Асосҳои табии ҳаёти ҷамъият

113

Ҳаёти ҷамъиятӣ дар алоқамандии бевосита бо табиат инкишоф меёбад. Табиат аслан дар маънои васеаш ҳамчун олами материалӣ дониста мешавад ва бинобар ҳамин ҳам аксар маврид он бо мафҳуми материя ҳаммаъно дониста мешавад. Дар ин маъно таърифи табиат дар шакли зерин баён карда мешавад: «Табиат ин олами моро иҳотакарда бо тамоми шаклҳои гуногуни беохири зоҳиршавияш мебошад. Табиат ин воқеияти объективии новобаста аз шуури мо вуҷуддошта мебошад. Вай дорои аввалу интиҳо нест ва дар вақту фазо беохир буда, дар ҳаракату тағйироти беохир қарор дорад». Аз ин ҷиҳат дар самти баррасии алоқамандии табиат ва ҷамъият яке аз масъалаҳои муҳимтарин ин таҳлили таносуби онҳо ва мақомашон дар низоми ташаккулу инкишофи материя мебошад. Дар ин ҷо зарурияти ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволи «оё ҷамъият ҷӯзъи табиат аст ё дар доираи ягонагии материалии олам дорои моҳияти мустақил аст?» ба миён меояд. Вобаста ба чигунагии ҷавоб ба ин савол заминаи муайяни таҳлили робитаи табиат ва ҷамъият ба даст меояд. Агар табиат ва ҷамъият моҳиятан аз ҳамдигар куллан фарқ кунанд пас зарурияти дар муносибати онҳо қонунмандиҳои сифатан гуногунро ҷустуҷӯ намудан пайдо мешавад. Вале агар ҷомеа ҳамчун ҷӯзъи табиат тасаввур карда шавад, пас муносибати байниҳамдигарии онҳоро метавонем ҳамчун муносибати байни ҷӯзъ ва том баррасӣ намоем. Дар ин маврид ҷомеа ҳамчун яке аз падидаҳои табиат зоҳир гашта, хусусиятҳои хоси онро на бо хусусиятҳои хоси табиат дар маҷмӯъ, балки бо хусусиятҳои ҷузъҳои дигари табиат, масалан олами зинда, метавон муқоиса намуд.

Ҷамъият ҳамин тавр як ҷӯзъи ҷудонашавандаи томи бузургтар, яъне табиат аст. Аз ин рӯ дар фалсафа баррасии масъалаи пайдоиши ҷамъиятро дар заминаи манзараи таъсири мутақобилаи таърихан тағйирёбандааш бо табиат матраҳ мекунанд. Дар ин маврид пайдоиши ҷамъиятро бо раванди зина ба зина ташаккулёбии сифатҳои иҷтимоии одамон, ки ҳамчун ҷӯзъи табиат тавассути меҳнату муоширати байниҳамдигарӣ батадриҷ табиатро низ дигаргун сохтаанд, бояд мадди назар дошт. Аз ин ҷиҳат он қисми табиат, яъне мӯҳити географие, ки ҳамчун мӯҳити ҳаётгузаронии инсон дониста мешавад тӯли ин муддат  тағиротҳои беназирро дидааст. Бо дарки қонунҳои дар табиат амалкунанда инсон тавассути олоти меҳнат ба он таъсир расонида, захираҳои онро барои қонеъ гардонидани талаботҳояш мавриди истифода қарор медиҳад. Дар натиҷа муҳити табиӣ бо чизу ашёҳои бо дасти инсон офаридашуда, ки дар табиат дар шакли тайёр мавҷуд нестанд, пурра гашта баъдан он табиати «дуюм» ном мегирад.

Ҷамъият дар заминаи табиат ташаккул ёфта, ба он дар навбати худ таъсири назаррас мерасонад. Новобаста аз он ки инсон ва дар маҷмӯъ ҷамъият табиатро зина ба зина тағир медиҳад, вале ин амал ӯро аз табиат ҷудо намекунад, балки инсон, ҷомеа ҳамеша як ҷузъи он боқӣ мемонад. Танҳо дар асоси донистани қонунҳои дар табиат амалкунанда инсон метавонад табиатро манфиатнок мувофиқи талаботҳояш тағйиру такмил диҳад. Муайянкунандаи сифату дараҷаи муносибати инсон ба табиат аз хусусияти қувваҳои истеҳсолкунанда, талаботҳои иҷтимоии аъзоёни ҷомеа ва характери муносибатҳои истеҳсолӣ вобаста аст. Яъне хусусияти муносибати ҷамъият ва табиат дар протсеси истеҳсолоти моддӣ, ки дар ҷараёни он табодули моддаю энергия миёни онҳо сурат мегирад, аён мегардад. Дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда муайянкунадаи дараҷаи азхудкунии табиат аз ҷониби инсон аст. Аз сабаби он ки муносибатҳои истеҳсолию қувваҳои истеҳсолкунанда хусусияти мушаххаси таърихӣ доранд пас муносибати ҷамъият ба табиат низ ҳамин гунна хусусиятро доро мебошад. Бинобар ҳамин ҳам дар зинаи ибтидоии инкишофи ҷомеа таъсири он ба табиат асосан хусусияти масрафкунандагӣ, тасарруфкунанда дошт. Бо мурури истифодаи амалӣ, техникӣ пайдо кардани донишҳои ҳаётӣ ва илмии инсон сифати муносибати ҷамъият ба табиат низ тағйир ёфт ва он алҳол низ идома дорад. Моҳияти ин тағйирёбиҳо аз он иборат аст, ки бо мурури дарк шудани қонунҳои дар табиат амалкунанда инсон предмету чизҳои дар шакли тайёр дар табиат мавҷуднабударо меофарад, суръати баъзе равандҳои табиатро меафзояд ва ҳамин тавр ба тадриҷ манзараи муҳити зисти табиии ҳаёти инсон, ки онро биосфера меноманд, тавассути фаъолияти инсон аз ҳолати аввалааш дуртар мешавад. Ин боиси ба ҳолати сифатан нав, яъне ноосфера гузаштани биосфера мегардад, ки он тавассути инкишофи илм, дастовардҳои техникӣ, фаҳмиши илмӣ ва меҳнати иҷтимоии ба илм асосёфта ташаккул меёбад.

Дар фалсафа таърихи ташаккули алоқамандию муносибати ҷамъияту табиатро ба таври умумӣ аз зинаҳои муайян иборат медонанд. Барои зинаи ибтидоии чунин алоқамандию муносиботи ҷамъияту табиат азхудкунию истеъмоли бевоситаи маҳсулотҳои тайёри табиат ба воситаи олотҳои соддаю бадавии(ибтидоӣ) меҳнат хос буд. Пас аз он ки ҷомеаҳои инсонӣ бо шароитҳои гуногуни муҳити замин рӯбарӯ шуданд ҷомеаҳои гуногун падид омаданд. Онҳоро вобаста ба шакли баҳрабардорияшон аз муҳити табии атрофашон ба шаклҳои гуногун табақабандӣ меукнанд. Дар сатҳи аввал ҷомеаҳои ба шикор, гирдоварии хурок, шубонӣ, бӯстонкориро қарор медиҳанд. Хоҷагидориҳои дар ин зина ташаккулёфта иборат аз ҷамъоварию шикорчигӣ, моҳидорӣ иборат буда, ба сифати истиқоматгоҳ истифодабарии паноҳгоҳҳои табиӣ(ғору мағораҳо) истифода бурда мешуд.

Дастоварди азимтарини ин давра, ки иборат аз кашфи оташ, интихоб ва рому парвариши навъҳои алоҳидаи ҳайвоноту растанӣ маҳсуб меёбанд, барои гузариш ба зинаи минбаъдаи пешрафтатари барқарории муносибату муроқибаи ҷамъияту табиат заминаро муҳайё сохтанд. Яке аз хусусияти барҷастаи давраи дуюми ташаккули алоқамандию муносиботи тарафайни ҷамъияту табиат, ки зинаи тосаноатӣ номгузорӣ шудааст, аз такомули тадриҷии шӯғли кишоварзӣ, домпарварӣ, косибӣ, васоити ҳамлу нақл тавассути аспу ароба, пайдошавию сохтмони нахустин шаҳрҳо ва ғайраҳо мебошад. Дар авохири ин давра тарзи ибтидоии истеҳсоли молӣ, яъне мануфактураҳо пайдо мешаванд ва ин барои истифодаи минбаъдаи нерӯи боду об барои ба даст овардани энергия замина фароҳам меорад. Он чизе ки ин давраро бо зинаҳои пештараи такомули алоқамандии ҷамъият ва табиат ба ҳам мепайвандад ин ҳанӯз ҳам аз талаботи ҷомеа дида фаровон будани захираҳои табиат аст. Дар зинаи минбаъда, ки зинаи саноатӣ номгузорӣ шудааст, инсоният сарчашмаҳои навини энергияи бевосита дар табиат мавҷуднабударо кашф менамояд ва бо ин илмро ба яке аз воситаҳои муҳими истеҳсолӣ табдил медиҳад. Рушди ҷомеа дар ин зина муносибату муроқибаи ҷамъиятро ба табиат куллан дигаргун намуд. Акнун муносибати инсоният ба захираҳои табиат на ҳамчун сарчашмаи беинтиҳову хушкнашаванда, балки дар алоқа ба болоравии талаботи техникию хоҷагидории ҷомеаҳои пешрафта ва эҳтиёҷи наслҳои минбаъда хусусияти маҳдуддоштаро ба худ касб намуд. Яъне захираҳои табиат хусусияти маҳдудӣ дошта, талаботҳои инсони муосир хусусияти номаҳдудӣ пайдо карда истодааст. Болоравии ҳарчи бештари дарки ин масъала зарурияти интихоби муносибати ҳасанаи инсонро бо табиат ба миён овард. Равшан гашт, ки бо пайравӣ танҳо аз таъмини талаботҳои рузафзуни тамаддуни саноатӣ хатари ҳарчи бештар ба камшавии захираҳои табиӣ, ба вайроншавии мувозинати «табиат-ҷомеа» рӯ ба рӯ шудани инсоният меафзояд. Бинобар ҳамин ҳам дар ин зина кӯшиши ҷомеа дар баробари азхудкунии захираҳои табиат барои таъмини инкишофи худ инчунин ба ҷустуҷӯи роҳҳои ба эътидол овардани вусъати дахолати фаъолияти амалии дигаргунсозии инсон ба робитаҳои табиии биосфера нигаронида шудааст.

Чуноне ки баён шуд робитаи ҷамъият бо табиат якҷониба набуда, он дар асоси таъсири  мутақобилаи онҳо сурат мегирад. Зеро табиат низ ба инкишофи ҷомеа таъсири муайян мерасонад. Дар таърих назарияҳое мавҷуд буданд, ки таъсири табиатро ба ҷамъият то ҳадде муболиғаомез ҷилва дода, ҳодисаҳои ҷамъиятиро пурра дар асоси натиҷаи ин таъсирот шарҳ медоданд. Масалан тарафдорони назарияҳои хусусияти детерминизми ҷуғрофӣ дошта( Геродот, Ибни Халдун, Монтескё) чунин меҳисобиданд, ки ҳам хусусияти рӯҳии одамон, ҳам тарзи ҳаёти ҷамъиятии онҳо бевосита ба шароити табиии маҳалли муайян вобастагӣ дорад. Барои исботи ин фикр баёни номгӯи якчанд боби асари безаволи ҷомеашиносии Ибни Халдун «Муқаддима»-ро овардан бамавқеъ аст: Дар бораи таъсири ҳаво дар ахлоқи башар, Таъсири ҳаво дар рангҳои башар ва бисёре аз кайфийоту ҳолоти башар ва ғайра. Ба ақидаи ӯ дар он иқлиме, ки эътидоли гармию сардӣ мавҷуд аст, он барои ободонӣ ва умрон(тамаддунсозӣ) созгортар аст: «Ва аммо мардуми иқлимҳои сегонаи миёнӣ, ки дар манотиқи мӯътадили марказӣ ба сар мебаранд, аз лиҳози хилқату хӯй ва сират дар ҳадди эътидол мебошанд ва ба куллийаи шароити табиӣ барои эҷоди тамаддун ва умрон аз қабили: амри маош(иқтисод) ва маскан ва ҳунару дониш ва фармонравойӣ ва кишвардорӣ ихтисос ёфтаанд ва аъмоли эшон бар сифати эътидол буда аст чунон ки дар миёни онон даъватҳои паёмбарӣ падид омада аст ва ба таъсиси кишварҳо ва ташкили давлатҳо ва вазъи шаройеъ ва қавонин пардохта ва донишҳои гуногун ба ёдгор гузошта ва ба бунён ниҳодани шаҳрҳои бузургу кӯчак ва биноҳои бошукӯҳ ва кашфу кор ва ҳунарҳои зебо ва дигар кайфиёте, ки аз зиндагии мӯътадил ҳикоят мекунад, таваҷҷӯҳ кардаанд».

