Илму фарханг ва адабиёт дар замони Сомониён

Илм ва фарханг дар давраи Сомониён, илму фарханг, маданияти замони Сомониён, ин ҳама дар ин саҳифа оварда мешаванд.

Илму фарҳанг ва адабиёт дар замони Сомониён

Асрҳои IX-X замони шукуфоии илму фарҳанги халқи тоҷик буд. Эхёи нави маданияти халқӣ тоҷик дар замони Тоҳириён ва гул-гулшукуфии он дар даврони Сомониён рух до­да буд.

Забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) забони арабиро дар корҳои давлатию адабиёти бадеӣ, назму наср ва қисман дар илм танг карда баровард. Сомониён дар дарбори худ шоирон, олимон, адибу санъаткоронро гирд оварда, машҳури ҷаҳониён гашта буданд. Дар ин кор саҳми вазирони орифи Сомонӣ Балъамӣ ва Ҷайҳонӣ хеле бузург буд. Шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот, Хуҷанд, Ҳулбук ва ғайра марказҳои асосии илму фарҳанг ба ҳисоб мерафтанд.

Дар Бухоро саромадони забардасти илму фарҳанги тоҷик ба дунё омада, бузургтарин асарҳои илмию адабӣ ва ёдгориҳои муҳташами меъмориву кандакориро офариданд. Дар китобхонаи Сомониён «Савонеҳ-ул-Ҳикмат» («Ганҷинаи Ҳикмат») нодиртарин асарҳои илмӣ-адабӣ, санъат ва ғайра маҳфуз буданд, ки аз онҳо Абӯалӣ ибни Сино истифода кардааст. Бозори китобфурӯшӣ низ дар авҷ буд. Дар шаҳрҳои он давра теъдоди Мадраса ва масҷидҳо кам набуд. Ҳаракати шуубия алайҳи ҷаҳолатпарастони араб идома меёфт.

Дар асарҳои офаридаи уламо ва удабои он замонҳо зиндагии заҳматкашон акс нашудааст. Вале ҳаёту маишат ва рӯзгори аъёну ашроф санохонӣ шудаанд. Дар асрҳои IX-X афкори ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фалсафии халқи тоҷик хеле пеш рафта буд. Ба ин фалсафаи Эрон, Ҳиндустон, Арабистон ва Юнон таъсири хуб расонида буд. Мавқеъ ва мақоми равияҳои фалсафӣ ва ҷараёнҳои фалсафӣ ба мисли исмоилия, кармат, тасаввуф дар эҷодиёти мутафаккирони халқи тоҷик мавқеи хоса дошт. Бузургтарин файласуфони халқи тоҷик дар он замон Розӣ, Абӯнаср Форобӣ ва Абӯалӣ ибни Сино буданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Сино. Абӯалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро таваллуд ёфта, баъдтар бо аҳди оила ба шаҳри Бухоро куч бастаанд. Дар ин ҷо мактабхонӣ карда, дилбохтаи фалсафа, тиб, мусиқӣ, санъат ва назму наср гардид. Баъди сарнагун шудани давлатӣ Сомониён зери таъқиби шоҳ Маҳмуди Ғазнавии турк ба Хоразм, Хуросон ва шаҳрҳои мухталифи Эрон ҳиҷрат карда, баъди касалии вазнин 10 июни соли 1037 дар Ҳамадон вафот кард. Абӯалӣ ибни Сино дар тиб, фалсафа, мантиқ ахлоқ равоншиносӣ, риёзиёт, тасвири олам, кимиё, ботаника, забоншиносӣ, мусиқӣ ва дигар илмҳо асарҳои зиёде офаридааст. Асарҳои оламшумули ӯ «Китоб-уш-шифо», «Ал-қонун – фиттиб», «Донишнома» ва ғайра ӯро машҳури ҷаҳон гардонидаанд.

