Духтани пойҷома. Интихоби матоъ ва гузоштани қолиб ба матоъ

Духтани пойчома. Интихоби матоъ ва гузоштани колиб ба матоъ.


Барои интихоби матоъ табъи эстетикӣ, шароити иқлим, нақшунигори миллиро ба назар гирифтан мувофиқ аст. Аз сабаби он ки иқлими Тоҷикистон гарм аст, тобистон матоъҳои пахтагӣ – чит, патис, абрешимӣ ва дар зимистон матоъҳои гарми пашмиро истифода мебаранд.

Ҳар як хонанда мувофиқи табъи худ гул, ранг ва матоъро интихоб карда медӯзад.

Аввал ҷойи пайвастшавии матоъро медӯзем, яъне васеъгии маснуотро муайян карда, дастӣ, баъд бо мошини дарздӯзӣ медӯзем. Сипас матоъро 4 қабат карда, ба рӯяш қолибро мегузорем. Қолибро ба матоъ бо сӯзанчаҳо маҳкам мекунем. Гирдашро бо бӯри дӯзандагӣ хат мекашем.

Ба хати миён, яъне қисми боло 3 см ҳаққи чок, ба ҷойи хиштак 1, 5 см, ба поёни пойҷома 1, 5 см ҳаққи чок мегузорем. Ба ҷойи қатшудаи матоъ ҳаққи чок намегузорем, барои он ки ин тарафи матоъ бутун меистад, намебурем.

Кори амалӣ. Нақшаи дастурии №1

Тайёр кардани матоъ барои буриши маснуоти пойҷома
1. Дуруст чен кардани дарозӣ ва бари маснуот.
2. Баъд ҷойи буриши қисмҳои пеш ва ақибро медӯзем, васеъгии чокро 1 см гузошта, тарафи росташро ба рост монда, аввал дастӣ, баъд дар мошини дарздӯзӣ медӯзем.
3. Баъд нӯги буришро ба як тараф 0, 5 см қат карда, аз болояш кӯк мезанем, барои тит нашудани чок онро дастӣ ё бо мошини бахиядӯзӣ бо дарзи канорӣ медӯзем.
4. Бисанҷед:

а) Ченаки дарозӣ ва бари маснуот дуруст гузошта шудааст ё не?

б) Қисми пеш ва ақиби бо чоки васеъгиаш 1 см дӯхтагӣ боз дар мошини дарздӯзӣ бо чоки рост дӯхта шудааст ё не?

в) Боз ба як тараф қат карда, 0, 5 см гузошта, аз болояш чӣ хел чок дӯхта шудааст?

Расми 47. Тайёр кардани матоъ барои буриши маснуоти пойҷома
Расми 47. Тайёр кардани матоъ барои буриши маснуоти пойҷома
Кори амалӣ. Нақшаи дастурии №2
Гузоштани қолаб ба матоъ ва буридани он
1.  Матои тайёркардаро чорқат карда, тарафи росташро ба рост монда, ба ҷойи қати матоъ қолибро мегузорем, ҷойи хиштак бояд ба тарафи чоки пайвасти қисмҳо мувофиқ ояд.
2 Қолибро гузошта, бо бӯри дӯзандагӣ ё қалам хат мекашем. Баъд ҳаққи чоки онро барои қисми болоӣ 3 см, барои паҳлу 1, 5 см, нӯги пой 1, 5 см мегузорем.
3. Аз назар мегузаронем.

Ҳаққи чок барои қисми болоӣ 3 см, нӯги поёнии пой 1, 5 см гузошта шуда бошад, он аз рӯйи хати ҳаққи чок бурида мешавад.

4. Дарзмол кардани порчаҳо.
5. Бисанҷед:

а) Тарафи рости матоъ ба росташ гузошта, бо чоки қаткунии буришаш кушод қат карда шудааст ё не?

б) Чок росту ҳамвор бошад, қолиб мувофиқи қоида гузошта шудааст ё не?

Расми 48. Коркарди пойҷома а) гузоштани қолиб ба матоъ б) буридани пойҷома
Расми 48. Коркарди пойҷома а) гузоштани қолиб ба матоъ
б) буридани пойҷома
Кори амалӣ. Нақшаи дастурии №3
Пайвастани қисмҳои хиштак
1. Хиштак аз ду қисм иборат аст.
2. Дарозии ҳар ду қисми хиштакро дастӣ дӯхта, баъд мошина мекунем.
3. Ду қисми хиштакро бо ҳам пайваст мекунем, аввал дастӣ, баъд бо мошини дарздӯзӣ медӯзем.
4. Барои тит нашудани нӯги матоъ ва маҳкам шудани чок ҷойи дӯхтагиро ба як тараф 0, 5 см қат карда, аз болояш бахия мезанем. Ин корро дастӣ, бо дарзи канорӣ ё бо мошини бахиядӯзӣ иҷро кардан мумкин аст.
5. Дарзмол кардани қисмҳои маснуот.
6. Ин корҳоро бисанҷед:

А) дуруст будани чоки хиштак; Б) дуруст будани бахияи дастӣ;

В) дуруст ҳаракат кардани дарзмол.

Расми 49. Пайвастани қисмҳои хиштак
Расми 49. Пайвастани қисмҳои хиштак
Кори амалӣ. Нақшаи дастурии №4
Пайваст кардани хиштак ба қисми асосӣ
1.  Аввал хиштакро ба қисми асосӣ аз маркази нуқтаи К1 ба поён дастӣ кӯк мекунем.
2. Баъди ин кӯкҳоро бо мошини дарздӯзӣ медӯзем. Ҳамаи қисмҳои хиштакро ба асос пайваст карда медӯзем.
3. Чокҳоро ба як тараф қат карда, аз болояш 0, 5 см гузошта, медӯзем. Баъд нӯги чокро дастӣ ё бо мошин бахиядӯзӣ мекунем.
4. Чокҳоро дарзмол мекунем.
5. Ин корҳоро бисанҷед:

А) баробар будани андозаи хиштак то поёни пойҷома;

Б) ҳамвор будани чоки хиштакҳо;

В) дуруст дарзмол кардани хиштакҳо.

Расми 50. Пай дар пай пайвастани хиштак ба пойҷома
Расми 50. Пай дар пай пайвастани хиштак ба пойҷома
Кори амалӣ Нақшаи дастурии №5
Коркарди қисми боло ва поёни пойҷома
1. Барои қат кардани қисми болоии пойҷома 3 см дода шудааст. аввал аз нӯги буриш 1 см қат карда, қати якумро дастӣ медӯзем.
2. Қати дуюмро 2 см қат карда, аввал дастӣ, баъд аз лаби чок 0, 2 см монда, бо мошин медӯзем, барои гузаронидани банди резинӣ 1 см масофа мегузорем.
3. Қисми поёни пойҷомаро ба монанди қисми болои пойҷома 3 см қат карда бад коркард мекунем
4. Банди резиниро ба ҷойи қаткардашуда мегузорем.
5. Ин корҳоро бисанҷед:

А) Кандани кӯкҳои дастӣ, қаткунӣ дар мошини дарздӯзӣ. ҳамаи қоидаҳои дӯхт риоя шудааст ё не? Б) Чокҳо росту ҳамворанд ё не?

Расми 51. Коркарди пойҷома а) коркарди қисми болоӣ, б) коркарди қисми поёнӣ, в) намуди пурраи дӯхташудаи пойҷома
Расми 51. Коркарди пойҷома а) коркарди қисми болоӣ, б) коркарди қисми поёнӣ, в) намуди пурраи дӯхташудаи пойҷома
Кори амалии №6
  Коркарди қисми поёни пойҷомаи манжетдор
1. Барои он ки қисми поёни пойҷома зебо намояд, мо порчаи алоҳидаи паҳниаш 4 см ва дарозиаш ба васеъгии поёни пойҷома баробарро мегирем.
2. Ҳамон порчаро ба канори буриши поён дастӣ кӯк карда мепайвандем ва баъд дар мошини дарздӯзӣ медӯзем.
3. Болои ҳамин порчаро 1 см қат карда бо чоки қаткунӣ ноаён медӯзем.
4 Ин корҳоро бисанҷед:

а) Ду порча бо сифат пайваст шудаанд ё не?

б) Қаткунӣ бо ченаки додашуда мувофиқ аст ё не

в) Ҳамаи қисмҳои пойҷома босифат дарзмол карда шудаанд ё не?

Расми 52 қисми поёни пойҷомаи манжетдор
Расми 52 қисми поёни пойҷомаи манжетдор

Кори амалӣ. Нақшаи дастурии №8

  Ороиш додани қисми поёнии пойҷома
1. Юрма задан бо мошини юрмадӯзӣ.
2. Шероза шинонидан.
3. Шерозаи дастидӯхт.
4. Нӯги почаҳои пойҷомаро бо мағзиҳои гуногун дӯхтан мумкин аст.
5. Бо ҷимҷима ё тӯр оро додани почаҳои пойҷома
6 Коркард бо мошинҳои махсуси кашидадӯзӣ
7 Бо шабаи шишагин, дурдонаҳо ва ғайра.
8. Ин корҳоро бисанҷед:

а) Якхела шудани мағзӣ, ҷимҷима, тӯр ва шероза;

б) Чокҳо ҳамвор ва кӯк кандагӣ бошад.

Расми 53. Ороиши қисми поёни пойҷома
Расми 53. Ороиши қисми поёни пойҷома

Савол ва супориш

  1. Пайдарҳамии корро батартиб номбар кунед.
  2. Чӣ гуна нуқсонҳо ҷой доранд?
  3. Ба буришҳо чанд см ҳаққи чок дода мешавад?
  4. Поёни пойҷомаро шумо бо кадом намуд ороиш медиҳед?
ҚаблӣДӯхтани пойҷома. Шаклҳои андозагирӣ аз андом (Духтани пойчома)
БаъдӣДониш андар дил чароғи равшан аст… (иншо)