Дастгоххои дохилкунии иттилоот (Клавиатура, муш)

Дастгоҳҳои дохилкунии иттилоот (Сафхакалид (Клавиатура), муш), Тачхизотхои дохилкунии иттилоот. Дастгоҳҳои воридкунии иттилоот (input devices) ба компютер хеле зиёд ва гуногунанд. Муҳимтарини онҳо сафҳакалид ва муш ба ҳисоб мераванд. Сафҳакалид (keyboard – клавиатура) афзори дохилкунии иттилооти ҳарфӣ-рақамӣ мебошад. Ҳар як тугмаи сафҳакалид сарпӯшеро мемонад, ки зери он калиди миниатурии мембранавӣ ҷойгир шудааст. Микропротсессори махсус, ки дар сафҳакалид васл гардидааст, вазъи ин калидҳоро ба ҳисоб мегирад ва пас аз ҳар як пахшкунию раҳокунии онҳо ба компютер маълумоти заруриро интиқол медиҳад. Ин маълумотҳо тавассути системаи амалиётӣ коркард мешаванд.

Аз рӯи вазифа тугмаҳои сафҳакалидро ба панҷ гуруҳ ҷудо менамоянд: ҳарфӣ-рақамӣ, функсионалӣ, рақамии махсус, мудирияти курсор ва ёрирасон. Гарчанде барномаҳои гуногун вазифаи баъзе тугмаҳои сафҳакалидро бо тарзи ба худ хос тағйир дода тавонанд ҳам, вале дар аксар мавридҳо онҳо амалҳои якхеларо иҷро менамоянд.

Блоки ҳарфӣ-рақамӣ дар қисми мобайну поёнии чапи сафҳакалид ҷойгир аст. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран ҳарфҳои алифбои кириллӣ ё лотинӣ (вобаста аз реҷаи интихобшуда), рақамҳо ё аломатҳои махсус пайдо мешаванд. Агар реҷаи кори сафҳакалид бо алифбои лотинӣ бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран аломатҳои дар қисми чапу болоии тугмаҳо ҷойгирбуда пайдо мешаванд. Ин қоида ба тугмаҳои сатри якуми блок дахл надорад. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин сатр аломатҳои поёнии тугмаҳо (асосан рақамҳо ва аломатҳои ~ =) пайдо мешаванд. Барои ҳосил намудани аломатҳои болоии сатр бошад, тугмаҳои онҳоро дар якҷоягӣ бо тугмаи ёрирасони «шифт» (Shift – лағжондан, тағйир додан) – Shift пахш намудан лозим аст. Истифодаи тугмаи чап ё рости Shift аҳамият надорад.

Якҷоя пахш намудани ду ва ё зиёда тугма маънои онро дорад, ки тугмаҳои ёрирасонро пахш карда истода, дар айни замон тугмаи асосиро низ пахш кардан лозим аст. Дар чунин мавридҳо аз ангуштони ҳар ду даст истифода бурдан мувофиқ аст. Агар ҳангоми ғайрифаъол будани тугмаи CapsLock тугмаҳои ҳарфии блок дар якҷоягӣ бо тугмаи Shift пахш карда шаванд, он гоҳ дар экран ҳарфҳои калони алифбои ҷорӣ ва дар мавриди фаъол будани ин тугма, баръакс ҳарфҳои хурд ҳосил мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агар реҷаи кори сафҳакалид бо алифбои кириллӣ бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ҳарфии ин блок дар экран аломатҳои дар қисми росту поёнии тугмаҳо ҷойгирбуда пайдо мешаванд.

Барои аз як реҷа ба реҷаи дигари корӣ (аз кириллӣ ба лотинӣ ё баръакс) гузаштан комбинатсияи тугмаҳои ёрирасонро истифода бурдан лозим аст. Истифодаи навъи комбинатсия аз драйвери сафҳакалид вобаста аст. Баъзе драйверҳо пахши якҷояи тугмаҳои Ctrl ва Shift, дигарашон Alt ва Shift ва ғайраро талаб менамоянд.

