Дӯхтани чойникпӯшак ва чойникмонак

Духтани чойникпушак ва чойникмонак. Касбу ҳунари миллӣ. Касбу хунари милли. Чойникпушак бо намуди хурусак. Духтани чойникмонак. Тартиби духтани чойникпушак ва чойникмонак.


Чойникпӯшак ҷиҳози ошхона мебошад, ки дар дӯхтани он ороиши миллиро истифода мебаранд.

Омӯзиши мероси бойи санъати ороиши амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи он умдатарин ва муҳимтарин раванди таълим мебошад ва дар баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии ҷамъият роли калон мебозад.

Санъати ороиши амалӣ монанди дигар фаъолияти эҷодии ҷавонон дар баробари эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ имконият медиҳад, ки насли имрӯза бо донишҳои техникӣ фарогир шуда, малака ва таҷрибаи худро такмилу тақвият диҳад. Дар айни замон ин барои интихоби дурусти касбу ҳунар ва тайёр шудан ба меҳнат мусоидат менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо тақозои замон қисми зиёди анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ қурби худро гум карда, аз байн мераванд. Ҳоло бошад, мардуми тоҷик маданияти дӯхти миллӣ, нақшу нигори маҳалҳо ва ороиши либосҳои миллӣ, зебу зинати ҷиҳози хоб ва ошхонаро эҳё менамоянд. Ҷиҳози ошхона пешдоман (пешгир), дастпӯшак, дегпӯшак, чойникпӯшак, чойникмонак ва ғайра мебошанд.

Онҳоро бо тугмаҳои металлӣ, пластмасӣ, чармӣ, бахмалин, марҷонҳо, ресмонҳои пахтагин, абрешимӣ, пашмӣ, зар, тӯр шабаи шишагин, кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ ба таври қуроқ ороиш медиҳанд.

Чойникпӯшакро аз матоъҳои пахтагин, зағирпоягӣ, абрешимӣ, пашмӣ ва ғайра медӯзанд. Онҳо аз лахтакҳо (матоъпораҳо) ҳам дӯхта мешаванд. Дар вақти истифода ба он пахта меандозанд. Агар матоъ ғафс бошад, дастӣ лаганда мекунанд ё бо мошини дарздӯзӣ дӯхта, баъд ороиш дода, ба он паралон ё дигар матои сунъӣ ё синтезӣ мегузоранд. Баъд астар гузошта, аввал лагандаи одӣ ё ороиширо истифода бурда, дастӣ ё дар мошини дарздӯзӣ медӯзанд.

Барои дӯхтани чойникпӯшак қутри чойникро бо даста ва ҷумакаш (аз ду тараф 2 см гузошта) ва ҳамчунин баландиашро ҳам чен карда (2 см гузошта), қолиб созед ва онро ба матоъ гузошта буред. Аз рӯйи завқи худ пахта, ватин, паралон ё матои астарӣ гузошта, аввал як қисмашро, баъд қисми дигарашро лаганда кунед ё бо аппликатсия мувофиқи табъи ороиш диҳед.

Расми 54. Намудҳои чойникпӯшак, чойникмонак ва дастпӯшак
Расми 54. Намудҳои чойникпӯшак, чойникмонак ва дастпӯшак

Чойникпӯшак бо намуди хурӯсак

Барои дӯхтани чойникпӯшаки хурӯсак аз рӯйи андозаи гирифташуда аз коғаз қолиб созед ва онро рӯйи матоъ гузошта буред. Баъд онро бо истифода аз дӯхти аппликатсия ва дӯхти гирди он омода созед (чашмашро аз тугмаҳои ранга ё матоъ сохтан мумкин).

Чойникпӯшакро аз матои яклухт ё лахтакҳо ҳам дӯхтан мумкин аст. Лахтакҳоро барои абра тайёр мекунанд. Баъди тайёр кардани абра ба он астарашро медӯзанд.

Қоидаи қолибгириро дар назар дошта, қолиби тайёрро ба абра (яъне қисми 1-уми онро) гузошта, қисмҳоро ду нусха мебуранд ва мувофиқи қоида медӯзанд.

Дар вақти дӯхтан аз чоки дарундӯхт истифода бурда, якбора ба гирди чойникпӯш тӯр, тасма ё лентаро чин-чин карда дӯхтан ва баъд ҳар хел ороиш додан мумкин аст.

Расми 55. Нақшаи чойникпӯшак ва чойникмонак
Расми 55. Нақшаи чойникпӯшак ва чойникмонак

Дӯхтани чойникмонак

Барои дӯхтани чойникмонак матоъҳои ҳархела истифода бурда мешаванд. Агар матои пашмӣ бошад, беҳтар аст. Андозаи чойникмонак ба завқи шахс вобаста аст. Қутри чойникмонак назар ба таги чойник 5 ё 10 см калонтар бошад, беҳтар аст. Онро ба чойникпӯшак баробар дӯхтан ҳам мумкин аст.

Чойникмонакро ба шакли секунҷа, чоркунҷа, доирашакл ва ғайра дӯхтан мумкин аст. Барои он ки доирашакл бошад, аввал гирди онро медӯзанд. 5 – 6 см монда, ба гирдаш якбора лента, тӯр ё тасмаро гузошта, аз тарафи чапаш дӯхта, абраашро бо астараш пайваст мекунанд (қисми якумро бо 2-юм, тарафи росташро ба росташ гузошта, дастӣ ё бо мошини дарздӯзӣ медӯзанд). Ба дохили он камтар пахта гузошта лаганда мекунанд ва ороиш медиҳанд.


Тартиби дӯхтани чойникпӯшак ва чойникмонак. Кори амалии №23

Таҷҳизот: матоъ, қайчӣ, сӯзан, ришта ва тӯрҳои ороишӣ.

  1. Қолиби чойникпӯшак ва чойникмонакро тайёр кунед.
  2. Қолибро ба матоъ бо сӯзанчаҳо маҳкам кунед.
  3. Хати гирди қолибро гузаронида, қисмҳои тайёршударо буред.
  4. Қисмҳои чойникпӯшакро ва чойникмонакро бо усули сӯзан ба пеш дӯзед.
  5. Дурустии пайванди қисмҳоро аз назар гузаронед.
  6. Гирди чойникпӯшакро ва чойникмонакро бо чоки гирддавонӣ дӯзед.
  7. Баъди дӯхта шудан сифати дӯхт, ороиш ва кори худро аз назар гузаронед.

Фикр кунед, ҷавоб диҳед, созед

Барои дӯхтани чойникпӯшак ва чойникмонак матоъҳои атсетатиро истифода набаред, чунки аз таъсири гармии чойник рангаш мепарад. Агар ба он чой резед, баъди хушк шудан доғ боқӣ мемонад. Маҳсули дастархонро ба аъзои оила нишон диҳед ва баҳои онҳоро нисбат ба кори худ муайян кунед.


Савол ва супориш

  1. Ба сифати дӯхти маснуоти худатон ва аъзои гурӯҳ баҳо диҳед.
  2. Матоъҳоро чӣ хел интихоб мекунанд?
  3. Қоидаҳои сохтани андозаи маснуот кадом аст?
  4. Шаклҳои буриши маснуот ба андозаи чойникпӯшак ва чойникмонак мувофиқ аст ё не?
  5. Барои дӯхтани чойникпӯшак ва чойникмонак кадом матоъҳо мувофиқ мебошанд?
ҚаблӣФактҳо аз донишҷӯёни олам
БаъдӣБофандагӣ бо сихҳо