Дил (Рубоиҳо аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

Шеър ва рубоиҳо дар васфи Дил аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ин саҳифа оварда мешаванд.

Дил он баҳр аст, к-ӯ соҳил наварзад,
Наҳанг аз ҳайбати мавҷаш биларзад.
Аз он селе, ки сад ҳомун бигирад,
Фалак бо як ҳубоби ӯ наярзад.

Дили мо оташу тан мавҷи дудаш,
Тапиди дам ба дам сози вуҷудаш.
Ба зикри нимшаб ҷамъияти ӯ,
Чу симобе, ки бандад чӯби удаш.

Замона кори ӯро мебарад пеш,
Ки марди худнигаҳдор аст дарвеш.
Ҳамин фақр асту султонӣ, ки дилро
Нигаҳдорӣ чу дарё гавҳари хеш.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

На нерӯйи худиро озмудӣ,
На банд аз дасту пойи худ кушудӣ.
Хирад занҷир будӣ одамиро,
Агар дар синайи ӯ дил набудӣ.

Ту мегӯӣ, ки дил аз хоку хун аст,
Гирифтори тилисми “кофу нун” аст.
Дили мо гарчи андар синаи мост,
Валекин аз ҷаҳони мо бурун аст.

Ҷаҳони меҳру маҳ зуннории ӯст,
Кушоди ҳар гиреҳ аз зории ӯст.
Паёме деҳ зи ман Ҳиндустонро,
Ғулом озод аз бедории ӯст.

Ману ту кишти Яздон, ҳосил аст ин,
Арӯси зиндагиро маҳмил аст ин.
Ғубори роҳ шуд донои асрор,
Напиндорӣ, ки ақл аст ин, дил аст ин.

Гаҳе ҷӯяндаи ҳусни ғарибе,
Хатибе, минбари ӯ аз салибе.
Гаҳе султони бо хайлу сипоҳе,
Вале аз давлати худ бенасибе.

Ҷаҳони дил ҷаҳони рангу бӯ нест,
Дар ӯ пасту баланду коху кӯ нест.
Замину осмону чорсӯ нест,
Дар ин олам ба ҷуз “Аллоҳ ҳӯ” нест.

Нигаҳ диду хирад паймона овард,
Ки паймояд ҷаҳони чорсӯро.
Майошоме, ки дил карданд номаш,
Ба хеш андар кашид ин рангу бӯро.

Муҳаббат чист? Таъсири нигоҳест,
Чи ширин захме аз тири нигоҳест.
Ба сайди дил равӣ таркаш бияндоз,
Ки ин нахчир нахчири нигоҳест.

Дигар омӯз (Шеъри Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

ҚаблӣДигар омӯз (Шеъри Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)
БаъдӣШеър дар васфи Хушдоман

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед