Биология – Анатомия, физиология ва гигиенаи одам

Биологияи одам, анатомияи одам, физиологияи одам точики, тоҷики, биология синфи 9, Анатомия чист? Физиология чист? Гигиена чист? Ин ҳама дар ҳамин мақола

Муқаддима

Тандурустӣ бахту саодати ҳар як фард маҳсуб ёфта, орзуву омоли одамонро дар расидан ба зиндагии хушу орому осуда таъмин месозад. Ба ибораи дигар, тандурустӣ ва саломатӣ имкон медиҳад, ки одамон меҳнати босамар карда, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузоранд. Ин албатта, боиси шукуфоии ватанамон мегардад.

Шумо ҳангоми омӯзиши фанҳои дигари биологӣ бо қонуниятҳои гуногуни ташаккулёбии сохт ва тарзи ҳаёти организмҳои зинда маълумот пайдо карда будед. Акнун метавонед бо маълумоти гуногун оид ба одам ҳамчун шакли олиташаккули материяи зинда шинос шавед ва онро ҳамаҷониба омӯзед. Чӣ хеле ки маълум аст, одам як ҷузъи табиат буда, дар вуҷуди вай тамоми равандҳои хоси мавҷудҳои зинда дар доираи риояи қонуниятҳои умумибиологӣ амалӣ мегарданд. Ҳамаи равандҳои барои мавҷудоти дигар хосбударо мегузаронад ва ба қонуниятҳои биологӣ итоат мекунад.

Донишҳоеро, ки ҳангоми омӯзиши фанҳои анатомия, физиология ва гигиена мегиред, на фақат аҷоиб, балки барои нигоҳ доштани солимии шумо ва наздиконатон ниҳоят зарур аст. Дар рафти омӯзиш шумо на танҳо ба сохти бадани худ ва равандҳои хоси он шинос мегардед инчунин дар бораи мақоми одам, системаи олами органикӣ, таҳаввули одам, нажодҳо, пайдоиши онҳо ва масъалаҳои дигар тасаввурот пайдо мекунед. Муҳим он аст, ки шумо доир ба нигоҳ доштани саломатии худ, чӣ тавр аз барангезандаҳои сироятӣ ҳифз кардани организм ва ба дигарон расонидани ёрии аввалин маълумоти иловагӣ пайдо мекунед.

Анатомия чист?

Анатомия калимаи юнонӣ буда, маънояш «ҷарроҳӣ мекунам ва меомӯзам» мебошад. Он илмест, ки дар бораи сохти бадани одам баҳс мекунад. Яке аз усулҳои таҳқиқотии анатомия ҷарроҳӣ кардан (буридан)-и ҷисми одами фавтида ва омӯзиши узвҳои организми ӯ мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Физиология чист?

Физиология калимаи юнонӣ буда, маънояш «табиат» аст. Яъне илмест, ки вазифа ва кори узвҳои организмро меомӯзад, дар бораи функсияҳои ҳаётии организм ва узвҳои он баҳс мекунад.

Донистани таркиб, сохтор ва тарзи кори узвҳо имкон медиҳад, ки маводди онҳоро дар рафти гузаронидани ҷарроҳӣ ивазкунанда (гурдаи сунъӣ, дил, шуш ва ғайра.) сохта шаванд.

Гигиена чист?

Гигиена калимаи юнонӣ буда, маънояш “беҳдошти саломатии организм” мебошад. Вазифаҳои ин фан, пеш аз ҳама омӯзиши шароити ҳаёт, меҳнат, истироҳати одамон, мустаҳкам намудани саломатӣ, ҳифз кардан аз бемориҳои гуногун мебошанд.

Донистани гигиена барои ҳама зарур аст. Донистани он имкон медиҳад, ки бар зидди бисёр бемориҳо мубориза бурда, барои пешгирӣ ва нигаҳдории покизагии муҳити атроф ва саломатии инсон чораҳои зарурӣ ва самарабахш андешида шавад.

Донише, ки ҳангоми омӯзиши ин фанҳо мегиред, ба шумо имконият медиҳад, ки аз омилҳои ногувор ба монанди никотин, маводди мухаддир, машруботи спиртӣ, ғизои номувофиқ дурӣ гузинед, хуб фаъолият карда, бо меҳнати муфид машғул шуда, аз баъзе намудҳои хавфноки варзиш, ки фаъолияти организмро вайрон мекунанд, огоҳ бошед. Аз тарафи дигар имкониятҳои организми одам хеле зиёд аст ва ҳангоми дуруст истифода бурдани дониш, эҳтиёткор будан нисбат ба организми худ, шумо метавонед ба ҳама чиз аз он ҷумла қобилияти донишандӯзӣ, эҷодкорӣ ва нигоҳ доштани саломатии худ зиндагии осуда ва умри дароз дошта бошед.

Аз сабаби он ки ҳар як мавзӯъ бо саволҳо ва вазифаҳо оварда шудаанд имконияти сайқал додани дониши шуморо афзун менамояд. Бо китоб кор карда, шумо доимо сатҳи дониши азбаркардаатонро тибқи ҷавобҳои додаи худ ба саволҳои пешниҳодшуда, мустақилона муайян карда метавонед. Кадомаш ба шумо маъқул? Дониши навро ҳангоми омӯзиши мавзӯъ дарёфт кардед? Дониши гирифта дар ҳаёти ҳаррӯзаатон даркор мешавад? Агар ягон мавод барои шумо мушкилӣ орад, аз омӯзгор ёрӣ пурсед ё аз адабиёти иловагӣ, интернет истифода баред. Замимаи электронӣ ҳангоми омӯзиши ин ё он мавзӯъ ба шумо кумак мекунад. Бинобар ин аз интернет истифода бурда, маводди зиёди шавқовар дарёфт карда метавонед, ки ин барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва чуқур омӯхтани мавзӯъҳои мухтасар ёрии калон мерасонад.

Омӯзиши биологияи одам ҳатман барои ҳаёти шумо муфид аст. Ҳар як фард қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятиро дар амал истифода бурда метавонад. Организми худро обутоб медиҳад, худро аз ҳар гуна бемориҳо эмин медорад, ҷисман инкишоф меёбад, одами бардаму солим ва қобилу уҳдабаро шуда, ба Ватани азизи худ хизмат мекунад.

Аксарияти одамон намедонанд, ки организмашон чӣ гуна захираҳои зиёди ҷисмонию рӯҳӣ дорад. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки ин захираҳоро чӣ хел истифода баранд ва инкишоф диҳанд. Одамон барои солиму бардам ба воя расидан ва нигоҳ доштани саломатиашон, пеш аз ҳама, бояд сохти организми худ, фаъолияти муқаррарии системаҳои узвҳо ва қонуниятҳои инкишофи онро донанд.

ҚаблӣКонсепсияи тарбияи ҳозиразамон бар хилофи системаи тарбияи авторитарӣ
БаъдӣТаърихи фанҳои анатомия, физиология ва гигиенаи одам