Мазмун ва методҳои ҷаҳонбинии илмӣ

Мазмун ва методхои чахонбинии илми


Барои ҷаҳонбинии илмии хонандагон азхудкунии тамоми ҳаҷми донишҳои табиатшиносӣ, гуманитарӣ ва фанҳои хусусияти тарбияи эстетикидошта аҳамияти муҳим доранд. Бо вуҷуди ин, дар ҳалли ташаккули ақида ва эътиқод аҳамияти хулосабарорӣ дар мазмуни маълумоти мактабӣ ғояҳои масъалаи ҷаҳонбинӣ нисбати инкишофи табиат, ҷамъяит ва шуури инсонӣ нақши муҳим мебозад.

Ин аз ҳар як муаллим чуқур фаҳмида гирифтани ғоя ва барои ташаккул додани ҷаҳонбинии хонандагон дуруст истифода бурда тавонистани онҳоро тақозо мекунад. Ба ғояҳои муҳим инҳоро дохил кардан мумкин аст: моддӣ будани олам ва қонунияти объекивии инкишофи он; ҳаракат ҳамчун шакли олам ва қонунияти объективии инкишофи он; ҳаракат ҳамчун шакли мавҷудияти материя; аввалин будани материя ва дуюмин будани шуур; муборизаи зидҳо ва инкишоф; фаҳмидашавандагии олам ва қонуниятҳои он; амалия асоси маърифат ва меъёри ҳақиқат; нақши меҳнат дар ташаккули одам; истеҳсолоти модди – асоси инкишофи ҷамъият; роли ҳалкунандаи оммаи халқ дар таърих, шакл ва роли шуури иҷтимоӣ дар инкишофи ҷамъият; нақш ва мавқеи шахсият дар пешрафти ҷомеа ва ғайра.

Умуман, дар мактаби маълумоти умумӣ ягон фанни таълимие нест, ки ину он тавр ба инкишофи ҷаҳонбинии илмии талабагон таъсир накарда монад.

Барои бо ҷаҳонбинии илмӣ мусаллаҳ намудани талабагони синфҳои ибтидоӣ корҳои беруназтаълимӣ, аз қабили маҳфилҳои фаннӣ, хониши беруназсинфӣ, корҳои оммавӣ – маданӣ, машғулиятҳои истгоҳи техникон ва табиатшиносони ҷавон, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди ташкили фаъолияти меҳнатӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонӣ имкониятҳои калон дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар синфҳои I – IV бештар тавассути «Алифбо», дарсҳои хониш, шиносоӣ бо муҳити зист, табиатшиносӣ, санъати миллӣ ва меҳнат, санъати тасвирӣ ҷаҳонфаҳмии илмии хонандагон вусъат дода мешавад. Дар ҳалли ин масъала махсусан санъати миллӣ ва меҳнат нақши калон мебозад. Хонандагон мавриди корҳои амалиашон пай мебаранд, ки бунёдкори ҳамаи чизҳо худи одамонанд ва бахту саодат дар меҳнати самарабхши онҳост.

Вақте ки худи бача бо дасташ месозад, мекорад, мепарварад, мебардорад, зуд боварӣ хосил мекунад, ки сарватҳои зиндагӣ маҳз маҳсули қудрати хираду бозувони инсон аст.

Одобу рафтори шууронаи хонандагон бештар тибқи маводҳои хониш ва инкишофи нутқ, ҳамчунин одобнома сурат мегирад. Меъёри ахлоқи ҳамида, ки ба ҳаёти амалии рӯзмараи мардуми мо пайваста аст, дар принсипи ахлоқи коллектив ва ёрию ёварии байни ҳамдигарии одамон бараъло дида мешавад. «Як кас барои ҳама – ҳама барои як кас». Ин гуна ҳамкорӣ ва ҳаммаслакӣ ба шахс нерӯи маънавӣ ва рӯҳии тоза мебахшад.

Маҳз ахлоқи шуурона метавонад одамро ҳалолкор, поквиҷдон, нармдилу хушмуомила гардонад. Ахлоқи дуруст ба рафтору кирдори оқилона такя намуда, муносибати ҳақиқатан инсонвории байни одамон – муносибати ҳамкорию ёрии ҳамдигарии рафиқона, хайрхоҳиву поквиҷдонӣ, шикастанафсию хоксориро дар ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ бояд пойдор гардонад. Зеро бузургон таъкид кардаанд, ки ҷавони хоксору ботавозӯъ ҳаргиз хор нашавад. «Тавозӯъ сабаби рафъат (баландӣ) аст». Дар ҳадис омадааст, ки ҳар ки фурӯътанӣ намояд, дараҷаи ӯ баланд гардад.

Оқилона муносибаткунӣ нафақат ба кашфиётҳои илми рӯзафзун пайравӣ дорад, инчунин аз таълимоти ниёгон, асарҳои классикон ва манбаъҳои динние, ки ҳақиқати воқеиятро дуруст инъикос мекунанд ва аз он ҳикматҳое, ки баҳри ахлоқи ҳамида ва рушду нумӯи шахс таъсири мусбат мерасонанд, бархурдор мегардад.

Мардуми мусулмон асрҳои аср ба китоби муқаддас «Қуръон» саҷда оварда аз нишондодҳои муфиди он: илму адаб, меҳнати ҳалол, пок нигаҳдории тану рӯҳ, ахлоқи ҳамида, ростиву ростқавлӣ, раҳмдиливу инсоф, ҳаё, меҳру шафқат, эҳтирому муносибати мақбули инсонӣ ба авлодони хеш ва мӯҳтоҷон, ба камолрасонии фарзандони поктинат ва ғайраҳо бархурдор шуда омадаанд. Чанде аз он аҳкоми муфиди динӣ далел меорем: «Ва бипарастед Худоро ва шарики ӯ муқаррар мекунад чизеро ва ба падару модар некӯъкорӣ кунед ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ба ҳамсояи аҷнабӣ ва ба ҳамнишини бар паҳлӯ нишаста ва ба мусофир ва ба он чӣ дасти шумо молики ӯ шуд (яъне ғуломон ва канизон). Ҳар оина Худо дӯст надорад касеро, ки бошад мутакаббирӣ худситоянда» (4 : 36). «Суол мекунанд туро аз шароб ва қимор. Бигӯ: дар ин ҳар ду гуноҳи сахт аст… ва гуноҳи ин ҳар ду сахттар аст аз нафъи онҳо» (10 : 219). «Фиреб медиҳанд Худоро ва мӯъминонро ва ба ҳақикат намефиребанд магар худро ва огоҳ намешаванд» (2 : 9).

Мувофиқи таълимоти ислом ҳадис баъди қуръон манбаъи дуюми динӣ ба шумор меравад. Дар ҳадисҳо мақолу маталҳои дар байни халқ паҳншуда, афаризмҳои муфид низ фароҳам оварда шудаанд. Дар онҳо фазилатҳои неки инсонӣ доғ наовардан ба шаъну шарафи одамӣ тарғиб ёфтаанд. Ҳадисҳо дар тарбияи одамон, алалхусус авлоди ҷавон аҳимияти калон доранд. Дар зер мо аз онҳо чанде мисол меорем:


Биҳишт зери пои модарон аст.

Офати илм фаромӯшист.
Офати сухан дурӯғ аст.

Талаби илм барои ҳар мард ва зани мусулмон фарз аст.

Ахлоқи хуш гуноҳро об мекунад, чунонки офтоб яхро.

Падарон се гунаанд: он ки воситаи офариниши туст, он ки занат дода (падари зан) ва он ки илмат омӯхта.

Бидонед, он кас, ки фарзанди худро адаб биёмӯзад, беҳ аз он аст, ки паймонае гандум садақа диҳад.

Ҳар кас, ки бемореро аёдат намояд, ҳамвора вориди дарёе аз баракат шуда ва дар он ғӯта мехӯрад то биосояд…


Ҳамаи ин панду ҳикматҳои ҳаётан муҳими рӯзгори гузаштагонамон дар ҳаёти имрӯза ҳам қимати тарбиявии худро гум накардаанд.

Набояд фаромӯш кард, ки методи умдаи камолоти ақлу заковат дар таълим ва тарбия – исботнамоӣ, боваркунонӣ аст. Ин методест, ки муқоисаи ҳақикат бо дурӯғ прогресс бо иртиҷоӣ, нав бо кӯҳна, анъанаҳои муфид бо зараоварро талаб мекунад.

Дар тарбияи шууронаи хонандагон ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ ва корҳои тарбиявӣ методҳои зерин низ мавриди истифода қарор мегирад: сӯҳбат (умумӣ ва фардӣ), таҷрибагузаронӣ, фаҳмонидан, намоишдиҳӣ, мушоҳида, лексияю марӯза (барои волидайн), алоқамандӣ бо ҳаёт ва ғайра.

Ҳамаи ин методҳо бо назардошти ба ҳисоб гирифтани дараҷаи дониш ва хусусиятҳои синну солии хонандагон истифода мешаванд.

Методу усулҳои асосии исботнамоӣ ва боваркунонӣ бояд баҳри азтаассуф раҳо додани хонандагон ва одамон хизмат кунанд. Дар ин ҷода нисбат ба диндорон дағалона муносибат кардан, ба иззати нафсашон сахт расидан, онҳоро таҳқиру маҷбур намудан мумкин нест.

Ин ба нишондоди Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии мо, ки ба шаҳрвандон озодии виҷдон додааст, мухолиф аст. Агар муаллим дар мактаб, чун пештара, ба бачаи рӯзадор сиёсат карда зӯран рӯзаашро хӯронад, аз ин чӣ суд, ҳамин ки аз мактаб баромад «гуноҳаш ба гардани муаллим» – гӯён боз рӯза дошан мегирад. Чунин тарзи корбарӣ бархилофи тарбияи шуурона аст.

Ба вай бо дилсӯзӣ дар кӯдакӣ зарар доштани рӯзадориро ба далелҳои боварибахш фаҳмондан лозим аст, то ки шуурона рафтор кунад ва ба ҷисми ҷавони ҳар лаҳза инкишофёбандааш ҷабр накунад. Он диндороне, ки бо тоату ибодат машғуланд, шахсони аз ҷиҳати сиёсӣ шубҳанок пиндоштан хатои маҳз аст. Онон дар ҷамъият ҳалол меҳнат мекунанд, ба қонунҳои давлатӣ виҷдонан риоя менамоянд.

Дар сафи онон симоҳои шарифе ҳастанд, ки дар рафтору кирдор, ҳалолкорию поквиҷдонӣ, ахлоқи ҳамида шоистаи ибратанд. Фақат камбудиашон дар он аст, ки оиди баъзе масъалаҳо аз нигоҳи пешрафти илму дониши замона огоҳ нестанд. Бинобар ин бо роҳи фаҳмондан ононро аз таассуфҳои нофаҳмӣ раҳо додан кори хайр аст.


Мавзӯи пурра: Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он >>

ҚаблӣМоҳияти ҷаҳонбинӣ ва қисматҳои муҳими он
БаъдӣШартҳои ба ақида, эътиқод ва идеалҳо гузаронидани донишҳо