Давлатхои форсизабон. Давлати Элом. Ташкилёбии давлати Элом. Мубориза бахри истиклолият. Бархам хурдани давлати Элом.
Ташкилёбии давлати Элом
Дар қаламрави Эрон ва як қисми Байнаннаҳрайн аҷдоди мардуми ориёнажод ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV пеш аз милод маскун гардида, дар кишоварзӣ, косибӣ ва шаҳрсозӣ ба муваффақиятҳои арзанда ноил шуда буданд. Дар ҳазорсолаи III пеш аз милод дар Элом ном минтақаи бузург, ки қисмати ҷанубу ғарбии Эрони имрӯзаро дар бар мегирифт, давлатҳои қадимтарини аҷдоди мардуми ориёӣ ба вуҷуд омадаанд. Пойтахти яке аз онҳо шаҳри калони Суз буд. Ба мо давлатҳои эломии Аван, Аншан, Кимаш ва Симаш маълуманд.
Тахминан дар миёнаҳои ҳазорсолаи III пеш аз милод давлатҳои Элом дар атрофи шаҳри Суз муттаҳид шуда, давлати марказиятноки Эломро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои XXIV–XXIII пеш аз милод Аккади пурзӯр бар зидди Элом борҳо лашкар мекашад. Элом ба Аккад муқобилат нишон дода натавониста, таслим мешавад.

Мубориза баҳри истиқлолият
Бо вуҷуди тобеият ба Аккад сулолаи шоҳҳои Ура, ки ҳукмрони Элом буданд, барои ба даст даровардани истиқлолияти Элом муборизаро давом доданд. Ҳамин тариқ, Элом ҳангоми ҳукмронии сулолаи III шоҳҳои Ур – охирҳои асри XXI пеш аз милод – истиқлолият ба даст даровард. Шоҳ Кутарнаххунтеи I, ки дар Элом ҳукмронӣ кардааст, ҳатто ба Аккад ҳуҷум намуда, онро ба хок яксон кард. Элом то миёнаҳои асри XIV тавонист истиқлолияти худро ҳимоя кунад. Баъд онро Бобил ишғол намуд ва танҳо соли 1180 пеш аз милод ба шоҳи Элом Шутрукнаххунтеи I муяссар шуд, ки бобилиҳои истилоъгарро аз мамлакат пеш карда, баъди ин бо лашкари пурзӯри худ ба ин мамлакат зада дарояд. Лашкари Элом Байнаннаҳрайнро ба даст дароварда, шаҳри Бобулро ғopaт кард. Шутрукнаххунтеи I аз Бобул ба шаҳри Суз ғанимати бисёре овард. Дар байни ғаниматҳо сутуни сангӣ буд, ки дар он қонунҳои Хаммурапи кандакорӣ шуда буданд. Бостоншиносон ин сангро дар натиҷаи ҳафриёт аз ҳамин шаҳр ёфтанд.
Элом солҳои 1159–1157 пеш аз милод бар зидди Бобул боз як ҷанги фотеҳона кардааст. Ин ғалаба бар Бобул дар зери роҳбарии шоҳ Кутарнаххунтеи III ба даст оварда шудааст.

Давраи ҳукмронии Кутарнаххунтеи III замони гулгулшукуфии давлати Элом буд. Қаламрави он дар ҷануби Эрон то Халиҷи Форс ва дар шимол то шаҳри Ҳамадони ҳозира доман паҳн карда буд.
Барҳам хӯрдани давлати Элом
Дар асри VIII пеш аз милод Бобул барои истиқлолияти худ бар зидди ҳамлаҳои Ошур мубориза мебурд. Дар ин ҷанг Элом ҳамчун иттифоқчӣ аз ҷониби Бобил ба ҷанг даромад. Элом ба ин ҷанг ҳамроҳ шуда, муддати дуру дароз аз он баромада натавонист. Дар рафти ҷанг лашкари Элом чандин маротиба бар лашкари Ошур дастболо шуд. Оқибат Эломро Ошур шикаст дод. Шоҳи Ошур Саргони II ба Элом зада даромада, лашкари онро торумор кард.
Шоҳи Бобул Шамашшумукин бар зидди ошуриҳои истилогар шӯриш бардошт. Элом, ки аз нав истиқлолият ба даст оварда буд, ба Бобул содиқ мондани иттифоқи худро изҳор карда, ба ёрии он шитофт. Ин ҷанг даҳ сол давом карда, бо шикасти Элом анҷом ёфт. Ошур пойтахти Элом – шаҳри Сузро ҳам ишғол кард. Баъди шикаст аз Ошур Элом аз нав истиқлолият ба даст даровард, вале соли 549 пеш аз милод онро шоҳи Ҳахоманишиён Куруши II ишғол кард. Давлати Элом бо ҳамин мавҷудияти худро пурра аз даст дод.

Сарчашма
Порае аз навиштаҷоти Бехсутуни Дорои I
Баъд аз он, ки ман ба мансаби шоҳ мушарраф гардидам, бинед, ки чӣ кор кардам.
Шоҳ Доро ҳарф мезанад: «Вақте ки ман Гаумати ҷодугарро куштам, баъди он нафаре бо номи Ассин, писари Упадарма, дар Элом шӯриш бардошт». Ӯ ба халқ гуфт: «Ман шоҳи Элом». Он вақт эломиҳо исён бардошта, ба тарафи Ассин гузаштанд ва ӯ дар Элом шоҳ шуд.
Ва (буд) одаме, бобилӣ, номаш Надинтабайра (Нидинту Бел), писари Анири, дар Бобул шӯриш бардошт. Халқро вай чунин фиреб дод: «Ман – Навухудоносор, писари Набодина (охирин шоҳи шоҳигарии нави Бобул, ки солҳои 556–539 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст. Он замон тамоми халқи Бобул ба тарафи ҳамин Надинтабайра гузашт. Бобил исён бардошт, ӯ ҳокимиятро дар Бобул ба даст даровард.
Он замон ман (одамонро) ба Элом интиқол додам. Ҳамон Ассинро, ки баста буданд, ба назди ман оварданд. Онро куштам.
Баъди ин ман ба Бобул ба муқобили Надинтабайра рафтам, ки худро Навуходоносор меномид… Бо хости Аҳурамаздо ман Бобул ва Надинтабайраро ба даст даровардам. Баъд ман ҳамин Надинтабайраро дар Бобул ба қатл расондам.
Савол ва супоришҳо
- Давлатҳои аввалини эломӣ кай ва дар куҷо таъсис ёфтаанд? Номи яке аз онҳоро медонед?
- Давлатҳои Элом дар атрофи кадом шаҳр муттаҳид шуданд?
- Элом тобеи кадом давлат шуд?
- Дар бораи ҷангҳои Элом бар зидди давлати Ошур маълумот диҳед.
- Дар бораи Бобулро ишғол кардани Элом нақл кунед.
- Дар замони ҳукмронии кадом шоҳ Элом давраи гул-гулшукуфии худро аз cap мегузаронд?
- Соли 652 пеш аз милод шоҳи Элом Шамашшумукин чаро ба ёрии бобулиҳои шӯришгар омад?
- Элом кай ва чӣ тавр барҳам хӯрд?
- Аз сарчашма кадом хулоса ба миён меояд?



















