Шеър дар васфи Тоҷик (шеърҳои Рустами Ваҳҳоб)

Якчанд шеър дар васфи “Тоҷик” ва “Тоҷикӣ” аз устод Рустами Ваҳҳоб меорем, дӯстон!

Рустам Ваххоб

Шеъри “Тоҷикӣ” ба қалами устод Рустами Ваҳҳоб таалуқ дорад. Шеърро хонед>>

Гавҳарам тоҷик, маконам тоҷикист,
“Миллатам тоҷик, забонам тоҷикист”.

Тоҷикӣ чун лафзи аҳли ҷаннат аст,
Ин ҷаҳону он ҷаҳонам тоҷикист.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фӯтаи рангинкамонам дар миён,
Ҳам замин, ҳам осмонам тоҷикист.

Ҳалқа андар гардани гардун зада,
Ин каманди Каҳкашонам тоҷикист.

“Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад”:
Мағзи нойи устухонам тоҷикист.

Бар тани ман номи дигар мениҳӣ?
Чун кунӣ ҷонам? Ки ҷонам тоҷикист!

Аз даҳони хеш мегӯям сухан,
Эй даҳанмардум! Даҳонам тоҷикист.

Гулфишону базрафшонам якест,
Ҳам баҳору ҳам хазонам тоҷикист.

Аз насими Рукнободам шунав:
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиёнам тоҷикист.

Серчашмам чун Самарқанди чу қанд,
Қурси хуршедии нонам тоҷикист.

Ин дару он дар ҳама дурри дарӣ,
Исфара то Исфаҳонам тоҷикист.

Балху Шерозу Бухорову Ҳисор,
Суғду Вахшу Хутталонам тоҷикист.

Асли тоҷик одамийят будааст,
Одамийятро нишонам тоҷикист.

Ормони тоҷикӣ – хайри башар,
Бе шару шӯр ормонам тоҷикист.

Тоҷикӣ дар хоб ҳам гӯям сухан,
Баски дар рӯҳи равонам тоҷикист.

Гар хаёле бигзарад аз дил ниҳон,
Бегумон ҳарфи ниҳонам тоҷикист.

Гар гумоне бигзарад андар хаёл,
Ҳам хаёлу ҳам гумонам тоҷикист.

Мордӯшо, бар сари бемағзи ту
Зарбати гурзи гаронам тоҷикист.

Шоҳиди гӯёи оғози вуҷуд –
Бораи Майтайниёнам* тоҷикист.

Ҷӯйборонанд бо ман ҳамзабон,
Шарфаи оби равонам тоҷикист.

Ҳамзабони ман бувад кабки дарӣ,
Мисли ӯ сабки баёнам тоҷикист.

Бе парасту нест сақфи хонаам,
Лафзи мурғи ошёнам тоҷикист.

Достони ростон шаҳномаам,
Паҳлавии паҳлавонам тоҷикист.

Истода ҳамчу Кохи садсутун,
Пайкари Боми Ҷаҳонам тоҷикист.

Будаму бошам ҳамон ки будаам,
Ҷовидона ҷовидонам тоҷикист.
——-
*Майтайниён – номи деҳа дар зодгоҳи муаллиф – Тоҷикобод, ки қадимтарин калимаи ҳиндуориёист ва решаи “меҳан”.


Тоҷик

Бувад озод аз бунёд тоҷик,
Надорад бардагиро ёд тоҷик.
Ҷаҳон орост бо мелоди фарҳанг
Ҳазорон сол то мелод тоҷик.
Сари болои ӯ аз санги сабр аст,
Шикаста теғи сад ҷаллод тоҷик.
Зи фазлу фан ҷаҳон обод дорад,
Ба истеъдоди модарзод тоҷик.

Раҳо карда биёбонро ба Маҷнун,
Ба кӯҳистон шуда Фарҳод тоҷик.
Ба ҳар қавме, ки шоир ё ҳакимест,
Бувад, бешак, варо устод тоҷик.
Ҳидоят мекунад аҳли башарро,
Чу Хизр аст аз пайи иршод тоҷик.
Ба фарқи ғам бикӯбад гурзи шодӣ,
Фаридуншавкати дилшод тоҷик.
Дили мӯре агар озурда созанд,
Бихезад аз пайи имдод тоҷик.
Ба по истода бошад, ҳамчу кӯҳест,
Шавад дарё, агар уфтод тоҷик.
Фишорад обро аз ҳалқи хоро
Ба дасту панҷаи пӯлод тоҷик.
Ба неруи худододист шокир,
Накарда бар касе бедод тоҷик.
Ба авсофаш ҷаҳон шоҳид, ки бошад,
Ҷавонмарду ҷаводу род тоҷик.

Рустами Ваҳҳоб


Инчунин хонед >>>

Рубоиёт аз устод Рустами Ваҳҳоб

Ғазал/шеър дар бораи Тоҷик


шеър дар васфи точик, шеъри точики, шеърхои Рустами Ваххоб, Рустам Вахоб, шеърхо.

ҚаблӣГулназар Келдӣ (1945-2020)
БаъдӣДилам бар Рудаки сузад (шеъри Гулназар Келди)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед