Зерсохти бозор, моҳият ва унсурҳои он

Дар шароити бозор, ҳамагуна кору фаъолият, амалиёт ва тадбиркории субъектҳои иқтисодӣ, бидуни алоқамандии дигар воҳидҳои иқтисодӣ, алалхусус, зерсохти иқтисодӣ номумкин аст. Барои истеҳсол ва то ба истеъмолкунанда бурда расонидани молу маҳсулот, ҳазорон ҷараёну амалиёт ва тадбирҳо ба сомон расонида мешаванд. Кулли ин амалиёт ҳамчун механизм ё худ фишангҳои махсуси таъсис ва таҳрикдиҳанда, миёнраву анҷом-диҳанда, инкишофу ҷамъбасткунандаи иқтисоди миллӣ дар симои зерсохти иқтисодӣ сарҷамъ карда мешавад.

бозор, бозори мехргон дар ш Душанбе

Зерсохти иқтисодӣ, дар адабиёти кунунии иқтисодӣ, ҳамчун унсури муҳимтарин, асос, шоҳсутун ё худ узви таҳрикдиҳанда (дохилии) низоми иқтисодӣ тасаввур карда мешавад. Таркибу тамсилаҳои рушди низоми иқтисодӣ, гуногуншаклии моликият, сохтори бозор… ба раванди ташаккул ва инкишофи зерсохти бозор таъсир расонда, самт ва равиши тараққиёти минбаъдаи онро муайян мекунад.

Зерсохти бозор, ҷузъи мустақили зерсохти иқтисодӣ мебошад. Он тибқи меъёрҳои ташаккулёфтаи ташкилию ҳуқуқӣ оиди анҷом додани амалиётҳои хариду фурӯши неъматҳову хадамот сурат мегирад. Ин амалиёт бо воситаи ҷамъи институтҳо, низом, хизматҳо, корхонаҳо, ки омодаи адои хизмати бозор ва ё худ вазифаи таъмини истиқрору мӯътадили инкишофи онро ба ӯҳда доранд ба роҳ монда мешавад.

Зерсохти бозор чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– дар амал тадбиқ намудани манфиатҳои иштирокчиёни бозор;

– ҳавасмандгардонӣ ва ба расмият даровардани му-носибатҳои ташкилию ҳуқуқии бозор;

– осон гардонидани назорат ва танзими давлатию ҷамъиятӣ ба раванди ташаккули бозор;

– баланд бардоштани имконияти махсусгардонии субъектҳои иқтисодӣ, намудҳои фаъолият ва самаранокии кори онҳо.

Бозор ҳамчун шакли ба ҳам пайвасткунандаи фаъолият ва натиҷаи ниҳоии хоҷагидорӣ баромад мекунад.

Аз ин ҷиҳат, зерсохти бозор мувофиқи низоми бозор сатҳ, дараҷа, доираи амалиёт ва инкишофи ҳар як бозори алоҳида ва хусусиятҳои он ташкил ва инкишоф меёбад. Охирон, мансуб ба зерсохти хоси худ буда, дар шакли шӯъбаҳои хизматрасонӣ ё худ ташкилоту муассисаҳои миёнарав бунёд карда мешаванд. Масалан, дар бозори молу хадамот – биржаҳои молӣ корхонаҳои бешумори дар асоси ҳисоби тиҷорат коркунанда, ташкилотҳои аудиторӣ, низоми савдои яклухту чакана, корхонаҳои зиёди миёнарав, сервис; дар бозори молия – биржаҳои асъор, фондӣ…; дар бозори захира – биржаҳои ашё, биржаҳои меҳнатӣ ва ғайра мисоли он буда метавонанд.

Дар шароити ҳозира, зерсохти бозор ҳамчун ягонагии низомҳои пулию қарзӣ, бонкӣ, гумрук, андоз, суғӯрта, палатаҳои савдо, ширкатҳо, корхонаҳо, доираи корчаллонию бизнес, таблиғ (реклама), комплексҳои намоишгоҳи тиҷоратӣ, марказҳо оиди густариши хадамоти иттилоотӣ, таҳаввули технологияи маълумотдиҳанда,  низоми мактабҳои миёнаву олӣ ва ғайра ташкил карда мешавад. Аз ин нигоҳ он таркиб ва ҷанбаҳои гуногун дошта, дар ҳар як сатҳ ва ҳавзаҳои иқтисод, ҳархела ташкил карда мешавад.

Дар асоси нишондодҳои боло чунин ҷанбаҳои (унсурҳои) умдаи зерсохти бозори муосирро метавон номбар кард1:

  1. Хизматрасонӣ дар доираи ҳавзаи муомилот: биржаҳо (молӣ, ашё, фондӣ, асъорӣ…); музоидаҳо, намоишгоҳҳо ва дигар фаъолиятҳои миёнравию ғайрибиржавӣ; таблиғ, палатаҳои махсуси савдо, ширкатҳои дигари давлатию ҷамъияти ихтиёрию корчаллонӣ; комплексҳои тиҷоратию намоишдиҳанда ва ғайра;
  2. Ҳавзаи молияю қарз: низоми кредитӣ (қарзӣ) ва бонкҳои тиҷоратӣ; низоми эмиссионӣ (интишори пул) ва бонкҳои пулбарор (эмиссионӣ);
  3. Ҳавзаи таъминоти иттилоот: марказҳои иттилоотӣ ва агентии иттилоотии воситаҳои умум (почта, телеграф), технологияи иттилоотӣ, бизнеси иттилоотӣ, низоми мактабҳои миёнаю олӣ оиди тайёр намудани мутахассисҳо;
  4. Ҳифз ва шуғли аҳолӣ: низоми танзими давлатии шуғли аҳолӣ, марказҳои давлатию ғайридавлатии кӯмакрасонӣ ба аҳолӣ (биржаҳои меҳнатӣ), иттифоқи касаба (қисмати бо тарзи кироя коркунанда);
  5. Ҳавасмандгардонии давлатӣ – фондҳои давлатӣ ва ҷамъиятие, ки барои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда мешавад;
  6. Ҳавасмандгардонии махсус – ташкил кардани минтақаҳои махсуси озоди соҳибкорӣ ва ғайра (ниг. нақшаи 17).
зерсохтори бозор
Нақшаи 17. Шакл ва намудҳои зерсохти бозор

Бояд тазаккур дод, ки қисме аз масъалаҳои номбар карда шуда, ҳамчун саволҳои мустақил дар мавзӯъҳои алоҳида омӯхта ҳоҳанд шуд ва зарурат ба шарҳи онҳо нест. Аз ин ҷиҳат фақат ба шарҳи баъзе аз унсурҳои муҳимтарини зерсохти бозор таваҷҷӯҳ хоҳем намуд. Яке аз унсурҳои умдаи зерсохти бозор биржа мебошад.

Махсус бояд қайд намуд, ки дар адабиёти иқтисодӣ биржа аз ду ҷанба: ҷанбаи шакли бозор ва ҳамчун унсури зерсохти он (бозор) таҳлил карда мешавад.

Биржа ҳамчун ташкилоти махсуси саҳҳомӣ, давлатӣ ва шакли савдои яклухту чакана барои хариду фурӯши молу маҳсулот ё худ ба амал даровардани амалиётҳо перомуни хариду фурӯши асъор, қувваи коргарӣ, қоғазҳои қимматнок ва ғайра ташкил карда мешавад.

Биржаҳо мақсади ба ҳам вохӯрӣ ва бастани шартномаҳо байни тавлидгарону истеъмолгарон, муқарраркунии нарху наво, муайянкунии тарзу услуб ва қоидаи савдою тиҷорат, тасниф ва тавсифи меъёру стандартҳои молҳои дар биржа хариду фурӯш кардашаванда, коркард ва  тасдиқи  қарордод( контракт)-ҳову шартномаҳо, ҳаллу фасли масоилҳои баҳсталаб (баҳсҳои арбитраж), таъмин кардани иттилоот, додани кафолат ҳангоми мубодилаи молу хадамот, қоғазҳои қимматнок ва ба ивази хизмати худ ҷамъоварии комиссионӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд.