Вай энсиклопедисти замонаш буд. Ӯ асосан дар се соҳаи илм хизматҳои шоён кардааст: тиб, фалсафа ва адабиёт. Асари ӯ дар соҳаи тиб «Қонуни илми тиб» мебошад, ки энсиклонедияи тиббӣ маҳсуб шуда, дар тули асрҳо китоби руимизии табибони Шарқу Ғарб буд. Аз 200 асари илмии АбӮалӣ ибни Сино 50- тоаш ба фалсафа бахшида шудаанд, ки дар байни онҳо «До­нишнома» ва «Китоб-уш-Шифо» ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Дар соҳаи адабиёт ҳам Абӯалӣ ибни Сино як қатор асарҳо навишгааст, ки характери фалсафӣ, тиббӣ ва этникию ахлоқӣ доранд. Фалсафа ба ақидаи Абӯалӣ ибни Сино илм дар бораи умуман ҳастӣ мебошад. Вай фалсафаро ба се қисм яъне, физика (таълимог дар бораи табиат); мантиқ (илм дар бораи роҳи донистани табиат ва инсон) ва метафизика (илм дар бораи роҳи донистани ҳастӣ умуман) тақсим мекунад.

Абӯалӣ ибни Сино яке аз донандагони хуби фалсафаи Арасту буд. Ҳамчун олим, табиб ва табиатшинос ӯ мавҷудияти объективии табиатро эътироф мекард.

Сино олами матсриалиро абадӣ медонист. Аз ин рӯ, баъзе догматикҳои дини ислом Абӯалӣ ибни Синоро «кофир» ва «бе­дин» эълон карда, таъқиб мекарданд. Сино тарафдори ақидаҳои дуалистии Арасту буд.

Бештар оиди Сино ->>

Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Закариёи Розӣ

Муҳаммад Абубакри Розӣ (Закариёи Розӣ солҳои 864-925). Закариёи Розӣ яке аз машҳуртарин олимони замони худ буд. Ӯ оид ба фалсафа, тиб, кимиё як қатор асарҳои илмӣ таълиф на­мудааст. Асарҳои машҳури ӯ «Тибби руҳӣ», «Сиратул фалса­фа», «Қонунҳои табии фалсафа», «Мулоҳизаҳо дар бораи вақт ва фазо» мебошанд, ки дар онҳо таълимоти фалсафии худро баён кардааст. Аз ҷумла, ба ақидаи ӯ Офаридгор, рӯҳи умумӣ, фазоӣ мутлақ ва вақти мутлақ асоси оламро ташкил медиҳанд. Дар таълимоти худ Закариёи Розӣ материяро бо ҳамаи хусусиягхояш бо Худо баробар нишон медиҳад, ки дар ҳамон вақт ин таълимот аҳамияти бузург дошт. Ӯ ҳаракатро хосияти материя мешуморид. Мутафаккир масъалаи асосии фалсафаро аз мавқеи материалистӣ ҳал менамояд. Дар баробари ин Закариёи Розӣ дар таълимоти худ ба идеализм ҳам гузаштҳо карда­аст. Масалан, ӯ чунин мешуморид, ки чизҳои материалӣ ва умуман табиат, ба монанди Офаридгор – Худо табиатан якбора пайдо шудаанд. Баъдтар мутафаккирони бузурги Европа Голбах, Гелветсий ва Фейербах дар ин бора муҳокимаронӣ карда­анд.

Файласуфи маъруфи дигари он замон Ал-Форобӣ (Абунаср Муҳаммад ибни Тархон Форобӣ солҳои 870-950) буд. Ӯ математик табиб ва файласуфи бузурги замонаш ба шумор мерафт. Вай тафсиргари асарҳои Арасту буд, аз ин рӯ, лақаби «шореҳ» ва «тафсиргар»-ро гирифта буд.

Мутафаккир масъалаи асосии фалсафаро ба таври идеалистӣ ҳал карда буд. Мисли дигар мутафаккирони асримиёиагӣ Форобӣ Худовандро сабаби асосии ҳастӣ мешу­морид. Олами моддӣ, ба ақидаи Форобӣ аз шаш унсур иборатанд, ки инҳоянд: элементҳои оддӣ, минералҳо, растаниҳо, ҳайвонҳо, инсон ва ҷисмҳои осмонӣ. Вай чунин мешуморид, ки сарчашмаи дониш органҳои ҳис мебошанд ва олам донисташаванда аст.

