Ҳуҷайра (суолҳои тестӣ аз биология)

Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар бораи Ҳуҷайра. Суолхои тести аз фанни биология дар бораи Хучайра.


Мавзӯҳои Ҳуҷайра:

Хуҷайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Хосияти ҳаётии ҳуҷайра. Муҳити дохилии организм


1. Ҳуҷайра чист?

А) Зарраи хурдтарини элементи кимиёвӣ аст.
В) Воҳиди хурдтарини сохт ва вазифаҳои ҳаёт аст.
С) Воҳиди калонтарини организми зинда аст.
Д) Бе ҳуҷайра ҳаёт ҳаст.
Е) Воҳиди хурдтарини сохт ва вазифаҳои ҳаёт нест.

2. Ҳуҷайраҳо:

А) Аз ҷиҳати андоза, шакл ва вазифаҳояшон гуногунанд.
В) Аз ҷиҳати андоза, шакл ва вазифаҳояшон якхелаанд.
С) Аз рӯйи пайдоиш умумӣ буда, вазифаҳои якхела доранд.
Д) Аз ҷиҳати шакл якхела буда, вазифаҳои гуногун доранд.
Е) Аз ҷиҳати шакл гуногун буда, вазифаҳои якхела доранд.

3. Хромосома дар куҷо ҷой гирифтааст?

А) Мембрана
В) Ядро
С) Ядроча
Д) Митохондрия
Е) Вакуол.

4. Аввалин бор ҳуҷайра ба илм кадом сол ва аз тарафи кадом олим пешкаш гардид?

А) Соли 1810 Н. Пирогов
В) Соли 1665 И. Павлов
С) Соли 1665 Р. Гук
Д) Соли 1941 Л.Орбели
Е) Соли 1967 С Боткин

5. Аз инҳо кадомаш фермент аст?

А) Сафеда
В) Об
С) Намак
Д) Ҳамааш
Е) Вуҷуд надорад

6. Органоидҳо дар ҳуҷайра кадом вазифаро иҷро мекунанд?

А) Нақлиётӣ.
В) Гузаронидан.
С) Танзим.
Д) Хориҷ.
Е) Ҳамааш.

7. Хосияти асосии ҳаёти ҳуҷайра кадом аст?

А) Мубодилаи моддаҳо.
В) Синтезкунонӣ.
С) Об.
Д) Ҳамааш.
Е) Ягонтоаш.

8. Кислотаҳои нуклеинат дар кадом қисмати ҳуҷайра ҳосил мешаванд?

А) Мембрана.
В) Ядро.
С) Ядроча.
Д) Митохондрия.
Е) Вакуол.

9. Ҳуҷайраҳо аз ҷиҳати сохт чӣ гунаанд?

А) Якхелаанд.
В) Гуногунанд.
С) Баробаранд.
Д) Дигаргунӣ надоранд.
Е) Сохташон вуҷуд надорад.

ҚаблӣОмилҳои ҳифзи саломатӣ
БаъдӣБофта (суолҳои тестӣ аз биология)