Дӯст дорам ин Ватанро (шеър)

Дӯст дорам ин Ватанро,
Дӯст дорам санги ӯро, кухи ӯро,
Дӯст дорам қалби худро – хонаи андӯҳи ӯро.

Дӯст дорам ин Ватанро –
Хоки ӯро,
Абрҳои масту ҳайбатноки ӯро,
Рӯдҳои ёғиву бебоки ӯро.

Дӯст дорам ин Ватанро –
Лонаи вайрони ӯро,
Хонаи деҳқони ӯро,
Дар бари озода кӯҳистон
Садои ҳай-ҳайи чӯпони ӯро,
Баҳману тӯфони ӯро,
Ғурришу исёни ӯро.

Дӯст дорам ин Ватанро –
Водии шодоби ӯро,
Боди ӯро, абри ӯро, оби ӯро,
Омуву Марғоби ӯро,
Растхези мавҷи азхудрафтаву гирдоби ӯро,
Даштҳои хушки гармокуштаву беоби ӯро.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дӯст дорам ин Ватанро –
Лаҳзаҳои нанги ӯро,
Чеҳраи хашмидаву ожанги ӯро,
Сулҳи ӯро, ҷанги ӯро,
Саргузашти зиндаи ҷовиди бофарҳанги ӯро.

Дӯст дорам ин Ватанро –
Бози гардунтози ӯро,
Дар набарди қаҳру тӯфон ояти эъҷози ӯро,
Бар фазои дурдасти осмон парвози ӯро,
Боли беовози ӯро.

Дӯст дорам ин Ватанро –
Зулмати шабҳои ӯро,
Дар набарди зиндагонӣ ҷодаи ғамҳои ӯро,
Халқи беҳамтои ӯро,
Дар уфуқҳои замон истораи фардои ӯро,
Разми ӯро, фатҳи ӯ, ояндаи зебои ӯро!

Сулаймон Лоиқ


Шеър дар васфи ватан, дуст дорам ин ватанро, шеъри точики дар бораи ватан, ватани ман, шеърхои точики, бо забони точики, родина на таджикском.

ҚаблӣМазмун ва вазифаҳои тарбияи ақлӣ
БаъдӣТашаккули маданият ва фаъолияти оқилона