Дигар олими машҳури асри IX-и тоҷик Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мусо-ал-Хоразмӣ буд. Ӯ асарҳояшро асосан дар академияи илмҳои Бағдод эҷод кардааст. Ал-Хоразмӣ ба илми риёзии ҷаҳонӣ тартиби ҳисобкунии ҳиндӣ ва асосҳои алҷабрро дохил намуда. дар риёзист давраи навро кушод. Дар соҳаи нуҷум ал-Хоразмӣ чадвалҳои пурқимате тартиб дода буд, ки онҳо асоси корҳои илмии мунаҷҷимони баъдинаи ҷаҳон гардиданд. Ӯ илми алгебраро ҳамчун шохаи нави математика ба вуҷуд овард. Ал-Хоразмӣ ҳамчун табиатшиноси машҳур якчанд асарҳо, махсусан «Ҷадвалҳои астрономӣ» «Нишонаҳои шакли замин», «Рисолаи соатҳои офтобӣ»-ро навишт, ки онҳо баъдтар ба забони лотинӣ чоп шуда, мутафаккирро дар Ғapбy Шарқ машҳур гардониданд. Асарҳои мугафаккир дар ташаккули тафаккури фалсафии мутафаккирони ояндаи ҷаҳон кумаки калон расонидаанд.

Олимонӣ машҳури он замон риёзидонҳо Аҳмад ибни Абдулло ал-Марвазӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмад ал-Насавӣ, мунаҷҷимони машҳур Ҷаъфар ибни Муҳаммади Балхӣ, Абулаббос ал-Фарғонӣ, Абулмуҳаммади Хуҷандӣ ва дигарон бу­данд. Абулмуҳаммади Хуҷандӣ ихтироъкунандаи асбоби зовиясанчии радиусаш 40 метра буда, он дар расадхонаи Улуғбек ба таври васеъ истифода шудааст. Дар соҳаи ҷуғрофия асарҳои Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Сарахсӣ, ал-Марвазӣ, ал-Балхӣ асоси асарҳои ҷуғрофияшиносони араб-Истахрӣ, ибни Ҳауқал, Муқаддасӣ ва дигарон гардидаанд. Хусусан асарҳои ал-Балхӣ «Сурати иқлимҳо», «Намуди мамлакатҳо», «Тақсимоти шаҳрҳо» хеле машҳур буданд.

Вазири бомаърифати Сомониён Ҷайҳонӣ дар асарҳои ҷуғрофии худ тасвири дунё, гуфторҳо оиди офариниши олам, тасвири даррандаҳо, шаҳрҳо, пойтахтҳо, баҳрҳо, дарёҳо, иқлимҳо, халқҳо ва ғайраро додааст. Асари ҷуғрофии муаллифи номаълуми асри X «Ҳудуд-ул-олам», ки бо забони тоҷикӣ навишта шудааст аз беҳтарин асарҳои ҷуғрофӣ буда, бидуни маълумотҳои нодири ҷуғрофӣ, боз роҷеъ ба масоили савдо, кишоварзӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ хабар медиҳад. Инкишо­фи илми тиб, саноати куҳӣ, истеҳсоли рангҳо, шиша, қоғаз ва коркарди пуст ба густариши илми кимиё сабаб шудаанд.

Олими машҳури соҳаи кимиё Ҷобир ибни Ҳайан (Гебер)- ро дар Ғарб надари алхимия медонанд.

Асарҳои Абубакри Бухороӣ «Хидоят-ул-муталимин, «Китоби набз» ва «Китоби ташрих» («Анатомия») бо забони тоҷикӣ иншо шуда, ба анатомия, физиологияи одам ва касалиҳою усулҳои табобати онҳо маълумотҳои умумӣ медиҳанд. Олимони дигари соҳаи тиб ва кимиё Ҳаким Майсарӣ, Абумансур ал- Хиравӣ ва сарвари онҳо Абуалӣ ибни Сино буданд.

