Бузургиҳо дар алгоритмҳо

Дар алгоритмҳо барои дохил кардани бузургиҳо ишораҳои махсус истифода карда мешаванд. Ин ишораҳо ба ишораҳои оддии математикӣ монанданд ва бо ёрии онҳо номҳои бузургиҳоро ифода мекунанд.

          Бузургиҳо метавонанд арифметикӣ, мантиқӣ ва рамзӣ шаванд.

Бузургиҳое, ки ҳангоми рафти иҷроиши алгоритм қимати онҳо тағйир намеёбанд, доимӣ номида мешаванд.

Ҳангоми навиштани алгоритм тағйирёбандаҳои содда ва тағйирёбандаҳои индексдор истифода бурда мешавад. Тағйирёбандаҳои содда гуфта тағйирёбандаҳоеро меноманд, ки ҳар як муроҷиат ба онҳо бо яктогӣ қимат қонеъ мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тағйирёбандаҳои индексдор – ин қимати элементҳои массивҳо  мебошанд.

Дар формулаҳо истифодабарии аломати «=» – ро рамзи бахшанда меноманд. Қимати дар тарафи рости рамзи «=» – истода ба тағйирёбандаи тарафи чапи он бахшида мешавад.

Мисол, амали  маънои онро дорад, ки қимати  ба 0.005 зиёд мешавад ва он ба  бахшида мешавад.  қимати пешинаашро гум мекунад.


Калидвожаҳо: Бузургихо дар алгоритмхо.

ҚаблӣМафҳуми алгоритм. Хосиятҳои алгоритм
БаъдӣФактҳо аз донишҷӯёни олам