Агар матн танҳо аз ҳарфҳои калон иборат бошад, он гоҳ бо пахши тугмаи ёрирасони CapsLock (кэпслок) ин корро ба осонӣ анҷом додан мумкин аст. Худи маънои caps lock низ бақайдгирии ҳарфҳои калон аст. Дар мавриди фаъол будани реҷаи ҳарфҳои калон дар сафҳакалид индикатори махсуси Caps Lock фурӯзон мегардад. Агар дар ин ҳолат тугмаҳои ҳарфии блок дар якҷоягӣ бо тугмаи Shift пахш карда шаванд, он гоҳ тавре қайд кардем, дар экран ҳарфҳои хурд пайдо мешаванд. Яъне, ин реҷа баръакси реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Пахши такрории тугмаи CapsLock реҷаи ҳарфҳои калонро бекор мекунад ва индикатори ҳамномаш низ хомӯш мегардад.

Дар маркази қисми поёнии блоки ҳарфӣ-рақамӣ тугмаи дарозтарини сафҳакалид – «фосила – пробел» ҷойгир аст. Новобаста ба реҷаи кор ё пахши тугмаи Shift ин тугма ҳамеша як вазифа – фосилагузориро иҷро менамояд.

Сабаби функсионалӣ ном гирифтани тугмаҳои сатри якуми сафҳакалид аз он иборат аст, ки онҳо вобаста аз системаи амалиётӣ ва барномаи татбиқии айни ҳол истифодашаванда метавонанд вазифаҳои (функсияҳои) гуногунро иҷро намоянд.  Баъзе барномаҳо вазифаи ин тугмаҳоро дар якҷоягӣ бо пахши тугмаҳои ёрирасони Сtrl ё Alt ва ё Shift низ муайян месозанд. Дар аксар барномаҳо пахши тугмаи F1 ба экран баровардани системаи маълумотдиҳандаро таъмин месозад.

Тугмаҳои <-, ->, (тирча ба боло­), (тирча ба поён), Home, End, PgUp, PgDn тугмаҳои мудирияти (идории) курсор (kursor) ном доранд. Ин тугмаҳо дар байни блокҳои ҳарфӣ-рақамӣ ва рақамии махсус ҷойгиранд. Ҳангоми пахши ин тугмаҳо курсор мавқеъи худро дар экран тағйир медиҳад.

Курсор чист?

Курсор – нишонаест, ки дар экран ба воситаи он мавқеи амалиётгузаронӣ муайян карда мешавад.

Дар ҳар як барнома курсор метавонад ягон шакли геометриро қабул намояд. Масалан, дар виросторони матнӣ вай шакли хатчаи амудӣ, дар дигар барномаҳо шакли хатчаи милт-милткунандаи уфуқӣ, дар баъзеи дигарашон шакли мураббаъ ё секунҷа ва ғайраро дорад. Самти тугмаҳои тирчадори сафҳакалид самти ҳаракати курсорро дар экран нишон медиҳанд. Миқдори пахши ин тугмаҳо миқдори мавқеъҳои ҳаракати курсорро ба ин ё он самт ба танзим меорад.

Ҳангоми дар якҷоягӣ бо тугмаҳои ёрирасони Ctrl, Alt ва Shift пахш намудани тугмаҳои идоракунандаи курсор вазифаҳояшон тағйир меёбанд. Масалан, пахши якҷояи тугмаҳои Ctrl ва Home курсорро ба аввали матни санад ва пахши тугмаҳои Ctrl ва End бошад, ба охири матни он равона месозад.

Блоки рақамии махсус дар қисми рости сафҳакалид ҷойгир аст. Тугмаҳои он вобаста аз реҷаи кориашон метавонанд ду вазифаро иҷро намоянд: масалан, агар тугмаи NumLock пахш карда шуда бошад, он гоҳ ин блок барои дохилкунии рақамҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва амалҳои арифметикии + – * / хеле созгор аст. Дар ин маврид индикатори ҳамноми тугма низ дар сафҳакалид фурӯзон аст. Ҳангоми хомӯш будани индикатор тугмаҳои ин блок вазифаи тугмаҳои идоракунии курсорро иҷро менамоянд.

Таъйиноти тугмаҳои ёрирасон ва махсус:

  • Del ё Delete – ҳазфи аломат ё фрагменти матни ҷудокардашудаи тарафи рости курсор (Delete – ҳазфкунӣ);
  • BackSpace ё Ü – ҳазфи аломат ё фрагменти матни ҷудокардашудаи тарафи чапи курсор (BackSpace – бозгашт);
  • Ins ё Insert – ивазкунии аломати мавҷуда бо аломати дохилшаванда. Дар ҳолати ғайрифаъолии ин тугма аломати мавҷуда як мавқеъ ба тарафи рост мелағжад ва ҷойи онро аломати дохилшаванда мегирад (Insert – миёнагузорӣ, иловкунӣ);
  • Enter ё ¿ – вазифаҳои зиёд дорад: дохилкунии фармон, гузариш ба сатри нав, ба охир расонидани матни абзатс ва ғайра. Ин тугма (Enter – дохилкунӣ) дар ду блок – ҳарфӣ-рақамӣ ва рақамии махсус такрор мешавад;
  • Esc – лағви иҷроиши фармон (Esc – гурехтан, бекор кардан);
  • Tab – дар таҳрири матн: гузариш ба 8 мавқеъ; дар таҳрири ҷадвал: гузариш аз як майдон ба майдони дигар, аз як сутун ба сутуни дигар;
  • PrtSc – нусхагирии иттилооти мавҷудаи экран ва ба буфери мубодила (Prtsc/PrintScreen – чопи экран);
  • Ctrl, Alt, Shift – бо дигар тугмаҳо якҷоя пахш шуда, вазифаи онҳоро тағйир додан (Ctrl, control – назораткунӣ, Alt – алтернативӣ, Shift – ҷойивазкунӣ). Ба мисли тугмаҳои Enter, Del, Ins, Home, End дар сафҳакалид ду маротибагӣ такрор меёбанд.

Танзими сафҳакалид. СА Windows ва Linux дорои имкониятҳои васеи танзимкунии муҳити кории худ мебошанд. Мақсад аз танзими система – ташкил намудани муҳити мусоид ва пурсамари корӣ аст.

Объектҳои асосии танзимшавандаи Windows – воситаҳои идорӣ ва ороишии он мебошанд. Онҳоро бо ёрии менюи асосии система, афзорҳои лавҳаи мудирият, менюҳои матнӣ-динамикии объектҳо, ҷузъҳои идории равзанаҳои робитавӣ ва замимаҳои система ба танзим овардан мумкин аст. Ҳангоми истифодаи фармони Оғоз}Лавҳаи мудирият (Пуск}Панель управления) дар экран равзанаи ҷузвдони лавҳаи мудирият пайдо мешавад. Дар майдони кории ин равзана нишонаи объектҳои танзимшаванда оварда шудаанд. Ҳар як объект бо ёрии имкониятҳои равзанаи худ танзим карда мешавад.

Барои танзими сафҳакалид дар равзанаи лавҳаи мудирият нишонаи «Клавиатура»-ро пахш бояд намуд. Дар натиҷа равзанаи робитавии Хосиятҳои сафҳакалид (Свойства: Клавиатура) кушода мешавад. Равзана аз ду тугмаи қабатӣ – Суръат (Скорость) ва Таҷҳизот (Оборудование) иборат аст. Ба воситаи тугмаи якум суръати такрори худкори аломатҳои сафҳакалид ва зудии лаппиши курсор дар экран ба танзим оварда мешаванд. Тугмаи дуюм барои интихоби навъи сафҳакалид ва ҳолату хосиятҳои он (стандартӣ будан ё набудан, тавассути бандар бо компютер пайваст шудан ё нашудан, муътадил кор кардан ё накардан) хизмат мерасонад. Ҳангоми фаъол будани тугмаи қабатии Таҷҳизот дар равзанаи робитавии Хосиятҳои сафҳакалид тугмаи амрии Хосиятҳо пайдо мешавад, ки он барои ба танзим овардани хосиятҳои сафҳакалид имкониятҳои зиёдтарро фароҳам меорад.

Муш

Муш. Қайд кардан зарур аст, ки новобаста ба имкониятҳои хеле зиёд доштани сафҳакалид, бо ёрии он дар экран тағйир додани қисми ягон шакли геометрӣ ё тасвири графикии дигар хеле душвор аст. Вале иҷрои ин гуна амалиёт тавассути дастгоҳи махсуси дохилкунии иттилоот, ки муш ном дорад, тамоман осон аст.

Аз муш (mouse – мышь) тамоми барномаҳои муосир истифода мебаранд. Гарчанде бо ёрии он дохилкунии иттилооти намуди матнӣ ва рақамӣ номувофиқ бошад ҳам, вале вай дар дохил кардан ва тағйир додани иттилооти намуди графикӣ беҳамтост.

Ҳоло дар баробари муш таҷҳизотҳои дигар – трекбол, трекпойнт, лавҳаи сенсорӣ ва ғайра рӯи кор омадаанд, ки онҳо аслан ивазкунандаи баъзе вазифаҳои муш ба ҳисоб мераванд. Азбаски ба воситаи ҳамаи ин таҷҳизотҳо ин ё он ҷузъи экран нишон дода мешавад, бинобар он онҳоро дар якҷоягӣ механизм-нишондиҳандаҳо мегӯянд.

Муш манипуляторест (афзори зуд ҳаракаткунанда), ки зери кафи дасти инсон баҳузур меғунҷад. Вай ду ё се тугма дорад. Ҳангоми дар ҳамворӣ (болои миз ё қолинчаи пластикӣ) ба ин ё он тараф ҳаракат додани муш дар экран мувофиқан аломате ба ҳаракат меояд, ки онро мушнамо (mouse pointer) мегӯянд. Муш маҳз барои идоракунии мушнамо хизмат мерасонад. Мушнамо вобаста аз барномаи ҷорӣ ё амалиёти иҷрошаванда метавонад шаклҳои гуногунро қабул намояд. Одатан дар экран вай дар шакли тирчаи ба тарафи чап моилбуда  пайдо мешавад. Агар ҳангоми ҳаракат муш ба канорҳои ҳамворӣ наздик шавад, он гоҳ кифоя аст, ки онро бардошта ба ҷойи мувофиқтаре гузорем ва корро давом диҳем.

Мушҳоро аз рӯи сохташон ба гуруҳҳо ҷудо мекунанд:

  • механикӣ;
  • механикӣ-нурӣ;
  • нурӣ.

Дар қисми поёнии мушҳои механикӣ одатан саққочае ҷойгир аст, ки ҳангоми дар ҳамворӣ ба ҳаракат даровардани муш вай чарх мезанад. Ҳангоми чархзании саққоча бо ёрии датчикҳои (хабаррасон) махсуси муш доир ба самти ҳаракати он ба экран сигнал равон карда мешавад ва дар натиҷа дар экрани компютер мушнамо ба ҳаракат медарояд.

Мушҳои нурӣ механизми мураккаб ба ҳисоб рафта, бо видеокамераи миниатурӣ ва таҷҳизоти махсуси нурафкан ҷиҳозонида шудаанд. Таҷҳизоти нурафкан ба самти ҳаракати муш ранги сурх меафканад. Видеокамера бошад бо суръати аз 1500 то 6000 кадр дар як сония рӯи ҳамвории муш ҳаракаткунандаро расмгирӣ менамояд. Микропротсессори махсус ду кадри охирони расмҳоро муқоиса намуда, аз рӯи онҳо самти ҳаракати мушро муайян менамояд, ки он сабабгори ба ҳаракат омадани мушнамо дар экран мегардад.

Мушҳои механикӣ-нурӣ хосиятҳо ва имкониятҳои ҳарду навъи мушҳои тафсиршударо доро мебошанд.

Тугмаи асосии муш тугмаи чап ба ҳисоб меравад. Аз тугмаи рост дар мавридҳои махсус истифода мебаранд. Бо роҳи танзим вазифаи тугмаҳои чапу ростро (масалан, барои шахсони чапдаст) иваз кардан мумкин аст.

Амалиёти асоситарини бо ёрии муш анҷомёбанда:

  1. Интихоби объект – мушнаморо ба болои нишонаи объект гузоштан ва тугмаи чапро зуд пахш (click) карда сар додан. Ранги нишонаи объекти интихобшуда равшантар мегардад.
  2. Иҷрои амалиёт – мушнаморо ба болои нишонаи объект гузоштан ва тугмаи чапро зуд-зуд ду маротиба пахш (double click) карда сар додан.
  3. Ҷойивазкунии объектҳо – мушнаморо ба болои нишонаи объект гузоштан, тугмаи чапро пахшкунон нишонаро ба мавқеи нави экран кӯчонидан (drag) ва тугмаро сар додан.

Калидвожаҳо: ДАСТГОХХОИ ДОХИЛКУНИИ ИТТИЛООТ, Сафхакалид, Клавиатура чист? Муш, мушак.

ҚаблӣМаданияти Хиндустон (Хиндустони кадим)
БаъдӣМаслихатхои муфид барои хар руз