Дар қатори олимони табиатшинос олимони соҳаҳои таърих, забон ва ғайра кам набуданд. Хусусан, асарҳои муаррихон Абуабдулло Муҳаммад ал-Ахборӣ (Таърихи Саффориёи), ас-Саломӣ («Таърихи ҳокимони Хуросон»), Абубакр Наршахӣ («Таърихи Бухоро»), Муҳаммад Балъамӣ «Таърих ар-русул вал-мулук» дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошанд. Таърихдонҳои дигари он замон Аҳмад ал-Фарғонӣ, Абӯмуайади Балхӣ, Абуабдулло ал-Хоразмӣ ва дигарон буданд.

Замони Сомониён давраи равнақ ва нашъунамои забону адабиёти тоҷик буд. Забони тоҷикӣ забони умумихалқӣ ва за­бони илму адаб гардида буд. Бо ин забон шоирони асри IX Ҳаким Абуҳафси Суғдӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад бинни Васиф (асосгузори қасидасароӣ), Бассоми Курд, Фирӯзи Машриқӣ, Абӯсалҳи Гургонӣ шеърҳо гуфтаанд.

Дар асри X адабиёти тоҷик гул-гул шукуфт. Худи Сомониён, ҳокимону вазирони онҳо аз қабили Тоҳир ибни Фазли Чагонӣ, Амир Абулмузаффари Чагонӣ, Ҷайҳонӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абуалии Балъамӣ, ки шоиру адабиётдӯст буданд, дар пешрафти адабиёти тоҷик саҳми босазои худро гузоштаанд. Адабиёти нодир тарҷума ва гирд оварда мешуд. Шаҳрҳои Бу­хоро, Самарқанд, Марв, Ҳирот, Балх, Чагониён, Нишопур марказҳои адабӣ гардида буданд.

Дар асри X шоирон Рудакӣ, Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушукури Балхӣ, Абутоҳир Хусравонӣ, Хаббозии Нишопурӣ, Маъруфи Балхӣ, Шокири Бухороӣ, Истиғнои Нишопурӣ, Тур­ки Киштӣ, Абумуайиди Балхӣ, Равнақии Бухороӣ, Дақиқӣ, Киндӣ, Кисони Марказӣ ва дигарои дар ганҷинаи адабиёти тоҷик ҳиссаи бузург гузоштаанд. Онҳо дар офаридаҳои худ ҳақиқати ҳаёт, зиндагии дарбор, воқеаҳои таърихӣ, ишқу муҳаббат, ахлоқ, хирадмандӣ, накукорӣ, зебоиҳои табиат ва шириниҳои зиндагиро сурудаанд. Шаклҳои маълуми назми ас­ри X тоҷик аз қасида, маснавӣ, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайраҳо иборат буданд.

Дар байни шоирони асри X сардафтари адабиёти класси­кии форсу тоҷик устод Абӯабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рудакӣ ҷои аз ҳама намоёитарро ишғол менамояд. Рудакӣ соли 858 дар деҳаи Рудакӣ шаҳри Панҷакенти имрӯза ба дунё ома­да, соли 941 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Истеъдоди баланди шоирӣ, ромишгарӣ ва овози форам Рудакиро ба дарборӣ Со­мониён овард, ки зиёда аз нисфи умрашро дар он ҷо гузаронд. Рудакӣ на танҳо шоири моҳир, балки донишманди бузург низ буд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рудакӣ ғайр аз қасида, рубоӣ, ғазал, қитъа, якчанд маснавӣ ба монанди «Калила ва Димна», «Даврони офтоб», «Синбоднома» ва монанди инҳоро навиштааст. Ӯ дар асарҳои худ ҳаётдӯстӣ, инсонпарварӣ, зебоиҳои табиат, ақлу хирад, мардонагӣ ва накукориро месарояд. Дар шароити иҷтимой-сиёсии ҳамон давра Рудакӣ хушбахтии инсонро дар аз худ намудани илму маърифат медид. Барои фикрҳои пешқадам Рудакӣ аз дарбор ронда шуда буд. Шоири забардаст охири умрашро дар бенавоию муҳтоҷӣ дар байни халқ дар диёри худ гузаронидааст. Дигар шоири намоёни форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ буд.