Фаъолияти биржаҳо бо воситаи амалиётҳо бо молҳои ҳақиқӣ (воқеӣ), молҳои бидуни воқеӣ (молҳои дар оянда истеҳ-сол кардашаванда), яъне амалиётҳои фючерсӣ, фурӯши контрактҳо (кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат) ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Дар низоми иқтисоди бозори муосир, афзалияти чунин шаклҳои маъмултарини биржаҳо истифода карда мешаванд: биржаҳои молӣ, фондӣ (пулӣ, қоғазҳои қимматнок), меҳнатӣ, асъор ва ғайра.

Биржаҳои молӣ

Биржаҳои молӣ – шакли бозори муташаккили моддӣ ва объектҳои чизӣ (ашё, таҷҳизот, ғалла, фулузот…) мебошад, ки дар асоси мубодилаи молу маҳсулот ва қарордодҳо (контрактҳо) сурат мегирад. Биржаҳои молӣ ҳамчун бозори молҳои алоҳида, яъне махсусгардондашуда (пахта, ғалла, металл…) ва молҳои ҳархела, яъне биржаҳои универсалӣ (ҳамаҷанбавӣ) ташкил карда мешаванд.

Фарқи биржаҳо аз бозори муқаррарӣ дар он аст, ки дар ин ҷо молҳо мустақиман хариду фурӯш карда намешаванд. Фаъолияти онҳо дар асоси ба як қарор омадан, шартномаю контракт (қарордод) бастан, тибқи тақозою арза ва нархгузории озод ба роҳ монда мешавад.

Биржаҳои молӣ ба мақсади: хизматрасонӣ оиди хариду фурӯши молҳои гуногун; танзими савдои молу маҳсулот, амалиётҳои савдо ва ҳаллу фасли баҳсу мунозира ва ноқисиҳои тиҷорат; ҷамъоварӣ ва дастраси омма гардондани маълумотҳо оиди нарх, миқёс, меъёр, хаҷми истеҳсол ва омилҳои муайянкунандаи онҳо ва ғайра ташкил карда мешаванд.

Биржаи фондӣ

Биржаи фондӣ (биржаҳои асъор, қоғазҳои қимматнок) ба мақсади хариду фурӯш намудани қоғазҳои қимматнок (саҳмия, облигатсия (заём), вексел, ваучер, сертификат, коносаментҳо ва ғайра) дар асоси нархҳои муқарраршаванда ташкил карда мешаванд. Мубодилаи қоғазҳои қимматнок дар асоси услуби фурӯши музоидавӣ, яъне пешниҳод намудани нархи аз ҳама баландтар ба роҳ монда мешавад.

Бозори қоғазҳои қимматнок ду зина: якӯм – бозори ибтидоӣ – интишори қоғазҳои нави қимматнок аз ҷониби ҳукумат ё худ ширкатҳои саҳҳомии номдор, бақуввату устувор ва зинаи дуввӯм – хариду фурӯши қоғазҳои қимматноки интишори пештараро дарбар мегирад.

Ба раванди ташкил, инкишоф ва таҳаввули биржаҳо омилҳои гуногун таъсир расонда метавонанд: ноустуворӣ ва ғайримуозинии вазъу ҳолати худи биржаҳои фондӣ ва биржаҳои дигар, номувофиқатии ҳаҷми интишори саҳмияҳо бо миқдори маҳсулот, сохтмонҳои бузургҷуссаи бо маблағ таъмин нашуда ва думболдор, интишори қоғазҳои қимматноки қалбакӣ ё худ бо захираҳо асос наёфта, камбуд ва хатоиҳо дар сиёсати иқтисодии давлат, нодуруст ба роҳ монда шудани сиёсати фискалӣ (хазинадорӣ) ва сиёсати иҷтимоии давлат ва ғайра.

