Қатори тортанакҳо (катори тортанакхо, зоология)

Қатори тортанак (катори тортанакхо, зоология)


Дар дунё зиёда аз 27 ҳазор намуди тортанакҳо маълум аст. Дар табиат эҳтимол ҷое нест, ки дар он ҷо ин ё он намуди тортанак вонахӯрад (расми 90). Тортанакҳоро ба ду гурӯҳ – ду ва чоршушдорон ҷудо мекунанд. Аксарияти намудҳояшон ба гурӯҳи аввал ман- субанд. Ба гурӯҳи дуюм тортанакҳои тропикӣ дохил мешаванд, масалан, тортанаки парандахӯр, ки дарозиаш то 10 см аст (расми 90).

Расми 90. Тортанаки парандахӯр
Расми 90. Тортанаки парандахӯр

Намудҳои аз ҳама маълум ва хатарноки тортанакҳо бий (тарантул) ва ғунда мебошанд (расми 91). Дар Тоҷикистон якчанд намуди бий вомехӯрад, ки андозаи онҳо 3-5 см аст. Бадани бий бо мӯйҳои зичи бахмалин пӯшида шудааст.

Расми 91. Тортанакҳои гуногун
Расми 91. Тортанакҳои гуногун

Бий даранда буда, дар лонаи худ, одатан, дар заминҳои бекорхобида ва ҷойҳои санглох зиндагӣ мекунад. Онҳо, асосан, шабона фаъоланд. Бий аз тори худ пилаи махсус тайёр карда, дар он тухм мемонад ва бо худ гирифта мегардад. Наслҳои ҷавон то ба ҳаёти мустақилона тайёр шуданашон дар пушти модар часпида меистанд.

Ғунда (Гунда)

Ғунда. Махсусан ғундаи модина барои инсон ва ҳайвон тортанаки хеле хатарнок аст. Ғундаи модина ғунд аи наринаро баъди бор дор шудан мехӯрад. Ғундаи нарина аз ғундаи модина як маротиба хурд буда, ранги баланд дорад. Нисбат ба ғундаи модина заҳрнокиаш 160 маротиба камтар аст. Ғундаи нарина умри дароз намебинад, аз ҳамин сабаб дар табиат кам вомехӯрад. Ғунда дар водиҳо, доманакӯҳҳо то баландии 1600 м аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Ҷойи дӯстдоштаи ғунда атрофи роҳҳо, ҷариҳои хушк ва биёбонҳо мебошад. Ғундаи модина дар бисёр маврид дар лонаи кӯҳнаи хояндаҳо зиндагӣ карда, дар даромадгоҳи он тор метанад. Ғундаҳои Тоҷикистон калон буда, шиками курашакл ва ранги якхелаи сиёҳ доранд. Онҳо ягон хел доғ надоранд. Ғундаи Аврупои Ҷанубӣ барқади пушт ва шикам доғҳои рангин дорад (ба расми 91 нигаред).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар ғундаҳои Тоҷикистон ин гуна доғҳо фақат дар наслҳои ҷавон мавҷуд буда, дар наслҳои болиғ нест мешаванд, болои шиками онҳо танҳо сиёҳ аст. Фақат дар баъзе мавридҳо дар таги шикамашон доғҳои рангнок дида мешаванд. Ғунда зимистонро дар ҳолати тухмӣ мегузаронад, тухмҳо дар дохили пилаи махсус мебошанд.

Аввалҳои баҳор аз тухм ғундаҳои ҷавон баромада, то тобистон болиғ мешаванд. Хӯроки ғунда ҳашарот ва дигар буғумпойҳои майдаанд. Ғундаҳои модина хеле заҳрноканд. Заҳри онҳо аз заҳри мор ҳам зӯртар аст. Бадани одами ғундагазида, махсусан қисмати сина ва шикам дардманд шуда, гардиши хун ва нафаскашӣ душвор мешавад. Дар ҷойи газида доғҳои сурх пайдо шуда, тез нест мешаванд. Баъд аз якчанд дақиқа дар тамоми бадан дарди вазнин паҳн шуда, пойҳо карахт мешаванд, сар чарх мезанад, нафасгирӣ душвор мегардад, рагкашӣ, дилбеҳузурӣ, кабудшавии рӯй, пастшавии набз ва бехобӣ ба амал меояд. Агар муолиҷа карда шавад, пас аз якчанд рӯз ҳоли бемор беҳтар мешавад. Агар заҳролудшавӣ зиёд бошад ва сари вақт чораи тиббӣ дида нашавад, одам баъди 2-3 рӯз ҳалок мегардад. Аз таъсири заҳри ғунда шутур ва асп ҳам тез ҳалок мешаванд.


Мавзӯи пурра >> Гуногуншаклии тортанакҳо

ҚаблӣҚатори каждум (катори каждум, зоология)
БаъдӣҚатори фаланга ва канаҳо. Аҳамияти тортанакшаклҳо