Муҳиддин Аминзода

Ҳар кӣ баҳри сулҳ имзо мекунад,
Беҳтарин коре ба дунё мекунад.
Карда имзо, душманони сулҳро
Рӯсияҳ, шарманда, расво мекунад.

Муҳиддин Аминзода 22 марти соли 1904 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи мударрис ба дунё омадааст.

То давраи Инқилоби Октябр дар мактаби куҳна, баъдтар дар мактаби шӯравӣ таълим гирифтааст. Соли 1925, баъди хатми курси педагогии шаҳри Самарқанд ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Баъди чанд соли муаллимӣ ӯ солҳои 1928- 29 дар Институти мусиқии шаҳри Самарқанд таҳсил менамояд. Солҳои 1932-37 роҳбари адабии Театри драмаи мусиқии Ленинобод Хуҷанди имрӯза ва дар айни замон, муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинобод буд. Дар ин омӯзишгоҳ ӯ дарси танбӯрнавозиро ёд медод. Соли 1937 ба Душанбе омада, дар Театри мусиқии шаҳри Душанбе, ки соли 1940 ба Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ табдил дода шуд, кор кард. Солҳои охири умрашро дар шаҳри Хуҷанд гузаронид. Ӯ дар ин ҷо асосан ба кори эҷодӣ машғул буд. Бо рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ҳамкории доимӣ дошт. Ӯ якуми сентябри соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид.

Муҳиддин Аминзода шоир ва тарҷумони номӣ буд. Миқдори абёти тарҷумакардаи ӯ 75 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Тарҷумаи достони «Фарҳоду Ширин» – и Навоӣ (бо ҳамроҳии Раҳим Ҷалил), «Борис Годунов»- и Пушкин, масалҳои

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Крилов, шеърҳои Лермонтов, «Духтар ва марг»-и Максим Горкий, достони «Палангинанӯш»-и Шота Руставели, эпоси армании «Довуди Сосунӣ» ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Аввалин шеърҳояш солҳои 20-уми асри бист дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Мушфиқӣ» чоп шудаанд. Шеърҳои аввалинаш соли 1935 дар маҷмӯаи

«Шеърҳо» ва соли 1937 дар маҷмӯаи «Чаман» ба табъ раси- даанд. Ӯ муаллифи китобҳои «Баҳори Ватан» (1940), «Садои зафар» (1944), «Шеърҳои мунтахаб» (1948, 1949, 1952, 1954, 1956), «Баҳори дил» (1964) ва «Мунтахабот» (1976, дар ду ҷилд) мебошад.

Муҳиддин Аминзода аз ҷумлаи аввалин бунёнгузорони шеъри ҳаҷвии адабиёти шӯравии тоҷик маҳсуб мешавад. Нахустин шеъри ҳаҷвии ӯ «Ҳасрати як имом» ном дорад, ки соли 1928 чоп шудааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти ҳаҷвнависии Аминзода хеле вусъат ёфт. Ӯ дар шеърҳои ҳаҷвии хеш ваҳшонияту ҷаҳолат, номардию буздилии фашистонро хеле сахт ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Муҳиддин Аминзода чун ватандӯсти фидоӣ то охирин лаҳзаҳои умри худ аз таҳти дил ба халқу Ватан хидмат кардааст. Дар банди аввалин тарҷеъбандаш чунин мегӯяд:

То лаб тару хун дар лабу гармист баданро,
То бас накунад дил ҳаракат, мижжа заданро,
Аз қувва ба бозуст хаму рост шуданро,
Аз каф надиҳам домани мақсуди Ватанро.
Ин аст ба модар – ба Ватан рози дили ман,
Бигзор ҷаҳон бишнавад овози дили ман.

Муҳиддин Аминзода аз соли 1936 узви Иттифоқи нависандагони собиқ СССР буд. Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо қадр шудааст.


Тарчумаи холи шархи холи зиндагиномаи Мухидин Аминзода эчодиёти Мухиддин Аминзода.

Боқӣ Раҳимзода

ҚаблӣБоқӣ Раҳимзода
БаъдӣШеърҳо аз ашъори Муҳиддин Аминзода