Шаклхои феъли. Шаклхои тасрифнашавандаи феъл.
Шаклҳои феълиро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд:
1. Шаклҳои тасрифии феъл.
2. Шаклҳои тасрифнашавандаи феъл.
Масдар, сифати феълӣ ва феъли ҳол шаклҳои тасрифнашавандаи феъл буда, дорои хусусиятҳои феълу исм (масдар), сифат (сифати феълӣ) ва зарфро (феъли ҳол) мебошанд.
Мақши 381. Шаклҳои феълии таъкидшударо муқоиса карда, муайян намоед, ки кадоми онҳо тасриф намешаванд.
1. Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
М.Турсунзода
2. Дар пеши шарикони пештар омадаам навбати дарсро нигарон шуда нишастам. (С.Айнӣ) 3.Сухани ӯро табассумкунон шунида нишаст (С.Айнӣ)