Бештар оиди Рӯдакӣ->>

Ҳаёт ва фаъолияти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Абулқосим Фирдавсӣ. Шоири забардасту ватандӯст, офарандаи эпоси қаҳрамонии форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ соли 941 дар Тӯс аз оилаи заминдор ба дунё омада, соли 1020 вафот кардааст. Фирдавсӣ тамоми донишҳои замони худ, бахусус таърихи форсу тоҷикро азхуд карда, ҳамчун донандаи хуби забони форсӣ ва арабӣ дар тули 30 соли заҳмат асари безаволи худ «Шоҳнома»-ро дар ҳаҷми 60 ҳазор байт эҷод кардааст. Ии шоҳасарро Султон Маҳмуди Ғазнавии турк написандид ва хатто барои дастгиру ҷазо додани Фирдавсӣ фармон ҳам дода буд.

Дар «Шоҳнома» Фирдавсӣ ҳаёти асотирӣ ва таърихии халқҳои эронинажодро тасвир намуда, воқеаҳоро ба ҳаёти замонаи худ наздик ва алоқаманд кунонидааст. Ӯ ҳамчун шоҳиди воқеии ҳодисоти таърихии замонааш гоҳ аз номи қаҳрамонон ва гоҳ аз номи худаш муносибаташро нисбат ба он воқеаҳо баён кардааст. Замони Фирдавсӣ даврае буд, ки мавҷудияги давлати Сомониёнро ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ ва муборизаҳои байнихудии дохилӣ дар зери хатар гузошта буданд. Дар чунин вазъият ғояҳои ҳимояи ватан, садоқат ба он, муттаҳидшавӣ, қаҳрамонӣ ва далерӣ, ки дар «Шоҳнома» инъикос ёфтаанд аҳамияти калони ватаннарварӣ доштанд. Дар «Шоҳнома» ҳаёти осоишта ва меҳнати одамон дар ҷои аввал гузошта шудааст. «Шоҳнома» монанди асарҳои «Одиссея» ва «Иллиада» ганҷи бебаҳоест ба хазинаи маданияти ҷаҳонӣ.

Дар асрҳои IX-X назм бо мусиқӣ иртибоги ногусастанӣ дошт ва назарияи мусиқӣ ба вуҷуд омада буд. Яке аз ромишгарону овозхонони маъруф Рудакӣ якчанд асбоби мусиқӣ, аз ҷумла, ӯд, ҷанг ва барбадро моҳирона менавохт. Рудакӣ асбоби мусиқӣ – ӯдро ихтироъ карда, ду оҳанги классики – тарона ва ӯфарро ба вуҷуд овардааст. Шоирон -навозандагон Абуҳафси Суғдӣ, оҳангсоз Абусолиқ шоир ал-Хуросонӣ, чангнавоз Лукари Чангзан, ромишгар Абулаббос Бахтиёр, тамбурчӣ Алибегӣ, найнавоз Зилзили Резӣ, найнавоз Исои Барбатӣ, сарояндаи хушовоз Ситти Заррина ва дигарон устодони моҳири санъати он давра буданд.

Дар соҳаи назарияи мусиқӣ Абуалӣ ибни Сино чор асари махсус навишааст, ки яке аз онҳо «Рисолаи мусиқӣ» асг. Дар «Дониншома» ва «Китоб-уш-шифо» ба мусиқӣ бобҳои махсус бахшидааст. Ӯ ба ҷои мусиқии якаовозаи қадимӣ мусиқии дуовозаро дар мусиқии халқӣ ҷорӣ намуд. Абуалӣ ибни Сино сурнай ва ғижжакро ихтироъ кардааст. Мусиқӣ дар ҳаёти шахсӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ, динӣ, иду хурсандиҳо ва рӯзҳои ғаму мотам истифода бурда мешуд.

