Мафҳум ва намудҳои низоми гумрукӣ

Низоми гумрукӣ гуфта маҷмӯи муқаррараротеро меноманд, ки вазъи ҳуқуқии молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ бо мақсадҳои гумрукӣ интиқолшавандаро муайян намуда, баҳри амали намудани сиёсати гумрукӣ дар ин самт равона гардидааст.

Мувофиқи Кодекси гумрукии ҶТ низоми гумрукӣ – расмиёти гумрукие мебошад, ки маҷмӯи талабот ва шартҳо, аз ҷумла тартиби нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт истифода бурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, мумнӯият ва маҳдудиятҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, инчунин мақоми мол ва воситаҳои нақлиётро ба мақсадҳои гумрукӣ вобаста бо мақсади интиқоли онҳо аз сарҳади гумрукӣ ва истифодабарӣ дар қаламрави гумрукии ҶТ ё берун аз ин қаламрав дар бар мегирад[1].

Кодекси гумрукӣ 18 намуди низоми гумрукиро бо мақсади танзими фаъолияти гумрукӣ[2] муқаррар намудааст, ки инҳоянд:

  1. Иҷозат барои муомилоти озод – низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ бе маҳдудият барои истифода ва истеъмол ба қаламрави гумрукии ҶТ ворид карда мешавад;
  2. Содирот – низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ватанӣ аз қаламрави гумрукии ҶТ бе маҳдудият барои истифода ва истеъмол берун аз ин қаламрав содир карда мешавад;
  3. Транзити гумрукии байналмилалӣ – низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ дар қаламрави гумрукии ҶТ таҳти назорати гумрукӣ байни ҷойи расидани онҳо ба қаламрави гумрукии ҶТ ва ҷойи баровардани онҳо аз ин қаламрав (агар ин як қисми роҳе бошад, ки берун аз қаламрави гумрукии ҶТ оғоз мегардад ва хотима меёбад) бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ интиқол дода мешавад;
  4. Коркард дар қаламрави гумрукӣ – низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ба қаламрави ҶТ овардашуда барои мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати коркарди мол), боз озодкунии шартии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва минбаъд содир намудани маҳсули коркардашуда берун аз қаламрави гумрукии ҶТ дар мӯҳлати муайян истифода мегардад;
  5. Коркард барои муомилоти озод – низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ба қаламрави гумрукии ҶТ овардашуда бо мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати карди мол), бо пурра шартан озод кардан аз боҷи гумрукӣ ва баровардани маҳсули коркардшуда барои муомилоти озод бо пардохти боҷҳои гумрукӣ тибқи ставкаҳое, ки нисбати маҳсули коркард қабул карда шудааст, истифода бурда мешавад;
  6. Коркард берун аз қаламрави гумрукӣ – низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ватанӣ аз қаламрави гумрукии ҶТ бо мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати коркард) бароварда шуда, минбаъд маҳсули коркарди он бо қисман ё пурра озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ворид карда мешавад;
  7. Воридоти муваққатӣ – низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли хориҷӣ дар мӯҳлати муайян (мӯҳлати воридоти муваққатӣ) дар қаламрави гумрукии ҶТ бо пурра ё қисман озод намудан аз боҷи гумрукӣ ва андоз, бидуни истифодаи тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ нисбати мол, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ муайян шудааст, ба шарти содироти бозпаси он дар мӯҳлати муайян аз қаламрави гумрукии ҶТ таҳти назорати гумрукӣ истифода бурда мешавад;
  8. Анбори гумрукӣ – низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ба қаламрави гумрукии ҶТ воридшуда бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта шуда, вале моли барои содирот таъингардида мувофиқи шартҳои пешбининамудаи боби 25 Кодекси гумрукии ҶТ таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад;
  9. Реимпорт – низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан аз қаламрави гумрукии ҶТ содиршуда ба қаламрави гумрукии ҶТ мувофиқи мӯҳлатҳои муқарраршуда (банди 2 қисми 1 моддаи 235 Кодекси гумрукии ҶТ), бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, ворид карда мешавад;
  10. Реэкспорт – низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба қаламрави гумрукии ҶТ воридгардида аз ин қаламрав бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ сордир карда мешавад;
  11. Нобудкунӣ – низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ нобуд карда мешавад;
  12. Даст кашидан ба манфиати давлат – низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он мол ройгон, бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ба моликияти давлат гузаронида мешавад;
  13. Содироти муваққатӣ – низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ватанӣ метавонад дар мӯҳлати муайян берун аз қаламрави гумрукии ҶТ, бо озодкунии пурраи шартӣ аз ситонидани боҷҳои гумрукии содиротӣ ва бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, истифода бурда шавад;
  14. Савдои бебоҷ – низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он молҳои хориҷии ба қаламрави ҶТ воридшуда ё молҳои ватанӣ ба тариқи чакана ба шахсони воқеии берун аз қаламрави гумрукии ҶТ сафаркунанда мустақиман дар мағозаи савдои бебоҷ, бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ фурӯхта мешаванд;
  15. Минтақаи озоди гумрукӣ – низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли хориҷӣ дар қаламрави сарҳади дахлдор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бо роҳи пурра ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе истифодаи мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ҷойгир ва истифода бурда мешаванд;
  16. Анбори озод – низоми гумрукие мебошад, ҳангоми он мол дар биноҳои (маҳалҳои) дахлдори ба сифати анбори озод истифодашаванда бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, татбиқи мамнӯияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, ҷойгир ва истифода бурда мешаванд;
  17. Интиқоли захираҳо – низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли барои истифода дар киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо таъингардида, ки барои интиқоли пулакии байналмилалии мусофирон ё интиқоли пулакӣ ва бепули байналмилалии моли саноатӣ ё тиҷоратӣ истифода мешаванд, инчунин моли барои фурӯш ба ҳайати экипаж ва мусофирони чунин киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо таъингардида аз сарҳади гумрукӣ бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бидуни татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, интиқол дода мешавад;
  18. Низомҳои гумрукии махсус – нисбати моли зерине, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешавад, муқаррар мегардад: 1) моли аз қаламрави гумрукии ҶТ содиршаванда, ки барои таъмини фаъолияти сафоратхонаҳо, консулгариҳо, намояндагиҳои назди созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагиҳои расмии ҶТ дар хориҷа таъин гардидааст; 2) моле, ки аз сарҳади гумрукӣ байни қисмҳои ҳарбии ҶТ воқеъ дар қаламрави гумрукии ҶТ ва берун аз ин қаламрав қарордошта интиқол дода мешавад; 3) моле, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода шуда, барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст, аз ҷумла моле, ки барои тақсими ройгон ба шахсони дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарардида таъин шудааст ва моле, ки барои амалиёти садамавию наҷотдиҳӣ, дигар амалҳои таъхирнопазир ва фаъолияти ташкилотҳои садамавию наҷотдиҳӣ зарур аст; 4) моле, ки берун аз қаламрави ҶТ бароварда мешавад ва барои таъмини фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, варзишию табобатӣ ва муассисаҳои дигари иҷтимоӣ таъин гардида, амволи онҳо таҳти моликияти ҶТ қарор доранд, инчунин барои аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ба манфиати ҶТ дар асосҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешавад; 5) моли ватанӣ, ки байни мақомоти гумрук аз қаламрави давлати хориҷӣ интиқол дода мешаванд.

[1] Ниг.: Моддаи 10 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 12.

[2] Ниг.: Моддаи 155 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2006. – С. 99-100.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

ҚаблӣМафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ
БаъдӣПардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