Маданияти Бобил. Хат. Дин. Адабиёт. Санъат. Санъати тасвири. Риёзи. Тиб. Фарханги Ошур. Богхои муаллаки Бобул.
Маданияти Бобил
Маданияти Бобул аз аввали ҳазорсолаи IV пеш аз милод оғоз ёфта, дар рушди мадании мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ мақоми сазовор доштааст. Фарҳанги Бобул аз маданияти Сумер сарчашма гирифтааст.
Хат
Хати сумерӣ дар ибтидои ҳазорсолаи IV пеш аз милод ба вуҷуд омадааст. Он ба тариқи расмчаҳо – аломатҳо навишта мешуд. Хаттоти сумерӣ агар калимаи «паранда»-ро навиштанӣ мешуд, расми парандаро мекашид.

Ҳамаи калимаҳои дигар ҳам ҳамин тавр «навишта» мешуданд, яъне бо аломатҳо ифода меёфтанд. Бо чунин «ҳарфҳо» навиштани матнҳо хеле мушкил буд. Масалан, барои навиштани калимаи таваллуд шудан ду нишона: сурати «паранда» ва «тухм»-ро кашида, онҳоро бо ҳам мепайвастанд.

Бо мурури замон хати сумериҳо такмил меёбад ва дар он аломатҳои овозҳо ва ҳиҷоҳо ҳам пайдо мешаванд. Акнун бо ин хат навиштан осонтар шуд.
Хати сумериро давлатҳои Аккад, Бобул, Ошур, Хетт, Сурия, Форси қадим ва баъзе давлатҳои дигар қабул карда буданд. Дар миёнаҳои ҳазорсолаи II пеш аз милод хатти мехии сумериҳо ба хатти байналмилалӣ табдил меёбад. Онро бисёр мамлакатҳои Шарқ дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ васеъ истифода мебурданд.
Дин
Моҳияти ҳодисаҳои харобиовари табиатро қабилаҳои Байнаннаҳрайн дарк карда наметавонистанд. Дарёҳои Даҷла ва Фурот дар вақти обхезӣ аз соҳилҳояшон берун баромада, киштзорҳо аз байн мерафт. Дар натиҷаи заминҷунбӣ хонаҳо вайрон мешуданд. Сабаби рух додани воқеаҳои пурхавфи табиатро мардуми Байнаннаҳрайн дар қувваҳои ғайритабиӣ медиданд. Аз ҳамин сабаб эътиқоди динии одамони ин ҷо ба табиат алоқаманд буданд. Дар Байнаннаҳрайн низ одамон чун дигар мардуми замони қадим ба худоҳои зиёде эътиқод доштанд. Энлилро худои замин мешумориданд. Онҳо инчунин худоҳои Тиммуз, Нингишзида, Нергал, Иштар, Каннар, Мардук ва худоҳои дигарро мепарастиданд. Ҳар як худои байнаннаҳрайниҳо вазифаи худро дошт. Масалан, Мардук худои раъду барқ ва худои олии давлати Бобул буд. Нергал бошад, худои олами зеризаминӣ ба ҳисоб мерафт.
Адабиёт
Адабиёт дар Байнаннаҳрайн дар замонҳои қадимтарин ба вуҷуд омадааст. Адабиёти сумерӣ ба адабиёти Бобил таъсири мусбат расондааст. Асарҳои бадеие, ки дар Сумер таълиф мегардиданд, бо баъзе тағйирот ба забони бобилӣ ва ошурӣ тарҷума карда мешуданд.

Адабиёти Бобул асосан аз асот ире, ки мазмуни динӣ доштанд, иборат буд. То замони мо асарҳои зиёди адабиёти Байнаннаҳрайн омада расидаанд. Масалан, қиссаи «Экума Элиш» дар бораи офаридани олам, қиссаи Агушайн – дар бораи рақобати олиҳаҳои Иштар ва Сахту ҳикоят мекунанд. Қиссаи Ада бошад, дар бораи шахси некукор нақл мекунад.