Биржаи меҳнат

Биржаи меҳнат – ташкилоти миёнараве мебошад, ки барои хариду фурӯши қувваи коргарӣ ҳамчун мол махсусгардонда мешавад. Он таносубии байни тақозо ва арзаи қувваи коргарӣ, талаботи корфармо ва коркунанда, мувофиқсозии манфиати онҳо, ҳисобу китоби байни шумораи аҳолӣ, бо кор шуғл доштаю бекорон, бенавоён, ба ёрию кӯмак мӯҳтоҷон ва ғайраро ба эътидол медарорад.

Ба воситаи биржаҳои меҳнатӣ ташкили аз нав маъ-лумот гирифтан, тағйир ва баланд бардоштани ихтисос, баҳисобгирии қувваи коргарии озод, ҷои холии кор дар корхонаҳо ёрдамҳои моддию пулӣ ба бекорон, экспертизаи коршоямӣ, мусоҳиба ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти биржаҳо аз ҷониби субъектҳои биржа – маклер, брокер, дилер, “барзагов”, “хирс” идора карда мешавад.

Маклер (аз калимаи немисии makler) – шахсияти ҳуқуқӣ буда, дар биржа ҷои махсуси худро дорад, ҷараёни савдои биржавӣ ва хариду фурӯши онро ба қайд мегирад, тибқи дархости мизоҷон талаботи онҳоро қонеъ мегардонад, ба ивази иҷрои кори худ кироҳаққӣ (бо номи кураж) мегирад ва барои амалӣ гардондани ягон амалиёт дар биржа махсус гардонда мешавад.

Брокер  (аз калимаи англиси broker – комиссионер) ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ, байни фурӯшандагон ва харидорон ба сифати миёнрав иштирок карда, аз номи онҳо ва ба манфиати онҳо кор мекунад. Онҳо аз ҳисоби мизоҷони худ ҳамагуна кор ва амалиётҳоро: оиди хариду фурӯш, хадамот, таблиғ, омӯзиши бозор, пешниҳоди ахбор, яъне амалиётҳои форвардӣ, фючерсӣ, опсион, хоҷерӣ (бимавӣ) ва ғайраро ба ҷо меорад.

Хизмат аз ҳисоби мизоҷон анҷом дода мешавад. Дар нақши брокерҳо – фардҳои алоҳида, идораҳои мушаххаси брокерӣ ва фирмаҳои брокерӣ баромад мекунанд.

Дилер (аз калимаи англисии-dialer) шахсест, ки аз номи худ ё биржа барои хариду фурӯши молу қоғазҳои қимматнок ва миёнаравӣ кардан омода шудааст. Фоидаи дилер ҳамчун фарқи байни нархи хариду фурӯш сурат мегирад.

“Барзагов” (эҳтикор) шахсест, ки дар бозор ҳамчун ҳаннот аз ҳисоби баланд бардоштани нархҳо, яъне харидани молу маҳсулот, пул, асъор, қоғазҳои қимматнок, контрактҳо ба мақсади дар оянда бо нархи баланд фурӯхтани онҳо ва ба даст овардани фоидаи баланд фаъолият ба сар мебарад.

“Хирс” – шахсест муқобили “барзагов”, ки аз ҳисоби паст кардани нархҳову баланд фурӯхтани онҳо фаъолият пеша мекунад. “Хирс” ҳамеша барои паст гардидани нархҳо ва мансуб гаштан ба дараҷаи фоидаи муайян интизорӣ мекашад (10,61).

Савдо

Ба сифати шакли классикии зерсохти бозор, савдо низ дохил карда мешавад. Савдо фаъолияти иқтисодии одамон мебошад, ки дар ҳавзаи муомилоти мол қарор гирифта, хариду фурӯш ва мубодилаи молу маҳсулот ва хадамотро ба анҷом мерасонад. Охирон, неъматҳои иқтисодӣ ба вуҷуд намеорад. Аз ин ҷиҳат дар адабиёти иқтисодӣ савдоро ба ҳайси хадамот бештар эътироф мекунанд.

Ба хадамоти холис (ғайримустақими) савдо, фаъолияти субъектҳои иқтисодиро оиди фурӯши мол, таблиғ, омӯзиши тақозои харидорон, намоиш додани молҳо бо воситаи ярмаркаҳою музоидаҳо ва ба сифати хадамоти илова (дубора), хизматрасонӣ оиди давом ёфтани раванди истеҳсолот дар ҳавзаи муомилот: боркашонӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ, нигоҳубин, ба қуттӣ ҷойгиркунӣ ва ғайра дохил карда мешавад.

Савдо аз нигоҳи усули ташкил ҳамчун фурӯш бо воситаи пули нақд, бидуни нақдӣ, фурӯш ба қарз, бо амонат ё худ кафолат, мубодилаи (бартери) мол ба моли дигар, аз нуктаи назари аломату ҳаҷми фурӯш – ба савдои яклухт, чакана ва ғайра тақсим  мешавад.

Тиҷорат

Фаъолияти савдо бо воситаи тиҷорат ба роҳ монда мешавад. Таҳти тиҷорат фаъолияти хариду фурӯши воҳидҳои ҳавзаи савдое дар назар дошта мешавад, ки аз ҳисоби амалиёти мусоидтари хариду фурӯш даромади кофие ба даст оварда, масрафи худро подош намояд.

Савдо бо воситаи мағозаҳо бештар ба роҳ монда мешавад. Мағоза ҷоест, ки дар он чизҳо нигох дошта, ба фурӯш бароварда мешаванд. Афзалиятан, чунин шакл ва намудҳои мағозаҳоро фарқ мекунанд: махсусгардондашуда, универсалӣ, марказҳои савдо, суперронтер, конвиннесонтер, суперадио, драгентер, магазин-дискаунт, конгломератҳои чакана, корпоратсияҳои (ширкатҳои) шакли озод, клубҳои яклухту чакана ва ғайра (10,99).

Бояд масус қайд намуд, ки бозор бидуни таблиғот, хизматрасонии иттилоотӣ, мусоҳиба ва муассисоти назорату тафтиш имконнопазир аст.

Таблиғ

Таблиғ– аз калимаи юнонии reklamo – фарёд, нидо кардан ё худ бонг, ҷеғ задан гирифта шудааст. Он ҳамчун воситаи андӯхт ва густариши маълумот оиди молу хадамот ба мақсади афзунгардонии талабот ба онҳо истифода карда мешавад. Он аз давраҳои Юнон ва Рими қадим оғоз ёфта, дар ибтидои қарни ХХ ба олоти муҳимтарини рақобат, баъди солҳои 70-ӯм ба сатҳи индустрияи бузурги бизнес бо шохаҳои паҳноварӣ агентии таблиғотӣ ва минбаъд ба низоми нави идора, ҷузъи асосии бозорёбӣ (маркетинг) табдил ёфтааст.

Иттилоот (аз калимаи юнонии information – возеҳ, равшан, эзоҳ, баён кардан гирифта шудааст) ҳамчун ҷамъоварии ахбор (маълумот) оиди тақозою арза, нормаи фоида, нарху хароҷот, вазъу ҳолати бозор, тавлидоту истеъмол, молияю қарз ва ғайра хизмат мекунад. Дар асоси маълумотҳои андӯхташуда, фирма фаъолияти ҷорӣ ва ояндаи худро пешбинӣ мекунад.

Барои зерсохти муосири бозор гузариш аз иттилоотҳои ягонаву пароканда ба бунёду ташаккули низоми иттилооти комил, коркарди автоматии маълумотҳо, компютеру дигар технологияи замонавӣ хос мебошад.

