Нурӣ. Нуриҳои органикӣ ва маъданӣ

Дар киштзорҳои хокашон аз моддаҳои ғизоӣ камбағал ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ниҳоят кам аст. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии чунин заминҳо ба хок нуриҳои гуногунеро, ки норасоиашон назаррас аст, мепошанд. Нуриҳо ду хел мешаванд: нуриҳои органикӣ ва маъданӣ.

Нуриҳои органикӣ (аз калимаи организм) моддаҳое мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии рустаниҳо ва ҳайвонот, инчунин дар натиҷаи пӯсиши боқимондаҳои нобудшудаи онҳо ба вуҷуд меоянд. Чунончи, торф, порухок, пору, саргини парандагон ва ғайраҳо дар таркибашон тамоми моддаҳои ғизоии ба рустанӣ зарурро доранд. Ин моддаҳои органикӣ танҳо пас аз он ки бо таъсири микроорганизмҳо пӯсида ба моддаҳои маъданӣ табдил меёбанд, барои рустанӣ ҳамчун ғизо хизмат мекунанд. Ин нуриҳо фаъолияти ҳаётии микроорганизмҳои дар хок зиндагикунандаро тезонда, таркибу сохтори хокро беҳ мегардонанд. Яке аз нуриҳои маъмултарини органикӣ – пору мебошад. Дар пору моддаҳое мавҷуданд, ки дар таркибашон нитроген, фосфор ва калий барин элементҳои барои ҳаёти рустаниҳо зарурбударо доранд. Вале рустаниҳо ин моддаҳои даркориро фақат пас аз пӯсидани пору гирифта метавонанд. Бинобар он деҳқонон поруро тирамоҳ ба замин меандозанд, то ки то фасли баҳор вай ба порухок табдил ёбад.

Нуриҳои маъданиро асосан дар заводи химиявӣ истеҳсол мекунанд. Вобаста ба он, ки дар таркиби нурии маъданӣ кадом элемент асосӣ аст, онҳоро ба нуриҳои нитрогендор, фосфордор ва калийдор ҷудо мекунанд.

Аз нуриҳои нитрогендор – карбамид сулфати аммоний ва селитра, аз нурии фосфордор – суперфосфат ва аз калийдор – хлориди калий, нитрати калий бештар маъмуланд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нуриҳои нитрогендор ва калийдор назар ба дигар нуриҳо дар об беҳтар ҳал мешаванд. Бинобар он онҳоро дар фасли баҳор пеш аз кишти зироатҳо ба замин меандозанд. Нитроген сабзиши появу баргҳоро метезонад, калий бошад ба сабзишу инкишофи реша, лӯндаҳо ва пиёзак мусоидат мекунад.

Нуриҳои фосфордор суст ҳал мешаванд. Бинобар ин онҳоро дар фасли тирамоҳ бо пору якҷоя ба замин меандозанд. Нуриҳои фосфордор пухтарасии меваҳоро метезонанд. Инчунин, нуриҳои фосфордору калийдор тобоварии рустаниҳоро ба хунукӣ зиёд мекунанд.

Нуриҳои маъданӣ дар шакли хока ё донача-донача (ғурӯша) истифода бурда мешаванд. Самаранокии нуриҳои ғурӯша зиёд аст, зеро онҳо дар хок давомнок нигоҳ дошта мешаванд.

Дар шакли моеъ андохтани нуриҳо дар давраи нашъунамои рустаниҳо ғизодиҳии иловагӣ номида мешавад. Дар вақти ғизодиҳии моеъ ба нурӣ об ҳамроҳ мекунанд. Масалан, поруоб, саргиноб ва ғайраҳо. Ба рустанӣ додани ғизои иловагӣ баъди боридани борон ё вақти сернам будани замин ба мақсад мувофиқ аст.

Инчунин нуриро аз рӯйи меъёри муқарраршуда андохтан шарт аст. Нурии барзиёд метавонад ба нашъунамои    рустаниҳо зарар расонад. Агар нуриро сари вақт ва аз рӯйи қоидаи муқарраршуда андозем, ҳосили зироатҳои кишоварзӣ фаровон хоҳад шуд.


  1. Нурихо чанд хел мешаванд?
  2. Кадом нурихои органикиро медонед?
  3. Кадом нурихои маъданиро медонед?
  4. Нурихои нитрогендор, фосфордор ва калийдор дар хаёти рустанихо чи ахамият доранд?
  5. Гизодихии иловаги чист?

 Нури. Нурихои органики ва маъдани

Тухм. Сохти тухми растаниҳои дупалла ва якпалла

ҚаблӣҲаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар рустаниҳо
БаъдӣБоқӣ Раҳимзода

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед