Шеър дар васфи муаллим

Эй муаллим

Эй муаллим, чашмаи меҳру вафо,
Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.
Панди ту бошад ғизои маънавӣ,
Меҳри ту андар дили мо гашта ҷо.

шеър барои муаллим

Давоми матн пас аз блоки реклама

Карди моро раҳнамун бар роҳи рост,
Каҷравӣ, – гуфти ба мо, – кори хатост.
Аз ту илми маърифат омӯхтем,
Ҳарфи ту барномаи рафтори мост.

Чун Падар ғамхор ҳастӣ баҳри ман.
Дар дили мо карди ҷо меҳри Ватан.
Доимо фархундаву болида бош,
Эй муаллим роҳбари волосухан.

Табрикот барои рӯзи муаллимон инҷо мутолиа намоед<<


Шони Муаллим

Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам
Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ
Бувад аз рӯйи виҷдони муаллим.
Агар фардои меҳанро биҷӯйӣ,
Биёб аз файзи эҳсони муаллим.

Агар армони меҳанро бихоҳӣ,
Бидон аввал ту армони муаллим.
Каму беши замонро рост кардан
Тавон танҳо ба мизони муаллим.

Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,
Набошад нури чашмони муаллим.
Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб
Магар рӯйида бе дони муаллим?
Бидон парвозгоҳи миллати мо
Бувад дар рӯйи дастони муаллим.

Камол Насрулло


Муаллим

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам,
Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам,
Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,
Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ,
То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,
Во карда пеши чашмам дунёи орзуро,
Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,
Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,
Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,
Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,
Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?
Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Боқӣ Раҳимзода

Шеър барои рӯзи муаллимон

Ба Муаллим (шеър)


шеър муаллим, шеър дар бораи муаллим, шеър дар васфи муаллим, шеър барои муаллима, шеър дар бораи муаллим устод, бехтарин шеър барои муаллим, шеър устод, шеър дар бораи устод, шеър васфи устод, шеър дар васфи устод, газал, рубои.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед