Мутобикшавии растани дар хокхои нисбатан хушк

Мутобиқшавии рустанӣ дар хокҳои нисбатан хушк. Рушду нумӯи рустаниҳо ба шароити зисти онҳо сахт алоқамандӣ дорад. Ҷузъҳои (элементҳои) алоҳидаи муҳити берунаро (равшанӣ, ҳарорат, намӣ, таркиби хок ва ғайраҳоро) омилҳои экологӣ меноманд. Бинобар он, вобаста ба омилҳои гуногуни экологии муҳити атроф рустаниҳо мутобиқатҳои гуногун пайдо кардаанд. Гуногунии шароити муҳити зист боиси гуногунхелии рустаниҳо мегардад. Бинобар он, мо дар водию доманакӯҳҳо, теппаю марғзорҳо, дашту биёбонҳо рустаниҳои бисёреро мебинем, ки барои дар чунин шароит зиндагӣ кардан бо ҳар гуна дигаргуншавии узвҳояшон хусусиятҳои мутобиқатӣ пайдо кардаанд. Масалан, баргҳои тутанҷир, гули ҳасрат ва хусусан филодендрон хеле калон аст. Пас, ин рустаниҳо аз ҷойҳое оварда шудаанд, ки намии фаровон доштаанд. Дар ҳақиқат ватани ин рустаниҳо бешаҳои сернами тропикӣ аст.

Рустаниҳои маҳалҳои сернам аз ҷиҳати сохт ва намуди зоҳириашон аз рустаниҳои ҷойҳои хушк  ба  куллӣ  фарқ  мекунанд. Намии фаровон ба калон шудани барг ёрӣ мерасонад. Ва чӣ тавре ки маълум аст, ҳар қадар барг калон бошад, вай ҳамон қадар обро бештар бухор мекунад.

Рустаниҳои ҷойҳои хушкро ҳам аз намуди зоҳириашон донистан мумкин аст. Баъзан онҳо бебарганд ё ба ҷойи барг мисли суббор (кактус) (59) хор доранд.

Расми 59. Тағйири шакли барг
Расми 59. Тағйири шакли барг

Дар хок то ҳадди зарурӣ нарасидани намӣ ё  ин ки аз ҳад зиёд будани он ба нашъунамои барги бисёр рустаниҳо таъсир мерасонад, оҳиста — оҳиста (тадриҷан) намуди зоҳирӣ ва сохти онҳо тағйир меёбад.

Барги бисёр рустаниҳои маҳалли хушк ва гармсер василаҳои мутобиқатие доранд, ки онҳо боиси кам бухор гардидани об мешаванд. Масалан, серпашмакӣ ва бо шираи муммонанд рӯйпӯш будани барг, нисбатан кам будани масомаҳо ва аломатҳои дигар аз ҷумлаи онҳоанд. Барги баъзе рустаниҳо, масалан, сабр (алоэ) ва ханҷарӣ (агава) пурмағзу сероб мешаванд. Дар ин гуна баргҳо об захира мешавад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Хусусан, рустаниҳои дашту биёбон ба сершумор набудани хелҳояшон дар чунин шароит (хушкӣ), мутобиқатҳои фавқулода гуногун пайдо кардаанд. Баъзеи онҳо баргҳои ниҳоят хурд ё сӯзаншакл доранд. Дар дигарашон барг ба пулакчаҳои ниҳоят хурд (59) мубаддал гаштааст. Дар саксавул бошад, умуман барг дида намешавад. Раванди фотосинтез дар навдаҳои сабз мегузарад. Баъзе рустаниҳои ҷойҳои хушк инчунин ба туфайли решаи хеле дарозашон ба шароити хушкӣ мутобиқ гардидаанд. Ҳамин тавр, рустаниҳо дар давоми таърихи дуру дарози инкишофашон дар муҳити гуногун нашъунамо карда, бисёр аломатҳои мутобиқатӣ пайдо кардаанд.

  1. Рустанихои махалли сернамро аз руйи кадом аломатхои зохириашон фарк кардан мумкин аст?
  2. Рустанихои махалли хушк чи хел воситахои мутобикати доранд?
  3. Барги рустанихои махалхои хушк чи гуна аст?
  4. Тагйири шакли барг

Фотосинтез. Дар баргҳо ҳосил шудани оҳар