Мафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ) дар мактаб

Мафхум, мохият ва вазифахои тарбияи эстетики (зебоипарасти) дар мактаб. Мафхуми тарбияи эстетики, мохияти тарбияи эстетики.


Мафҳуми тарбияи эстетикӣ бо истилоҳи «эстетика» зич алоқаманд аст. Онро бори аввал ҳамчун истилоҳи илмӣ дар қарни ҶVII файласуфи немис Александр Готлиб Баумгартин (1714 – 1762) баробари истилоҳи этика ва мантиқ истифода намуда, онро қисми мустақили фалсафа пиндоштааст. Эстетика аз истилоҳи юнонии аisthӯtikos гирифта шуда, манояш ҳис кардан, дарк кардани зебоиро дорад. Аммо худи таълимоти эстетикӣ хеле қадимӣ буда, онро ҳанӯз дар Афина ва Спарта васеъ истифода бурдаанд. Эстетика бо санъат, ифодаҳои бадеӣ ва эҳсосоти шахс, бо қобилияти дарки нафосат, лаззат бурдану дар ҳаёт афзун гардонидани онҳо вобастагӣ дорад.

Тарбияи эстетикӣ – зебоишиносӣ шахсро маънан бой мегардонад, дар вай хоҳиши эҷодкорӣ, лутфу марҳамат, шавқмандии зебогардонии муҳити табииро бедор мекунад.

Ҳисси эстетикӣ ба ҳаловатбарии шахс вобаста аст ва ҳаловат дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад. Дидани манзараҳои латифу дилкаш, фаҳмида тавонистан ва бунёд кардани онҳо ҳаёти маънавии инсонро ғанӣ ва шавқовар мегардонад, ба вай рӯҳафзоӣ ва нерӯи тоза мебахшад.

Тарбияи эстетикӣ маънои васеъ дорад, он тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад, фақат онро дарк карда тавонситан лозим аст. Моҳияти тарбияи эстетикӣ дар талабагон ташаккул додани қобилияти дарккунии зебоии арзанда ва дуруст фаҳмидани он дар санъат, ҳаёт, омӯзиши мафҳумот, рағбат ва идеалҳои эстетикӣ баҳри инкишофи аломатҳои эҷодӣ ва истеъдод нисбат ба соҳаҳои санъат мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба одами даврони мо натанҳо санъат, инчунин дигар паҳлӯҳои эстетикии ҳақиқат: меҳнат, муносибатҳои иҷтимоӣ, муҳити атроф, маишат, табиат ва рафтори одамон низ таъсир мекунад. Тавассути воқеияти зебоӣ ва санъат вай дар шуури худ идеалҳои ҷамъиятиро дарк ва мустаҳкам намуда, дар муносибат бо дигарон бо лутфу латофат мегардад.

Ин қабил ҳодисаҳои эстетикӣ, ки муайянкунандаи муносибати шахсият мебошанд, омили муҳими ҳақиқии фаъолияти иҷтимоӣ мегарданд. Дар ҳаёти инсон нафосат ҳамеша боиси иқтидори тавоно аст. Аз давраи кӯдакии бармаҳал он ба зебоӣ майл дорад. Мактаббачагон бо он калонсолону ҳамсолон кӯшиши алоқабандӣ доранд, ки онон хусусиятҳои арзандаи эстетикӣ дошта бошанд. Дар ин алоқамандӣ асосан муҳимаш онҳоро аз саргармии идеали бардурӯғу қалбакӣ огоҳ кардан аст, то ки ба зебоии зоҳирӣ дода нашуда, моҳияти зебоии соф ҳақиқиро сарфаҳм раванд, ҳис карда тавонанд.

Барои он ки кӯдакон бо донишҳои эстетикӣ мусаллаҳ гарданд, пеш аз ҳама, фаъолияти меҳнатӣ моҳияти калон дорад. Фаъолияти меҳнатии худи кӯдакон бояд босамару босифат бошад ва ба дараҷаи зарурии зебоӣ баланд бардошта шавад. Дар ҳамин қатор эҷодкории онҳо низ ошкор мегардад. Фаъолияти меҳнатӣ ба кӯдак ҳассосӣ, ҳавасмандии рӯҳӣ, ҷиҳатҳои ахлоқию эстетикиашро бедор мекунад.

Тарбияи эстетикӣ мустақим ва ғайримустақим ба ҳалли проблемаҳои иқтисодиёт вобаста аст. Ин ба талаботу таъминоти баланди рӯҳӣ ва моддии одамон, истеҳсоли ҷамъиятӣ мусоидат мекунад. Ҳар қадаре, ки иқтидори шуурнокӣ, маданияти умумӣ ва эстетикии одамон боло равад, талабот ба худ, ба ғановати маънавӣ, сифати маводи истеъмолкунанда, ба шакл ва тарзи истеҳсоли маводи ниёзи мардум ҳамон қадар афзоиш меёбад. Ин раванди объективӣ моҳияти эстетикии маводи истеъмолиро дар шароити кунунии иқтисоди бозоргонӣ сифатан беҳтар мегардонад.

Манбаъи бойтарини таассуротҳои эстетикии кӯдак санъат аст. Санъат ҳамчун шакли образноки инъикос ва азнавсозии олам, ҳодисаи фавқулодда мураккаб ва бисёрмаъно мебошад. Тибқи он ба мактабиён аз ҷиҳати ахлоқӣ ва эстетикӣ таъсири махлут расонда мешавад.

Асарҳои санъати тасвирӣ ин барои фаҳмидани ҳаёти инсоният ва табиат ёрӣ расонида, идроки биноиву тахайюлоти махсусро инкишоф медиҳад. Тавассути расму муҷассамаҳо бинанда бо ёрии тасаввуроти худ силсилаи лаҳзаҳои ҷудогонаи воқеияти тасвирёфта, воқеа, хусусият, образҳо ва ҳаракатҳои онро дар лавҳи хаёлот ҷилвагар – зинда мекунад.

Мусиқӣ воқеиятро зимни оҳангу нағомат, зеру бам ва ҷӯршавии овозҳо инъикос мекунад. «Мусиқӣ рӯҳи хуни миллат аст, набзи ҳастист, – оварда шудааст дар тавзеҳоти барномаи таълимии синфҳои ибтидоӣ. – Билкули одаму олам алоқаманди ин ҳунари ноб аст».

Адабиёти бадеӣ – санъати сухан дар инкишофи олами рӯҳии мактабиён нақши муҳим мебозад. Забон муҳимтарин воситаи муомилоти одамон буда, тарафҳои гуногуни ҳастиро дар бар мегирад. Бинобар ин дар адабиёт имкониятҳои ба таври бадеӣ инъикос намудани воқеаҳои зиндагӣ махсусан зиёданд. Аз ин рӯ, адабиёт муҳимтарин воситаи такмили қобилияти фикрии талаба мебошад.

Муштаракии намудҳои санъат – театр, кино, телевизион, эстрада ва сирк ба таври васеъ оммавӣ шудаанд. Онҳо дар худ унсурҳои адабиёт, рассомӣ, мусиқӣ, аксҳои бадеӣ, рақс ва ғайраро дар бар гирифтаанд. Хусусияти театр пайваста бо хониши ифоданок, зебу зинатҳои ороишӣ ва ҳамоҳангии мусиқӣ дар саҳна ифода намудани воқеа ва ҳодисаҳо мебошад. Тамошобин бо таъсири маҷмӯи ин ҳаракатҳо ба мазмун ва мундариҷаи асари саҳнавӣ сарфаҳм меравад ва завқи эстетикӣ мегирад. Дар театр байни актёру тамошобин робитаи бевоситаи эҷодӣ пайдо шуда, барои ба ҳаяҷон омадани тарафайн шароити мусоид ба вуҷуд меояд.

Санъати кино ва телевизион оммавитарин намуд буда, дар онҳо ҳамаи намудҳои санъат дида мешавад ва комёбии навтарини пешрафти илмӣ – техникӣ ба шумор мераванд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки ягон намуди дигари санъат ба дараҷаи телевизиону кино дорои аудиторияи васеъи бачагона намебошанд. Фаъолиятҳои таълимӣ, меҳнатӣ, ҷамъиятӣ, спортӣ, бозӣ ва бадеии мактаббачагон ҳамчун муҳимтарин манбаъи таҷрибаҳои эстетикии онҳо хизмат мекунанд. Корҳои ҷамъиятӣ ба онҳо имконияти манфиати умум якҷоя коркуниро медиҳанд. Машғулиятҳои варзишӣ, спортӣ боиси камолоти ҷисмонии мактабиён мегарданд. Дар бозиҳо иштирок кардани кӯдакон имконият медиҳад, ки бо вазъият нигоҳ карда, тез ва дақиқ ҳаракат карданро омӯзанд. Бозӣ нерӯи эҷодии қӯдаконро афзун гардонда, ба онон таассуроти чуқури эстетикӣ мебахшад. Дар раванди фаъоляитҳои бадеии адабӣ, мусиқӣ, асарҳои саҳнавӣ, ки бевосита ба эҷоди образҳо алоқадор мебошанд, бачаҳо мафҳуми зебоиро чуқур дарк мекунанд, ба шавқ меоянд.

Тарбияи эстетикӣ дар мазмуни худ пайваста ба ташаккули ахлоқӣ нисбати донистани ҷамъият ва табиат ҳам аҳамияти зиёд дорад. Гуногунии машғулиятҳои эҷодии кӯдакон ба инкишофи фикр ва тасаввурот, ташаккули маҳорат ва малакаҳои меҳнатӣ, сифатҳои ахлоқӣ: мақсаддорӣ, ирода, мардонагӣ, субботкорӣ, муташаккилӣ, интизомнокӣ мувофиқат мекунад.

Вазифаи тарбияи эстетикӣ натанҳо аз инкишоф додани ҳолатҳои бадеӣ – эҳсосии кӯдакон, инчунин аз такмил додани нерӯи маънавӣ, фикрӣ, ҷисмонӣ – тамоми паҳлӯҳои санъат иборат аст.

Вазифаҳои тарбиявии ҳисси зебоӣ дар мактаб аз инҳо иборат аст:

  • аввало, ба кӯдак ёрӣ расонидан, то ки зебогии санъат, табиат ва муносибатҳои ҷамъиятиро фаҳманд ва азхуд карда тавонанд;
  • дуввум, дар симои маънавию ҷисмонии кӯдакон нишонаҳои зебоӣ такмил дода шавад;
  • саввум, қобилиятҳои бадеиву эҷодӣ, кӯшиши баҳаёт, пиромуни атроф зебоӣ зам кардан, то ки ҳаёт ва зиндагӣ боз ҳам ҳаловатбахш гардад.

Азбаски дар воқеияти ҳаррӯзаи худ кӯдакон ба ғайр аз чизҳои хуб бо чизҳои бад низ дучор меоянд, як вазифаи дигари хеле зарури тарбияи эстетикӣ ба миён меояд, ин аз он иборат – онҳоро тавре тарбия кардан лозим аст, ки бо рафторҳои зишти ғайриэстетикӣ муносибати оштинопазирӣ зоҳир намоянд.


Мавзӯи пурра >> Тарбияии эстетики хонандагон

ҚаблӣМавзӯи 19. Тарбияии эстетики хонандагон
БаъдӣНақши тасаввуроти эстетикӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол