Барҳам хӯрдани ИҶШС ва ташкил ёфтани ИДМ

Бархам хурдани ИЧШС ва ташкил ёфтани Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ). Барҳам хӯрдани ИҶШС (СССР) ва ташкил ёфтани иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) реферат


Миёнаҳои солҳои 80-ум дар ҳайати ИҶШС 15 ҷумҳурии иттифоқӣ шомил буд: Арманистон, Озарбойҷон, Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Украина ва Эстония. Дар ҳудуди Давлатии Шӯравӣ бештар аз 270 млн. нафар одамон – намояндагони зиёда аз 150 миллату халқиятҳо зиндагӣ менамуданд. Дар давраҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ чунин ақида вуҷуд дошт, ки масъалаи миллӣ пурра ҳал карда шудааст. Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз рӯи нишондодҳои тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар як сатҳ қарор доштанд. Дар баробари ин, ҳалли яктарафаи масъалаи миллӣ зиддиятҳои зиёдро дар муносибати байни миллату халқиятҳо ба вуҷуд оварда буд. Дар шароити бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ ин зиддиятҳо ба низоъҳои шадид табдил ёфтанд. Дар Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон вазъият номӯътадил гардида, задухӯрдҳо ба амал омаданд. Бӯҳрони иқтисодӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта, шиддати низоъҳои байни миллатҳоро вусъат мебахшид. Ба вуҷуд омадани норозигӣ дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ бештар натиҷаи зоҳир накардани таваҷҷӯҳи марказ ба талаботи онҳо, фишори марказ дар ҳалли масъалаҳои моҳияти маҳаллӣ дошта буд. Нерӯҳои мухолиф дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз тарафи ҷабҳаҳои мардумӣ, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои нав (“Рух” дар

Украина, “Саюдис” дар Литва, “Растохез” дар Тоҷикистон, “Бирлик” дар Ӯзбекистон ва ғайра) муттаҳид гардида буданд. Маҳз ҳамин ҳаракатҳо инъикоскунандаи ғояҳои мустақилияти давлатӣ, баромадан аз ҳайати ИҶШС гардиданд. Роҳбарияти ИҶШС омода набудани худро ба ҳалли масъалаҳои бавуҷудомада дар натиҷаи низоъҳои байни миллатҳо ва халқиятҳо ва боло рафтани ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ дар ҷумҳуриҳо нишон дод. Моҳи декабри соли 1986 аввалин маротиба дар Иттиҳоди Шӯравӣ гирдиҳамоӣ ва намоишҳои оммавӣ дар шаҳри Алмаатои Казоқистон ба амал омаданд, ки сабаби сар задани онҳо ба вазифаи котиби якуми Ҳизби Коммунисти Қазоқистон интихоб гардидани шахси бегона, берун аз ҷумҳурӣ буд. Эътирози оммаҳои васеи аҳолӣ дар ҷумҳуриҳои назди Балтика, Украина, Белорусия аз ҷониби ҷабҳаҳои миллӣ роҳбарӣ мегардид. Талаби асосии онҳо нашр намудани матни шартномаи дар соли 1939 байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони фашистӣ ба имзо расида, дар бораи муҳоҷир намудани аҳолӣ аз минтақаҳои назди Балтика, Украина ва Белоруссияи Ғарбӣ буд. Соли 1988 амалиёти ҷангӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон барои дар ихтиёри худ нигоҳ доштани Қӯҳистони Қарабоғ оғоз гардид. Дар ин минтақа аксарияти аҳолиро арманиҳо ташкил дода он ба ҳайати Озарбойҷон дохил мешуд. Низоъи байни ду давлати ҳамсоя ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфта аст. Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон байни мардуми таҳҷоӣ ва туркҳои месхетии ба ин ҷо муҳоҷиршуда задухӯрд ба амал омад. Чунин задухӯрдҳо дар шаҳри Новий Узени Қазоқистон сар заданд. Натиҷаи авҷ гирифтани низоъҳои байни миллату халқиятҳо ба вуҷуд омадан ва афзоиш ёфтани сафи гурезаҳо буд. Моҳи апрели соли 1989 дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон дар давоми якчанд рӯз намоишҳои оммавӣ гузаштанд. Талаби асосии намоишчиён ба амал баровардани ислоҳоти демократӣ ва истиқлолияти давлатии Гурҷистон буд. Аҳолии Ҷумҳурии мухтори Абхазия талаби баромадан аз ҳайати Гурҷистон ва ташкил додани давлати мустақилро ба миён гузошт. Дар натиҷа шиддат гирифтани муносибатҳои байни Абхазия ва Гурҷистон ба задухӯрдҳои мусаллаҳона оварда расониданд. Ин низоъ то

имрӯз идома дорад. Аз охири солҳои 80-ум ҳаракатҳои миллии ҷумҳуриҳои назди Балтика барои баромадан аз ҳайати ИҶШС вусъат ёфтанд. Нерӯҳои мухолиф дар мадди аввал масъалаи эътироф намудани забонҳои миллиро ҳамчун забони давлатӣ, маҳдуд намудани муҳоҷиркунии аҳолӣ аз дигар ноҳияҳои мамлакат ва таъмини воқеии мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимиятро ба миён гузошта буданд. Дар марҳилаи дуввуми мубориза онҳо аз тобеияти роҳбарии марказ баровардан ва ба дасти сохторҳои иқтисодии ҷумҳурӣ додани роҳбарии хоҷагии халқ ва афзалияти амали қонунҳои ҷумҳуриро бар қонунҳои умумиттифоқӣ талаб менамуданд. Тирамоҳи соли 1988 дар интихоботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият дар Эстония, Латвия, ва Литва намояндагони ҷабҳаҳои мардумӣ ғалаба ба даст дароварданд. Ин қувваҳо дар назди худ вазифаи ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ташкили давлатхои мустақилро гузоштанд. Моҳи ноябри соли 1988 эъломия дар бораи истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Эстония тасдиқ гардид. Чунин эъломияҳо дар Литва, Латвия, Озарбойҷон (1989) ва Ҷумҳурии Молдавия (1990) қабул карда шуданд. Баъд аз эълони истиқлолият дар ин ҷумҳуриҳо интихоботи президентӣ шуда гузашт. Ҳамин тариқ, ҷумҳуриҳои ба ҳайати ИҶШС дохил буда қадам ба қадам ба сӯи

истиқлолияти сиёсӣ пеш мерафтанд. 12-уми июни соли 1990 Анҷумани I вакилони мардумии ҶШФС Россия дар бораи истиқлолияти давлатӣ эъломия қабул намуд. Дар ин ҳуҷҷат афзалият доштани қонунҳои ҷумҳурӣ аз болои амали қонунҳои иттифоқӣ ба расмият дарварда шуд. Б.Н. Елсин аввалин Президенти Федератсияи Россия интихоб гардид. Баъд аз қабул гардидани эъломия дар бораи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ масъалаи тақдири ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ аҳамияти муҳим пайдо намуд. Анҷумани IV вакилони мардумии ИҶШС моҳи декабри соли 1990 дар бораи зарурати нигоҳдоштани ИҶШС ва ба давлати демократии федеративӣ табдил додани он қарор қабул кард. Моҳи марти соли 1991 доир ба масъалаи нигоҳ доштани ИҶШС раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуда буд ва 76,4% шаҳрвандони ИҶШС ба тарафдории нигоҳдоштани он овоз доданд. Дар моҳи апрел – майи соли 1991 дар бӯстонсарои Ново- Огарёво гуфтушуниди Президенти ИҶШС – М.С. Горбачев бо роҳбарияти нӯҳ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оид ба масъалаи созишномаи нави иттифоқӣ баргузор гардид. Ҳамаи ширкат- кунандагони музокирот ташкил намудани Иттиҳоди нав ва ба имзо расонидани созишномаи навро дастгирӣ намуданд. Лоиҳаи созишномаи нав ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Соҳибистиқлол (ИДС)-ро ҳамчун Федератсияи демократии ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол ва баробарҳуқуқи Шӯравӣ, ба амал баровардани тағйирот дар сохтори мақомоти ҳокимият ва роҳбарии марказ, қабули Қонуни асосии нав ва дигар намудани системаи интихоботиро дар назар дошт. Маросими ба имзо расидани Созишнома бояд 20 августи соли 1991 баргузор мегардид. Нашр ва муҳокимаи лоиҳаи созишномаи нави иттифоқӣ ҷудоии дар ҷомеа ба вуҷуд омадаро зиёд намуд. Тарафдорони М.С. Горбачёв қабули созишномаи навро ҳамчун имконияти паст гардидани шиддати вазъият ва аз байн бурдани хавфи сар задани ҷанги шаҳрвандӣ медонистанд. Роҳбарияти ҳаракати “Демокрактическая Россия” пешниҳод намуд, ки ба мӯҳлати як сол созишномаи муваққатӣ имзо карда шавад. Дар ин муддат бояд интихоботи Маҷлиси муассисон баргузор гардида, масъалаи сохтор ва тартиби ташаккул додани мақомоти умумииттифоқии ҳокимият дар ин маҷлис ҳал мегардид. Як гурӯҳи олимони ҷомеашинос ба муқобили созишномаи нав баромад намуда, онро ҳамчун таслим шудани марказ дар муқобили талаботҳои нерӯҳои миллию ҷудоихоҳи ҷумҳуриҳо маънидод менамуданд. Мухолифони лоиҳаи созишномаи нав ақида доштанд, ки пош хӯрдани ИҶШС сохтори ягонаи идоракунии хоҷагии халқи кишварро барҳам дода, сабабгори вусъат ёфтани бӯҳрони иқтисодӣ мегардад. Чанд рӯз қабл аз имзои созишнома, нерӯҳои мухолиф кӯшиши хотима бахшидани ислоҳот ва гирифтани пеши роҳи барҳам хӯрдани давлатро намуданд. Шаби 19-уми августи соли 1991 Президенти ИҶШС аз ҳокимият маҳрум гардонида шуд. Як гурӯҳи ходимони давлатӣ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

изҳор намуданд, ки М.С. Горбачёв бо сабаби бад будани аҳволи саломатиаш, наметавонад вазифаи Президенти ИҶШС-ро иҷро намояд. Дар мамлакат ба мӯҳлати 6 моҳ вазъияти фавқулодда эълон гардида, гузаронидани намоиш ва корпартоиҳо манъ карда шуд. Комитети давлатии ҳолатҳои фавқулодда(КДҲФ)- и ИҶШС ташкил дода шуд. Ба ҳайати он ноиби Президенти ИҶШС Г.И. Янаев, нахуствазир В.С. Павлов, раиси Комитети давлатии бехатарии ИҶШС В.А. Крючков, вазири мудофиа Д.Т. Язов ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ дохил мегардиданд. КДҲФ изҳор намуд, ки дар назди худ вазифаи аз байн бурдани бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ, низоъи байни миллатҳо ва шиддати вазъияти ҷамъиятиро ба миён гузоштааст. Моҳияти ҳамаи ин изҳоротҳо маънои барқарор кардани тартиботи давлатии то соли 1985 мавҷуд бударо дошт. Маркази ҳодисаҳои моҳи август шаҳри Москва буд. Ба шаҳр қувваҳои ҳарбӣ дохил карда шуданд. Табақаҳои васеи аҳолӣ, аз ҷумла, аксари кормандони ҳизбӣ мавқеи КДҲФ-ро дастгирӣ накарданд. Президенти Россия – Б.Н.Елсин шаҳрвандони кишварро даъват намуд, ки мақомоти қонунии ҳокимиятро дастгирӣ намоянд. Фаъолияти КДҲФ ҳамчун табаддулоти давлатӣ маънидод карда шуд. Дар бораи ба итоати Президенти Россия гузаштани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ қарор қабул карда шуд. 22-юми август аъзоёни КДҲФ ба ҳабс гирифта шуданд. Б.Н.Елсин дар бораи манъ намудани фаъолияти Ҳизби коммунист дар қаламрави Ҷумҳурии Россия фармон баровард. 23-юми август ба ҳокимияти номаҳдуди ҲКИШ хотима бахшида шуд. Ҳодисаҳои 19-22-юми августи соли 1991 барҳам хӯрдани ИҶШС-ро тезонданд. Охири моҳи август Украина дар бораи истиқлолияти сиёсӣ эъломия қабул намуд. Дар давоми як-ду моҳ бештари ҷумҳуриҳо истиқлолияти сиёсии худро эълон намуданд.

Москва. Августи соли 1991
Москва. Августи соли 1991

Моҳи декабри соли 1991 дар минтақаи Беловежская Пуша (Белорусия) маҷлиси машваратии сардорони давлатии се ҷумҳурӣ – Россия (Б.Н.Елсин), Украина (Л.М Кравчук) ва Белорусия (С.С. Шушкевич) баргузор гардид. 8-уми декабр онҳо дар бораи қатъ гардидани амали Шартнома дар бораи ташкил ёфтани ИҶШС аз соли 1922 ва дар бораи хотима ёфтани фаъолияти сохторҳои давлатии собиқ ИҶШС қарор қабул намуданд. Дар ҳамин маҷлис Созишнома дар бораи ташкил додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба имзо расид

ҚаблӣАсосхои муносибатхои байналхалкии асъор
БаъдӣКори курси дар мавзуи БЕНЗИН аз Микроиктисодиёт