Корчаллонии (бизнеси) иттилоотӣ

Корчаллонии (бизнеси) иттилоотӣ яке аз хусусиятҳои давраи рушди пас аз индустриалӣ (замони муосир) мебошад. Он ҳамчун ҳавзаи махсуси фаъолияти соҳибкорӣ, дар шакли комплексҳои бузургтарини бисёрсоҳавӣ – тавлиди мошинҳои эҳсои электронӣ (МЭЭ, роёна(компютер)-ҳо таҳсис ёфта, ба сарчашмаи муҳим-тарини истеъмоли маблағҳои сармоягузорӣ табдил меёбад.

Консалтинг (аз калимаи англисии consulting – консултативӣ – мубоҳиса гирифта шудааст) дар асоси ҳисоби тиҷоратӣ аз ҷониби фирмаҳои таҳсисгардондашуда, барои мубоҳиса (консултатсия), тавсиаи роҳу равиши судманди хоҷагидорӣ, истифодаи “Ноу-Хау”-ихтирооту навовариҳо, тадқиқоту пешбинии бозорҳои хизматрасонӣ, литсензияҳо (ҷавозномаҳо) ва ғайра таҳсис карда мешавад. Барои кор мутахассисони варзидаи соҳаҳои назария ва амалияи бозору бизнес омода карда мешаванд. Тибқи фармоиши соҳибкорон оиди масоили умдаи иқтисод ва ҳуқуқ мубоҳиса ва баҳсҳои илмӣ ташкил карда мешавад. Истифодаи хизмати “консалтинг” нисбат ба ташкили он дар корхона, барои соҳибкорон нисбатан арзон меафтад.

Ширкатҳои аудиторӣ (аудитӣ)

Ширкатҳои аудиторӣ (аудитӣ) (аз калимаи англисии auditor-ревизор муфаттиш, назоратчӣ, ноиб…) барои ревизия кардани фаъолияти хоҷагию молиявии ширкатҳову хоҷагиҳо, муайян кардани қобилият ва имконияти инкишоф ва истиқрори он дар шароити бизнес ва бозор ташкил карда мешавад.

Тафтиш одатан, аз ҷониби ташкилотҳои мустақили давлатӣ ё ғайридавлатӣ, бо ташаббуси ҳокимият, комитетҳо, муассисон, менеҷерони корхонаю соҳа ва ғайра гузаронида мешавад. Ширкатҳои аудитӣ барои экспертизаи молҳои содиршаванда, додани лисензияҳо барои бурун бурдани (содироти) онҳо омода карда шудаанд.

Муассисоти таълимӣ шакли серсохти бозорест, ки бо воситаи онҳо (мактабҳои миёнаи махсус, олӣ, аспирантура, магистратура) мутахассисони соҳаҳои гуногун оиди идора ва роҳбарии объектҳои иқтисодӣ (бизнесменҳо, соҳибкорон, менеҷерон, ҳуқуқшиносони байналхалқӣ…) тайёр мекунад.

Дар ин ҷараён воситаи “фирори мағзҳо”, бозори ақлонӣ васеъ истифода карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи робитаҳои байни субъектҳои бозор, алалхусус зерсохти бозор, шакли ҳуқуқӣ ё худ ихтиёрӣ (бо воситаи шартнома, ё худ бидуни он) қабул карда, ҳамчун нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифат, яъне рақобати комил ва таносуби бозори рақобати нокомил сурат мегиранд.


Зерсохти бозор, мохият ва унсурхои он, мохияти бозор, унсурхои бозор, Шакл ва намудхои зерсохти бозор, Биржа чист?, Биржаи мехнат чист?, Савдо чист?, тичорат чист?, Таблиг чист?, Иттилоот чист?


1 Ниг. Ливщиц А.Я. Введение в рыночную экономику. ч.1. Душанбе, 1993. с. 59-73.

ҚаблӣШакл ва намудҳои бозор
БаъдӣБиржа чист? Шаклҳои биржа