Бордоршавии растанихои гулдор

Бордоршавии рустаниҳои гулдор. Гул ва ҷузъҳои муҳимми он – гардбарг ва тухмдон узвҳои асосии афзоиши ҷинсии рустаниҳои пӯшидатухм ба ҳисоб мераванд. Дар онҳо равандҳои (ҳодисаҳои) мураккабе мегузаранд, ки ба афзоиши ҷинсӣ сахт алоқамандӣ доранд.

Барои ҳосил шудани мева ва инкишофи тухм гули рустаниҳо бояд гардолуд ва сипас бордор шавад.

Омезиши ду ҳуҷайраи ҷинсӣ – гаметаҳои нарина ва модинаро бордоршавӣ меноманд. Гаметаҳои нарина, яъне нутфаи рустаниҳои гулдор хеле хурданд. Гаметаҳои модина, яъне ҳуҷайратухм нисбат ба нутфа калонтар аст.

Пеш аз он, ки гардолудшавӣ ба амал ояд, сараввал дар гарддон тақсимшавии ҳуҷайраҳои он мегузарад ва дар натиҷа донаи гард ҳосил мешавад. Ҳар як донаи гард аз ду ҳуҷайра – нашвӣ ва генеративӣ иборат буда, бо ҷилди дучанда пӯшида мебошад. Ҷилди (лифофаи) берунии донаи гард сатҳи ноҳамвор дошта, онро бисёр вақт хорчаҳо (озах) ва баромад (дӯнгӣ)-ҳои тӯршакл (93) пӯшондаанд. Чунин хусусияти онҳо имкон медиҳад, ки донаи гард ба бадани ҳашароти гардолудкунанда ва гардгирак хуб часпад. Гарди рустаниҳо, ки дар гарддон инкишоф меёбанд, дар лаҳзаи гулшукуфт аз миқдори зиёди донаҳои гард иборат аст. Умуман, гарди рустаниҳои гуногун аз рӯйи шаклу андоза фарқ кунанд ҳам, дар аксари ҳолатҳо (93) донаҳои курачашакланд.

Расми 93. Донаҳои гарди гули рустаниҳои ҳархела
Расми 93. Донаҳои гарди гули рустаниҳои ҳархела

Дар баробари ҳосил шудани гард дар тухммуғҷа халтаи ҷанинӣ (94) ташаккул меёбад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тухммуғҷа аз тарафи дарунии девори ғӯрак инкишоф меёбад ва чун тамоми қисмҳои рустанӣ аз ҳуҷайраҳо иборат аст. Миқдори тухммуғҷаҳо дар дохили ғӯраки рустаниҳои гуногун ҳар хел аст. Ғӯраки гандум, ҷав, ҷавдор ва олуболу ҳамагӣ як тухммуғҷа, ғӯраки пахта даҳҳо тухммуғҷа дорад. Миқдори тухммуғҷаи ғӯраки лолаарӯсак (лолахасак) ба якчанд ҳазор мерасад.

Ҳар як тухммуғҷаро пардае пӯшидааст, ки дар даромадгоҳи он (тухммуғҷа) роҳи танги (94) гарддаро ҳаст.

Дар ин бофтаи марказӣ дар натиҷаи тақсимшавии   ҳуҷайра халтаи ҷанин ҳосил мешавад. Дар он дар муқобили сӯрохии гарддаро тухмҳуҷайра ҷой гирифтааст, дар қисми марказиаш бошад, ҳуҷайраи калони марказӣ мавҷуд аст.

Бордоршавӣ дар рустаниҳои гулдор ин тавр ба амал меояд: гарди ба гардгираки тухмдонафтода ба туфайли сохти ҷилдаш ва инчунин моеи ширини часпаки гардгирак ба он (гардгирак) мечаспад. Гард варам карда месабзад ва ба гарднайчаи дарозу борик табдил меёбад. Гарднайча аввал дар байни ҳуҷайраҳои гардгирак, баъд дар сутунча ва ниҳоят дар ҷавфи ғӯрак (94) месабзад.

Расми 94. Бордоршавии рустании гулдор
Расми 94. Бордоршавии рустании гулдор

Ҳуҷайраи генеративӣ дар гарднайча ҷой иваз карда, тақсим мешавад ва ду гаметаи нарина (нутфа)-ро ҳосил мекунад. Ин нутфаҳо (гаметаҳо) доимо дар наздикии нӯги сабзандаи гарднайча (94) ҷойгиранд. Вақте ки гарднайча тавассути гарддаро ба халтаи ҷанин дохил мешавад, яке аз нутфаҳо бо тухмҳуҷайра омезиш меёбад. Дар натиҷа бордоршавӣ рӯй медиҳад ва зигота (маҳсули омезиши нутфа бо тухмҳуҷайра) ҳосил (94) мешавад.

Нутфаи дуюм бо ядрои (ҳастаи) ҳуҷайраи калони марказии халтаи ҷанин омезиш меёбад. Дар натиҷаи ин омезиш эндосперм ҳосил мешавад. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи бордоршавии рустаниҳои гулдор ду бор омезиши ҳуҷайраҳо рӯй медиҳад: нутфаи якум бо тухмҳуҷайра ва дуюмаш бо ҳуҷайраи (94) калони марказӣ. Бори аввал ин ҳодисаро соли 1898 ботаники рус, академик С.Г. Навашин кашф кард ва онро бордоршавии дучанда номид. Бордоршавии дучанда танҳо ба рустаниҳои гулдор хос аст.


  1. Гардолуди чист?
  2. Бордоршави чист?
  3. Зигота чӣ тавр инкишоф меёбад?
  4. Тухм аз чи ҳосил мешавад?
ҚаблӣГардолудкунии сунъии гул
БаъдӣХосил шудани тухм ва мева