Дӯхтани пойҷома. Шаклҳои андозагирӣ аз андом (Духтани пойчома)

Духтани пойчома. Шаклхои андозагири аз андом.


Ҳама чӣ будани мӯдро медонанд, аммо на ҳама дар бораи он маълумоти кофӣ доранд.

Мӯд дар вақти ба вуҷуд омаданаш ҳамаро ба ҳайрат андохта, нофаҳмӣ, тасаввуроти ғалатро ба вуҷуд овард, аммо дар куҷо ва кай пайдо шудани мӯдро дар таърих нанавиштаанд. Мутахассисон пайдоиши мӯдро ба асри ХIV мансуб медонанд. Баъзеашон мегӯянд, ки аз пайдошавии матоъ ба вуҷуд омадааст. То пайдошавии мӯд одамон аввал ба ҷойи либос барги калон, пӯсти дарахтон, ҳайвонот ва ғайраро мепӯшиданд. Онҳо пӯстҳоро бо ресмон ба миён мебастанд. Ресмонҳоро аз пӯсти шохчаҳои дарахт ва рустаниҳо мебофтанд. Дар охир маснуотро аз ду тараф – пешу ақиб бо чӯбҳои нӯгаш тез ё сӯки моҳӣ ё сангҳои дарози нӯгаш тез ба китф медӯхтанд. Ин асбобҳо сӯзан ва либосҳои камзӯлчамонандро, ба мисли курта, камзӯлча, плаш, палто ва ғайра ба вуҷуд овард. Бандакҳое, ки барои бастани маснуот ба миён истифода мешуданд, минбаъд пешдоман, шим, пойҷома, шалвор ва ғайраро ба вуҷуд оварданд.

Ба маҷмӯи либоси занона либоси таг, курта, пойҷома, яктаҳ (хилъат), ҷомаи пахтагин, пӯстин, кулоҳ, пойафзоли чармӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Курта, пойҷомаҳо ва қисмҳои алоҳидаи либосро худи занҳо медӯхтанд. Аз сабаби он ки пеш бари матоъҳо кӯтоҳ буд, либосро ҳамроҳи остинаш яклухт мебуриданд (ба дарозии матоъ). Ҳоло ҳам ин намуди буриш маъмул аст. Онро барои занҳои солхӯрда истифода мебаранд. Барои занон ва духтарон пойҷома ва куртаро аз матоъҳои якхела мувофиқ карда медӯзанд. Мувофиқи таъинот пойҷома ба се гурӯҳ ҷудо мешавад: барои кор, хоб ва ҷойравӣ.

Пойҷомаҳо барои хоб ва корро асосан аз матоъҳои пахтагин – чит, патис, бумазӣ, сатин ва ғайра медӯзанд.

Пойҷомаи ҷойравиро аз матоъҳои абрешимӣ, пашмӣ ва синтезӣ медӯзанд. Пойҷома либоси озод, ба бадан намечаспидагӣ ҳисоб мешавад.

Пойҷомаҳо аз ҷиҳати дӯхт чунин мешаванд: пойҷомаи хиштакаш аз поён (хуҷандӣ), пойҷомаи хиштакаш аз боло (душанбегӣ) ва пойҷомаи бехиштак.

Барои дӯхтани пойҷома чунин намуди ченкунӣ мавҷуд аст.

НЧ – ин ченакро пурра гирифта, нисфашро менависанд; бо ин ченак андозаро муайян мекунанд.

Ченак аз тарафи рости андом гирифта мешавад.

Ченакҳои дарозӣ пурра навишта мешаванд. Ченакҳои бар ва даврро нисф менависанд, чунки нақша ба нисфи ҳиссаи андом кашида мешавад.

Шаклҳои андозагирӣ аз андом

  1. Нимченаки миён (НЧМ). Агар либос ба бадан часпида истад, ҷойи борики миёнро ба ресмон ё ягон хел таноб баста, то болои ноф ченак мегиранд. Яъне ченактасмаи матоиро аз ҷойи борики гирди миён то болои ноф гузошта, ченаки гирди миёнро гирифта, нисфи ченаки гирди миёнро менависанд.
  2. Нимченаки кос (НЧК). Барои ин ченакро гирифтан ченактасмаи матоиро ба гирди кос озод гузошта, чен мекунанд ва нисфи ченакро менависанд.
  3. Дарозии миён то нишаст (ДМТН). Барои ин ченакро гирифтан ченактасмаи матоиро аз ченаки миён то ҷойи нишастан ба курсӣ аз паҳлу дар ҳолати нишастан гузошта, ченакро гирифта пурра менависанд.
  4. Дарозии либос (ДЛ). Барои ин аз миён то буҷулаки пой ченак мегирем ва пурра менависем. Чӣ қадар аз буҷулаки пой паст ё баланд шуданаш ба худи дӯзанда вобаста аст.
Расми 45. Андозагирии пойҷома 1 – хати миён, 2 – хати кос, 3 – хати қадам, 4 – хати дарозии либос
Расми 45. Андозагирии пойҷома 1 – хати миён, 2 – хати кос, 3 – хати қадам, 4 – хати дарозии либос

Нақшаи дастурии маснуоти пойҷома

Аломати ченкунӣ Номи ченкунӣ Ченкунии умумӣ ба андозаи 38 Ченкунӣ ба худ
1. НЧГМ Нимченаки гирди миён  –  
2. НЧК Нимченаки кос 44  
3. ДМТН Дарозии миён то нишаст 30  
4. ДЛ Дарозии либос 75  

Сохтани формулаи ҳисобкунии андозаи 38

Буришҳои ҳисобкунӣ Формулаи ҳисобкунӣ Ҳисобкунии умумӣ ба андозаи 38 Ҳисобкунӣ ба худ
1. НП ДЛ=НП=75 75  
2. ММ1 НЧГК=ММ1+10:2=44+10:2=

=54+2=27, ММ1=27

ММ1=ПП1= васеъгии ҷадвали нақша, адади 10, 12 ё 16 иловагии озод.

  27  
3. МК ДМТШ=адади доимӣ=30 30  
4. ПП2 Васеъгии поёнии пойҷома ихтиёрӣ аз ҳисоби андозагирии қисми васеъгии поёнии пой 17. ПП2=17 17  
5. П1 П2 П1 – П2=27 – 17=10 10  
6. К1 П2 Барои ҳосил кардани К1 П2 нуқтаи К1-ро бо нуқтаи П2 пайваст мекунем. 10  

Эзоҳ: Аз сабаби он ки пойҷома васеъ буда, ба он банд мегузаронанд, барои сохтани ҷадвали нақша ба ҷойи ченаки миён нимченаки гирди косро истифода мебаранд.

Сохтани нақшаи пойҷома Пойҷомаи духтарона

Намуди андозагирӣ бо см М1: 4:

  1. Дарозии пойҷома – 75 (ДЛ)
  2. Гирди кос 88-Нимченаки кос – 44 (НЧК)
  3. Дарозии миён то нишаст – 30 (ДМТН)
  4. Васеъгии қисми поёнии пой – 17 (ВҚПП)

Нуқтаи М-ро гирифта, ба он ченакҳои гирифтаро мегузорем ва бо хати борик асоси нақшаро мекашем.

Барои ҳосил кардани васегии нақша (ММ1 =44+10:2=27, ММ1=27) дар ин ҷо ба андозаи адади озоди 10 ҳамроҳ карда шудааст.

Сохтани нақшаи пойҷома

Намуди пойҷома
Намуди пойҷома

Барои сохтани нақша чунин қоидаҳоро ба назар гирифтан лозим аст.

  1. Барои кашидани нақшаи пойҷома аввал нуқтаи М-ро мегирем. Ба он ченаки ДЛ=75-ро мегузорем ва нуқтаи П-ро ҳосил мекунем.
  2. Аз нуқтаи М ба тарафи рост НЧГК-ро (НЧГК= 44+иловагии озод +10:2=44+10:2=54: 2=27) ҳосил карда мегузорем ва нуқтаи М1 ҳосил мешавад. Аз нуқтаи М1 мувозӣ хат гузаронида, М1 П1 ҳосил мекунем, ки он ба МП баробар аст.

Аз нуқтаи М ба поён 30 см нуқтаи нишастро чен карда, нуқтаи КК1-ро ҳосил мекунем. Барои ёфтани нуқтаи П2 банди пойро чен карда, ченакашро аз масофаи ПП1 тарҳ мекунем. Аз нуқтаи П то нуқтаи П2-ро мегузорем. Барои ҳосил кардани хиштаки пойҷома нуқтаи П1 К1-ро пайваст мекунем.

Нуқтаҳои П3 П4, К2 К3 перпендикуляр 3 см гузошта хати моил мегузаронем. Барои ҳосил карда-ни қолиб он нақшаро бо ченкунии аслӣ (сантиметр) ба коғаз кашида, қолабро бо хати асосии ғафс равон мекунем. Агар хиштаки пойҷомаро аз нуқтаи К1 ба поён пайваст кунем, як намуди пойҷома (хиштак ба поён нигоҳ карда), агар аз нуқтаи К1 ба доло пайваст кунем, дигар намуди (хиштак ба боло нигоҳ карда) пойҷома ҳосил мешавад, ё ки бе хиштак медӯзанд. Қисми болоии пойҷомаро тасмамонанд ва қисми поёниашро манжетдор дӯхтан лозим аст.

Сохтани қолиби пойҷома

Барои сохтани қолиби пойҷома коғази сафедро гирифта, мувофиқи қоида ба он ченакҳои нақшаро мегузорем. Хатҳои барои буридани қолиб заруриро ғафс мекашем. Онро бо қайчӣ мебурем.


Савол

  1. Барои дӯхтани пойҷома кадом намуди ченкуниро истифода мебаранд?
  2. Дар вақти дӯхтани пойҷома чанд хати ченкуниро медонед?
  3. Нақшаро бо кадом намуди хат мекашем?
ҚаблӣВоситаҳои ёрирасон дар вақти кор бо мошини дарздӯзӣ
БаъдӣДухтани пойҷома. Интихоби матоъ ва гузоштани қолиб ба матоъ