Воқеан ҳам шароити табиӣ ба инкишофи ҷамъият ба таври назаррас метавонад мусоидат ё, баръакс, мамониат кунад. Омилҳои мусоидаткунандаи мӯҳити табиӣ пеш аз ҳама дар шаклу усулҳои хоҷагидории ҷомеаҳо таъсири бузург дорад. Ин пеш аз ҳама дар таъсири он ба ҷойгиршавӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, суръат бахшидан ба пешрафти истеҳсолот, аз ҷиҳати сарфи энергея сермасраф ё каммасраф кардани раванди истеҳсолот ва ғайра ифода меёбад. Дар навбати худ дараҷаи инкишофи истеҳсолот ҳар қадар баланд бошад ҳам, вале ҷараёни тағирёбии раванди ҳодисаҳои дар табиат амалкунанда хусусияти идоранашавандагияшонро нигоҳ медоранд. Муҳити табиии ҳаёти ҷомеа низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи коинот таҳти таъсири фаъолияти амалии инсон таҳаввул ва инкишоф меёбад. Бинобар ҳамин ҳам дар заминаи таълимотҳои фалсафии муосир  таъкид мешавад, ки дар сайёраи мо чунин таҳаввулоту дигаргуниҳо борҳо ҷой доштанд ва онҳо боиси барҳам хурдани хелҳои гуногуни набототу ҳайвонот ва пайдоиши хелҳои нави онҳо гардиданд. Ин раванди бебозгашти таҳаввулоти муҳити табиии ҳаётгузаронии ҷомеа, яъне биосфера(муҳити тамоми мавҷудоти зинда) ба ноосфера(соҳаи ақлу хирад, дарбаргирандаи фаъолияти оқилонаи инсон) мебошад. Ин мафҳум аввалан аз ҷониби Тейяр де Шарден пешниҳод шуда, баъдан онро олими рус Вернадский шарҳу эзоҳи мукаммал додаст. Ба андешаи Вернадский инсоният бо мурури азхуд намудани қонунҳои дар табиат амалкунанда ва дар заминаи он рушд додани техникаю технологияи муосир табиатро вобаста ба талаботҳояш дигаргун месозад, яъне ноосфераро меофарад. Вале барои он ки чунин дигаргунсозиҳои табиат хусусияти идорашавандаро дошта бошанд ва баъдан ба зарари худи ҷомеа анҷом наёбанд, зарур аст, ки инсон шартҳои оқилонаи муносибатро бо табиат барқарор намояд. Дар ҳамин замина илми экология ташаккул ёфт, ки ҳадафи аслияш ба дарки қонуниятҳои таъсири мутақобилаи мавҷудоти зинда ва шароити берунии сукунати он бо мақсади таъмини мувозинати динамикии низоми «ҷамъият-табиат» нигаронида шудааст. Зеро вазъи имрӯзаи вусъати дахолати фаъолияти амалии дигаргунсозии инсон ба робитаҳои табиии биосфера аз инсон чунин муносибатеро ба табиат талаб менамояд, ки он бояд хусусияти ҳамзистии осоиштаро бо ҳамдигар дошта бошанд. Яъне инсоният бояд муносибати худро бо табиат ҳамчун воҳиди том дарк кунад ва аз захираҳои он оқилона истифода барад ва роҳҳои барқарор намудани наслу навъҳои гуногуни набототу ҳайвоноти имрӯз маҳвшавандаро пайдо намояд. Ташаккули шуури экологӣ яке аз заминаҳои муассири дастёбӣ ба ин мақсад дониста мешавад.


Асосхои табии хаёти чамъият