Гардолудкунии сунъӣ чист? Гардолудкунии сунъӣ – гардолуд кардани гул дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки одамон сурат (92) мегирад. Одамон гарди гарддони як гулро ба гардгираки тухмдони гули дигар оварда, ҳосили рустаниҳои кишоварзиро зиёд мекунанд ва ё навъҳои нав ба нави рустаниҳоро ба вуҷуд меоваранд.
Барои ин дар давраи пеш аз гулшукуфт гардбаргҳои гулро канда мепартоянд, то ки худгардолудшавӣ ба вуқӯъ наояд. Баъд гулҳои бегардбаргшударо бо халтачаи докагин мепӯшонанд, то ки ҳашарот ё шамол гулро тасодуфан гардолуд накунад. Каме дертар, вақте ки гардгирак барои қабул кардани гард тайёр мешавад, гардҳои пешакӣ ҷамъовардашударо бо ёрии мӯқалам ба гардгираки гул пош медиҳанд.
Бо ёрии гардолудкунии сунъӣ ҳосилнокии ҷуворимакка ва офтобпарастро (дар маҳалҳои шароиташон хунук) фаровон ё афзун мегардонанд. Чӣ тавре ки маълум аст, офтобпараст одатан ба туфайли ҳашарот гардолуд мешавад, вале дар ҳавои хунук (дар минтақаҳои шимол ё баландкӯҳ) ҳашарот қариб ки парвоз намекунад. Бинобар он, барои дутарафа гардолудшавии офтобпараст онро баъзан ба таври сунъӣ гардолуд мекунанд. Барои ин одам қад-қади ҷӯяк роҳ гашта, дастпӯшаки аз матои нарму маҳин дӯхташударо аввал ба як «сабадак»-и гули офтобпараст, баъд ба дигараш эҳтиёткорона пахш мекунад. Ва ҳамин тавр гарди гули як рустаниро ба гули дигар рустанӣ мегузаронад.
Ҷуворимакка рустании дутарафа гардолудшаванда буда, тавассути шамол гардолуд мешавад. Вай рустании ҷудоҷинса (якхонагӣ) буда, тӯдагули ҷорӯбакаш аз гулҳои гардбаргдор (нарина) ва тӯдагули сӯтааш аз (85) гулҳои тухмдондор (модина) иборат аст. Одатан гулҳои наринаи ҷуворимакка дар қисми нӯгии (болоии) рустанӣ, гулҳои модина бошад, дар сӯтаҳои бағали баргҳои миёнаи он ҷойгиранд.
Ҳангоми гулшукуфт аз сӯта сутунчаҳои дарози риштамонанди тухмдон бо гардгиракаш (риши ҷуворимакка) овезон мешаванд. Шамол чун қоида ба гардгиракҳо аз тӯдагули гулҳои нарина гард меоварад. Гулҳои нарина назар ба гулҳои модинаи ҳамон рустанӣ пештар тайёр мешаванд. Аммо дар ҳавои бешамол аксар вақт гард ба гардгирак наафтида, бисёр гулҳои модина гардолуд нашуда мемонанд ва ҳосил кам мешавад. Бинобар он, гардолудонии сунъиро истифода мебаранд.
Барои ин гардҳои пухтарасидаи тӯдагули ҷорӯбаки ҷуворимаккаро ба коғази ғафси қифмонанд печондашуда афшонда, гардашонро ҷамъ мекунанд. Баъд гардҳои ҷамъовардаро ба гардгираки гулҳои модина мепошанд.
- Гардолудонии сунъиро ба чӣ мақсад истифода мебаранд?
- Барои гардолудонии сунъӣ гулро чӣ тавр тайёр мекунанд?
- Офтобпарастро чӣ тавр сунъӣ гардолуд мекунанд?
- Ҷуворимаккаро бо роҳи сунъӣ чӣ тавр гардолуд мекунанд?