Мероси адабии Сайфи Фарғонӣ

Мероси адабии Сайфи Фаргони.


Сайфи Фарғонӣ умри бобаракати хешро ройгон нагузаронидааст. Ин шоири забардаст ба ояндагон мероси пурарзише аз худ боқӣ гузоштааст. Сайф маҷмӯи осорашро пеш аз маргаш мураттаб сохта будааст ва он имрӯз бо номи «Девони Сайфи Фарғонӣ» машҳур аст. Девон аз 573 ғазал, 160 қасида, 4 қитъа ва 23 рубоӣ иборат аст ва ҷамъулҷамъ аз даҳ ҳазору панҷсад байт иборат мебошад.

Сайф дар сурудани ғазалу қасида ба Саноии Ғазнавӣ, Ҳоқонии Шарвонӣ ва махсусан ба Саъдии Шерозӣ пайравӣ кардааст ва эътиқодманди эҷодиёти ӯ будааст. Адиб 90 ғазали хешро дар татаббӯъ ба ғазалиёти Саъдӣ эҷод кардааст. Масалан, бар ғазали Саъдӣ «На ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое» ғазали зерро бисёр шоирона тазмин кардааст:

Маро боз иттифоқ афтод ишқи саврболое,
Ки ҳуснаш маҷлисафрӯз асту рӯяш оламорое.

Маро султони ҳуснаш гуфт: «Агар аз баҳри мо дорӣ
Диле пурхун зи андӯҳе, саре машҳур зи савдое.

Аё бе ишқи ту чун май равонам фитнаангезе,
Аё бе зикри ту чун най забонам бодпаймое.

Чу васлат орзу дорам, нахоҳам зистан бе ту,
Раво дорӣ, ки ман мискин бимирам дар таманное.

Сайфи Фарғонӣ дар мақтаи ғазал боз Шайх Саъдиро ёд намуда, дар мазмуну муҳтавои ғазал ҳамақида ва ҳаммаром будани хешро иброз медорад. Таваҷҷуҳ намоед:

Азизи Миср нашносад, ки ӯро кист дар хона
Камоли ҳусни Юсуфро надонад ҷуз Зулайхое.
Чу Саъдӣ Сайфи Фарғонӣ ҷаҳонро узр мегӯяд:
«На ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое».

Ғазалиёти Сайфи Фарғонӣ асосан ишқиянд. Ишқи шоир ба ду маънист: ҳам ишқи воқеӣ, ишқи заминӣ ва ҳам ишқи илоҳӣ, ишқи сӯфиёна, ишқи ирфонӣ. Ҳамон ғазале, ки дар боло омадааст, дар ишқи илоҳист ва ғазали Саъдӣ ҳам дар ҳамин мавзӯъ суруда шудааст. Агар ба тарзи дигар бигӯем, Сайфи Фарғонӣ ҳам дар шакл (қофиябандӣ, вазн ва миқдори байтҳо, матлаъ ва мақтаъ) ва ҳам дар мазмун (ирфонӣ, сӯфиёна) ба Саъдӣ пайравӣ намудааст, ки ин беҳтарин шеъри ҷавобия ба шумор меравад.

Дар ғазалиёти шоир мавзӯъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ низ ба назар мерасанд, ки дар онҳо муғулони истилогар, ки доди зулму ситамро додаанду нолаю афғони мардуми бечораро ба осмон расонидаанд, ононро шоир ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Ғазале дорад бо номи «Қонуни адл». Дар он қаҳрамони лирикӣ амирон, ҳокимон ва дигар волиёни мутаассиби муғулро ба он хотир танқид мекунад, ки онҳо ба ном аз «Қонуни адл» сухан мегӯянд, вале дар амал бошад дар кишвар ягон қонуни адл вуҷуд надорад. Биёед, ба гуфтаҳои шоир таваҷҷуҳ намоем:

Эй ки андар мулк гӯйӣ, мениҳам қонуни адл!
Зулм кардӣ, эй ишоротат ҳама беруни адл!

Ин амироне, ки беморони ҳирсанду тамаъ,
Ҳамчу сиҳҳат аз мараз дуранд аз қонуни адл.

Дасти чун шамшерашон ҳар соате дар пойи зулм
Бар сари майдони бедодӣ бирезад хуни адл.

Мавзӯҳои вобаста

Савол ва супориш

  1. Мероси адабии шоир дар кадом навъҳои адабӣ иншо шудааст?
  2. Қасидаҳои Сайфи Фарғонӣ аз қасидаҳои шоирони дарборӣ чӣ фарқ доранд?
  3. Мазмуни номаҳои шоирро гӯед.
  4. Чаро Сайфи Фарғонӣ Рустами Дастонро ёд кардааст?
ҚаблӣҲаёт ва фаъолияти Сайфи Фарғонӣ / Сайфи Фаргони
БаъдӣИнъикоси вазъи замон дар қасоиди Сайфи Фарғонӣ