Қиссаҳои бобилиҳо хеле зиёд буда, дар онҳо арзишҳои баланди ахлоқӣ ифода ёфтаанд ва дар жанрҳои гуногун назм ва ё наср эҷод карда шудаанд.
Санъат
Навъҳои ҳунари гуногуни санъати Байнаннаҳрайн ва хусусан санъати меъмории он рушд ёфта буд. Ибодатхонаҳои сумерии ибтидои ҳазорсолаи III пеш аз милод, ки онҳоро бостоншиносон дар Урук ва Зубайда пайдо карда буданд, бо зебоӣ, шукӯҳу азамат ва бо завқу маҳорати баланд бунёд гардиданашон касро ба ҳайрат меоварад. Деворҳои ибодатхонаҳои Зубайда бо нақшу нигори мафтункунанда оро дода шудаанд. Дар меъмории Сумеру Аккад ҳамон вақт мис ва масолеҳи монанд ба мум бештар истифода мешуд. Ҳунари меъмории Сумер ва Аккад ба рушду нумӯи меъмории Бобул ва Ошур таъсири мусбат расондааст.
Санъати тасвирӣ
Дар Бобул санъати тасвирӣ низ аз замонҳои қадимтарин рушд карда буд. Осори онро дар ибодатхонаҳо, зарфҳо, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва ашёи рӯзгор дидан мумкин аст.
Риёзӣ
Риёзӣ аввал дар Сумеру Аккад ва баъдтар дар Бобил ҳам рушд меёбад. Ҳисобҳое, ки дар асоси рақами «5» ташкил ёфтаанд, маҳсули заҳмати риёзишиносони қадими Байна ннаҳрайн аст. Масалан, 6=1+5; 7=2+5; 8=3+5; 9=4+5; 3+2=5. Дар ин ҷо дар ҳар амал рақами «5» вуҷуд дорад.
Низоми даҳиҳо низ дар Сумер пайдо шудааст. Дар Сумер ва Аккад рақамҳои 100 ва 1000 бо аломатҳои махсус ифода карда мешуданд. Ҳангоми ҳисобу китоб онҳо аз каср ҳам истифода мебурданд.
Дар Бобул риёзиёт боз ҳам ба дараҷаи баландтар рушд ёфт. Зарурати ҳисоби сол ба бобулиҳо рақами 360-ро дод. Дар ҳамин асос бобулиҳо доира кашида, онро ба 360 ҳисса тақсим карданд. Имрӯз мо медонем, ки ҳар як ҳиссаи он ба 10 баробар аст.
Тиб
Соҳаҳои гуногуни илм дар Бобул тадриҷан такмил ёфтаанд. Яке аз онҳо илми тиб буд. Дар давраи ҳукмронии Хаммурапи тибби Бобул ба соҳаҳои алоҳида: дорусозӣ, ҷарроҳӣ, табобати чашм, дандон ва ғайра тақсим шуда буд.
Табибон ба ташхиси беморӣ аҳамияти калон медоданд. Мувофиқи ақида агар бемор ташхис карда нашавад, латтапеч кардани ӯ нафъе намебахшад. Навиштаҷоти табибони бобилӣ, ки имрӯз дастрасанд, дар бораи нишонаҳои бемориҳои зиёде маълумот медиҳанд.
Фарҳанги Ошур
Фарҳанги Ошур бо тамаддуни Бобул ҳамреша буда, ҳарду аз як сарчашма оғоз ёфтаанд. Таъсири фарҳанги Бобул ба фарҳанги Ошур махсусан дар асри XIII пеш аз милод пурзӯр шудааст. Дар ин давра шоҳи Ошур Тикулта Нинуртаи I Бобулро ишғол мекунад.

Усули офариниши қиссаҳои динӣ, ки он вақт дар Бобул маълум буд, ба Ошур ҳам роҳ меёбад. Масалан, қисса дар бораи офаридани олам ва сурудҳо дар бораи Худо Энлил ва Мардук аз ҳамин қабиланд.
Аз Бобул ошуриҳо системаи ченаки дарозӣ ва вазн, баъзе хусусиятҳои ҳуқуқии қонунҳои Хамурапиро қабул кардаанд.
Китобхонаи шоҳи Ошур Ашурназирпалии II аз сатҳи баланди тамаддуни Ошур шаҳодат медиҳад. Дар ин китобхона асарҳои адабиёти бадеӣ, ситорашиносӣ, тиббӣ, забоншиносӣ ва ғайра маҳфуз буданд. Ҳатто китобҳое ёфт шудаанд, ки аз рӯйи тарзи навишташон ба қомусҳои имрӯза монанданд.
Дар асоси дастури махсуси подшоҳ дар китобхона асарҳои гуногуни қадима ва замонаро гирд меоварданд ва хушнависон онҳоро нусхабардорӣ мекарданд. Дар китобхонаи Ошур дурдонаҳои хаттии маданияти ҷаҳони ҳамонвақта ҷамъ оварда шуда буданд.
Ёдгориҳои меъмории харобаҳои қасрҳои шоҳ Ашурназирпалии II дар Калох ва шоҳ Саргони II дар Шаррукин аз санъати баланди меъморони Ошур шаҳодат медиҳанд. Қасри Саргони II мисли қасрҳои Сумер сохта шудааст. Он аз 210 хона ва 30 айвон иборат аст. Деворҳои ин қаср аз тасвироти ҳунари рассомӣ пур аст. Онҳо манзараҳои гуногуни ҳаёти дарбориёнро инъикос мекунанд.
Ошуриҳо фарҳанги Бобулро қабул карданд ва онро бо хусусиятҳои маданияти хеш мувофиқ гардонда, дар мамлакатҳои забткардаашон паҳн намуданд.

Боғҳои муаллақи Бобул
Соли 331 пеш аз милод сокинони Бобил ба назди Искандари Мақдунӣ сафирони худро равон карданд. Онҳо ният доштанд, ки ӯро ба Бобул барои бастани аҳди сулҳу дӯстӣ даъват намоянд. Искандарро сарват ва бузургии Бобул ба ваҷд оварда буд. Гарчанде Бобул рӯ ба таназзул ниҳода буд, ҳанӯз ҳам шаҳри калонтарини ҷаҳон ба шумор мерафт. Искандар дар он ҷо таваққуф намуд. Дар Бобул Искандарро ҳамчун озодкунанда пешвоз гирифтанд. Лекин дар пеш тамоми ҷаҳон меистод, ки онро ишғол кардан лозим буд…
Навуходоносор, ки ин боғҳоро бунёд карда буд, бӯқаламунии золими оқилро ифода мекард, чунки золимон ҳам наҷобати оқилона доранд барои фарде, вале ҳаргиз на барои ҳама. Навуходоносор ҳамсари ҷавони худ маликаи Модро хеле дӯст медошт, чӣ тавре ки Искандар Бобули серчангу хок ва бе кабудизор, бе ҳавои тоза ва хишироси барги дарахтонро. Шоҳи Бобул пойтахтро ба теппаҳои сабзу хуррами Мод накӯчонид, балки коре кард, ки ба бандагони Худо дастнорас буд. Ӯ ба он ҷо, ба маркази водии гарму сӯзон тасаввурот дар бораи теппаҳои сабзу хуррамро овард.
Ба сохтмони боғҳо барои қонеъ гардонидани нозунуз малика тамоми қувваҳои шоҳигарии қадим, тамоми бинокорон ва риёзишиносон сафарбар карда шуданд. Шоҳи Бобул ба ҷаҳониён исбот намуд, ки ба хотири ишқу муҳаббат аз уҳдаи сохтани аввалин дар ҷаҳон муҷассама баромада метавонад. Ва номи малика чун афсона дар хотири наслҳо бо номи дигар – маликаи Ошур то қарнҳои баъдӣ нақш баст.
Боғҳое, ки бинокорон дар Бобул бунёд карданд, чорошёна буданд. Болорҳо ва синҷҳои онҳо ба сутунҳои баландиашон бисту панҷ метр такя мекарданд. Болиштакҳои ошёнаҳо, ки аз «хиштҳо»-и дарозрӯяи ҳамвор тарошида, насб карда шуда буданд, бо най пӯшонда шуда, болои қамиш мумфарш ва қабати мумфарш бо қабати сурб рӯйпӯш карда шуда буд, то ки об ба қабатҳои поёнӣ нагузарад. Дар болои ин қабатҳо-ошёнаҳо қабати хок ба қадре пӯшонда шуда буд, ки дар он дарахтони калон сабзида тавонанд…
Савол ва супоришҳо
- Дар бораи хатти Бобул маълумот диҳед.
- Моҳияти дини бобулиҳоро фаҳмонед.
- Дар бораи адабиёти Бобул нақл кунед.
- Кадом қиссаҳои адабиёти Бобулро медонед?
- Дар Урук ва Зубайда бостоншиносон чӣ гуна ибодатхонаҳоро кашф кардаанд?
- Бобилиҳо дар риёзӣ ба кадом муваффақиятҳо ноил шуданд?
- Чаро бобилиҳо ба ташхиси бемориҳо диққати калон медоданд?
- Фарҳанги Бобул чӣ аҳамият дошт?
- Дар бораи пешрафти маданияти Ошур мисолу далелҳо биёред.