ДАОСИЯ – Даосизм маълумот бо забони тоҷикӣ

Дини ДАОСИЯ – Даосизм маълумот бо забони точики / тоҷикӣ. 


ДАОСИЯ – ҳамчун ҷараёни динию фалсафӣ дар асрҳои VI-V то мелод пайдо гардид, яъне қариб ҳамзамон бо дини конфутсианӣ. Асосгузори ин равияи динӣ донишманди файласуф Лао Цзи, ки шахсияти нимафсонавӣ аст, дониста мешавад. Асари асосии ӯ «Китоби  Дао Дэ (Дао Дэ Цзин)» мебошад. Аз рӯи маълумотҳои нимасотирӣ Лао Цзи муддате ҳамчун корманди архивҳо дар шоҳигарии Лу кор мекард. Баъд ба говмеши сиёҳе савор шуда ба сӯи Ҳинд, ки дар он ҷо дини буддоӣ пайдо шуда ба Хитой гузашта истода буд, мерафтааст.

Ҳангоми баромадан аз шаҳр сардори дастаҳои муҳофизи шаҳр аз ӯ илтимос кардааст, ки асари худро ба ёдгор ба ӯ бидиҳад. Лао ду қисми китобашро, ки дар онҳо тафсири Дао (роҳ, тариқа) ва Дэ (неъмат) оварда шуда буданд, ба ӯ дод. Китоб дар парахаҳои бамбук навишта шуда, се аробаро пур карда, аз 5-ҳазор иероглиф иборат буд. Дар ин китоб асосҳои таълимоти ҳикматомези сарбастаи даосизми оянда баён гардида буданд.

Дар он гуфта мешуд, ки дар болои ҳамаи худоҳо ва ҳатто худои аз ҳама бузург, ки соҳиби осмон аст, як қувваи азиме бо номи Дао ҳукмронӣ мекунад. Дао асоси ҳамаи ашёҳо-ҳатто осмону замин аст. Он ягона буда, ҳамаи чиз ҳатто дунё аз он пайдо шудааст. Дао қонунҳои ҳаракати ҳаётро ба тарзи ноаён ҷорӣ мекунад ва ҳамаи корҳо гӯё худ ба худ ба тарзи табиӣ иҷро мегарданд, ба воситаи қувваи Дэ. Дэ ба инкишофу иҷроиши ҳамаи корҳои хурду бузург мусоидат менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Даосия баъзе унсурҳои дини буддоиро қабул кард. Маросими расмии қабули дини даосия дар Чин дар соли 165 ҷой дошт. Дар ин сол дар сатҳи давлатӣ ба худои нав Лао-Цзи ботантана назру ниёз пешкаш карда шуд. Сипас ҷараёнҳои гуногуни даосия пайдо шуданд. Баъзеи онҳо мактабҳои сеҳру соҳирӣ, дигарашон сӯфигӣ, қисми сеюм фалсафӣ, баъзеҳо  мактабҳои кимиёгарӣ, усулҳои ҷангӣ ва фолбинӣ кушоданд. Аз ҳамин сабаб то имрӯз ба саволи он, ки даосия чист?, ҷавоби якхела намеёбем.

Даосияҳо роҳбари бузурги худро доштанд, бо лақаби «тян-ши» (муаллими осмонӣ). Сулолаи он аз асри II мелодӣ идома дошт. Ӯ оиладор ва соҳиби обрӯи калон буд. Ӯ нафақат сардори ҳамаи роҳибони даосия буд, балки арвоҳҳо низ гӯё тобеи ӯ буданд. Қароргоҳи ӯ дар кӯҳҳои Аждаҳо-паланг дар музофоти Цзянси воқеъ буд. Вақте, ки дар соли 1927 лашкари сурхи хитоӣ ба он қароргоҳ даромад, тян-шии охирини 63-юм ғайб зад. Дар охирҳои асри ХХ даосияҳо кам мондаанд. Ибодатгоҳҳои даосия нисбат ба буддоия дар Хитой камтаранд, вале шумораи роҳбарони даосия дар аввалҳои асри XX зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медод.

Қароргоҳи ҷамъияти даосия дар Чини имрӯза дар шаҳри Пекин ҷой дорад. Як қатор роҳбарони ин ҷамъият аъзоёни Маҷлиси Умумихитойии намояндагони халқ мебошанд. Дар баробари он имрӯз дар ҳудуди сад равияҳои даосиягӣ мавҷуданд, ки баъзеи онҳо аз ҷониби давлат хатарнок эълон гардидаанд. Имрӯз дар ғарб баъзе ҷиҳатҳои амалии даосия, ба монанди: илми парҳез, фитотерапия (табобат бо алафҳо), ҳунарҳои ҷангӣ, роҳёбӣ ба олами арвоҳ васеъ паҳн гардида, китоби асосгузори даосия бо номи  «Дао Дэ Цзин» ба забонҳои гуногуни аврупоӣ тарҷума гардидааст.

ҚаблӣДини Конфутсий
БаъдӣДини зардуштӣ