Кисмхои асосии компютер

Дар ин мавод маълумот дар бораи Кисмхои асосии компютер, кисмхои асосии компьютер оварда мешавад:

Қисмҳои асосии компютери фардӣ

Тавре маълум аст, компютери фардии IBM РС дар ду намуд рӯйимизӣ ва ҳамроҳ истеҳсол карда мешавад. Ба таҷҳизоти асосии намуди рӯйимизии ин КФ блоки системавӣ, монитор (экран), сафҳакалид ва муш дохил мешаванд.

Компютери фардии рӯйимизӣ ҳамчун таҷҳизоти ягона сохта нашуда, балки аз қисмҳои алоҳидаи мустақил иборат аст. Ин усул имконият медиҳад, ки қисми алоҳидаи компютер дар вақти дилхоҳ такмил ёфта, ҳатто бо таҷҳизоти нав иваз карда шавад. Ин усули пайвастани қисмҳои компютерро, ки бо номи сабки кушодасохт (принсипи архитектураи кушода ё ошкор) шуҳратёр гаштааст, ширкати IBM дастраси озоди ҳамагон гардонид. Бинобар ин ҳоло таҳти номи IBM РС дар тамоми гушаву канори олам компютерҳои фардӣ истеҳсол карда мешавад.

Гарчанде дар назари аввал блоки системавӣ қисми аз ҳама камаҳамият намояд ҳам, вале дар асл маҳз ҳамин қисм қисми асоситарини компютери фардӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин қисм тамоми таҷҳизоти марказии компютер маҳфуз аст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • микропротсессор;
  • хотираи фаврӣ;
  • платаи асосӣ;
  • нозирони (controller) электронӣ;
  • блоки таъминоти барқ;
  • дискдонҳо (CD-ROM, DVD-RW);
  • кортҳои садоӣ; модем, факс-модем ва ғайра.

Нозир чист? (дар компютер)

Нозир схемаи электрониест, ки кори сахтафзори компютерро идора мекунад. Ҳар як таҷҳизоти компютерӣ усули махсуси бо нозири худ пайваст шуданро дорад.

Ба блоки системавӣ, инчунин, таҷҳизоти гуногуни воридот ва содироти иттилоотро пайваст ё илова кардан мумкин аст, ки онҳо имкониятҳои вазифавии компютерро васеъ мегардонанд. Қисми зиёди чунин сахтафзорҳо ба блоки системавӣ аз берун пайваст карда мешаванд. Бинобар ин онҳо мувофиқан таҷҳизоти беруна ном гирифтаанд.

Монитор чист?

Монитор таҷҳизотест, ки раванди интиқоли иттилоотро аз компютер дар экрани худ инъикос менамояд ва мавҳеи иттилооти ба воситаи сафҳакалид ё муш ба компютер воридшудаистодаро дар экран нишон медиҳад.

Иттилооти дар экран инъикосшаванда ба монитор аз видеокорти компютер интиқол дода мешавад. Мониторҳо дар намудҳои гуногун, масалан найчаи электронй-нурӣ (CRT), кристали моеъ (LCD), плазмавӣ (PDP) ва ғайра истеҳсол карда мешаванд. Имрӯзҳо аз ҳама бештар монитори LCD мавриди истифода қарор дорад.

Сафҳакалид таҷҳизотест, ки аз маҷмӯи тугмакалидҳо иборат буда, барои ба компютер ворид кардани иттилоот ва идора кардани раванди иҷрои барномаҳо пешбинӣ шудааст.

Аз сафҳакалид бештар ҳангоми ҳуруфчинии матнҳо, навиштани барномаҳо, пур кардани ҷадвалҳои ададӣ, идора кардани матн дар экрани монитор ва ғайра истифода мебаранд. Сафҳакалид дар намудҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.

Муш низ таҷҳизотест, ки асосан барои ба компютер ворид кардани иттилоот ва идора кардани раванди кори компютер пешбинӣ шудааст.

Тарзи корбарӣ бо муш нисбат ба сафҳакалид хеле осон буда, раванди иҷрои ин ё он амалро дар экран аз рӯйи ҳаракати мавзуни мушнамо идора мекунанд. Муш дар интихоби нишонаҳо, кушодани равзанаи барномаву санадҳо, корбарӣ бо объектҳои графикӣ ва амалиёти гуногун афзори беҳамтост.


Саволҳо

  1. Компютери фардии IBM РС дар чанд намуд истеҳсол карда мешавад? онҳо аз ҳамдигар чӣ Фарқ доранд?
  2. Ба таҷҳизоти асосии намуди руйимизии КФ IBM РС кадом сахтафзорҳо дохил мешаванд?
  3. Сабки кушодасохти компютер чӣ маъно дорад?
  4. Блоки системавии компютер чӣ вазифа дорад? Кадом таҷҳизоти дохили онро номбар карда метавонед?
  5. Вазифаи монитори компютер аз чӣ иборат аст? Вазифаи сафҳакалид ва муш чй?

ДАСТГОҲҲОИ ХОРИҶКУНИИ ИТТИЛООТ

ҚаблӣҲол (Хол, аъзои пайрави ҷумла)
БаъдӣМенюи «Оғоз» (Пуск)

2 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед