бадани буғумпойҳоро аз таъсирҳои механикӣ ва кимиёвии муҳити беруна ҳимоя мекунад. Ба ғайр аз ин рӯйпуши хитин буғумпойҳои дар хушкӣ зиндагӣ мекардаро аз зиёд бухоршавии оби организм муҳофизат мекунад. Дар баъзе буғумпойҳо (харчанги дарёӣ, крабҳо) рӯйпӯши хитинӣ намакҳои оҳакинро ҷабида, ба сипари сахт табдил меёбад. Аз дарун ба рӯйпӯши хитинӣ мушакҳо маҳкам шуда, хитин гӯё вазифаи скелети берунаро иҷро мекунад.
Дар вақти инкишофи буғумпойҳо рӯйпӯши бадан, ки хеле сахт аст ба калон шудани андозаи бадан монеъ мешавад. Барои калон шудан, зарур аст, ки баъди ҳар чанд вақт онҳо бояд рӯйпӯши куҳнаро партоянд. Барои ҳамин аз таги рӯйпӯши куҳна аз ҳисоби пӯст рӯйпӯши нави тунуки хитинӣ ҳосил мешавад. Рӯйпӯши нав якчанд вақт мулоим буда, кашиш мехӯрад, дар натиҷа ҳайвон тез калон мешавад, яъне калоншавии андозаи бадани буғумпойҳо фақат ба давраи пӯстпартоӣ рост меояд.
Ба буғумҳо ҷудошавии бадан
Бадани харчанги дарёӣ, тортанаки салибдор, гамбӯски саврӣ ва дигар буғумпойҳо аз буғумҳо иборат аст. Дар бисёр намояндагони ин тип буғумҳо як қисми муайяни баданро ҳосил мекунанд: сарсина ва шикам ё сар, сина, шикам (расми 83).

Дар қисми сина аз тарафи шикам пойҳои аз буғумҳо иборатбуда ҷойгиранд (номи тип аз ҳамин ҷост). Миқдори пойҳо дар намояндагони ин тип гуногун аст. Масалан, дар харчанги дарёӣ панҷ ҷуфт пойи роҳгардӣ, дар тортанаки хонагӣ чор ҷуфт, дар гамбӯски саврӣ се ҷуфт пой мавҷуд аст. Пойи буғумпойҳо на фақат вазифаи роҳ гаштан, балки доштани хӯрок, совидани он ва нафаскаширо иҷро мекунад, зеро дар асоси пойи баъзеи онҳо ғалсама ҷойгир шудааст. Дар қисми синаи тарафи пушти ҳашарот болҳо ҷой гирифтаанд.
Саволҳо
- Буғумпойҳоро аз рӯйи кадом аломатҳояшон дар табиат шинохтан мумкин аст?
- Барои чӣ буғумпойҳо пӯст мепартоянд?
