Дар асрҳои IX-X оҳангҳои мусиқии достонӣ, суруд, тарона, хусравонӣ, ушшоқ рост, бода, ироқ зерафканда, бусолиқ сипоҳонӣ, наво, баста ва ғайра иҷро карда мешуданд. Танбур, рубоб, чанг, барбат (панҷтор), руд, най, сурнай, шоҳнай, шоҳруд, шайпур, карнай, даф (дойра), табл ва дигар асбобҳои мусиқӣ мавҷуд буданд ва ба таври васеъ исгифода бурда, мешу­данд. Халқи тоҷик дар ин давра сарояндагон, навозандагон, ромишгарон, назариётчиёни мусиқӣ, асбобҳои гуногуни мусиқӣ, оҳангсозони зиёдеро ба вуҷуд овард, ки мусиқии классикии тоҷикро аввал дар шакли «Дувоздаҳ мақом» ва дертар дар шакли «Шашмақом» дар асоси анъанаи қадимаи худ мураттаб сохта, онро минбаъд такмилу инкишоф дод.

Ҳамин тавр, дар давраи ҳукмронии Сомониён Мовароуннаҳру Хуросон ба марказҳои муҳими илму фарҳанги халқи тоҷик табдил ёфта буд. Илму фарҳанги халқи тоҷик аз машрик то ба мағриб паҳн гашта, дар дилу дида ва ҳаёти халқҳои ҷаҳон мавқеъ ва мақоми хоса найдо карда буд.

Ташаккулёбии халқияти тоҷик

Раванди ташаккулёбии халқи тоҷик ҳанӯз хеле барвақт, пеш аз ҳуҷуми арабҳо ба Хурсон ва Варорӯд ба вуҷуд омада буд. Вале истилои арабҳо ин равандро суст карда, ба қафо партофт. Пайдоиши давлатҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён вазъиятро ба куллӣ тағйир дод. Дар замони Сомониён тоҷикон умумияти томи забонӣ, ҳудудӣ ва маданӣ пайдо карда, сокинони вилоятҳои мухталиф бо ҳамдигар алоқаи зичи иқтисодӣ доштанд. Аҷдодони халқӣ тоҷик бохтариҳо, тахориҳо, суғдиҳо, хуросониҳо, фарғонагиҳо, хоразмиҳо, портҳо ва маргиёниҳо мебошанд. Хиониҳо, кидориҳо ва ҳайтолиён низ ҷузъиётҳои муҳими ташаккулдиҳандаи халқияти тоҷиканд. Баъзе турку арабҳо ҳам ба ҳайати тоҷикон ворид шуданд. Ҳайтолиён тоҷиконро аз асорати Сосониёи ва туркҳо паноҳ дошта, дар ҳудуди ватани аҷдодии тоҷикон як давлати марказиятнок ташкил доданд ва ба ҳуввияти тоҷикӣ қувва бахшиданд.

Забони тоҷикӣ дар асоси лаҳнҳои бохтарӣ, суғдӣ, сакоӣ, порта ва асосан дарии Хуросонӣ дар асри IV-VI чоӣ ва мақоми худро пайдо карда буд. Вале дар асрҳои VII-VIII дар Суғд, Кеш, Истаравшан лаҳни суғдӣ, дар Таҳористон лаҳни дарӣ забони умумимардумӣ гардида буд. Дар асри VIII дар Самарқанду Бухо­ро тарғиботи ислом бо забони дарӣ сурат мегирифт.

Дар асри X забони тоҷикӣ-дарӣ лаҳну лаҳнаҳои дигарро танг карда, забони ҳукмроии давлатӣ, илмӣ ва адабӣ гардида, забони хаттӣ ва гуфтугузори тамоми тоҷикон маҳсуб мешуд. Зери таъсири он забони арабӣ танг карда шуд. Забони арабӣ дар масҷиду мадрасаҳо ва андаке дар корҳои илмӣ истифода мешуд. Муборизаи озодихоҳонаи аҷдодони тоҷикон алайҳи истилогарони араб ва таъсисёбии сулолаҳои маҳаллии Тоҳириёну Сафориёну Сомониён раванди ташаккулёбии халқӣ тоҷикро суръат бахшид. Ба ҳайати давлати Сомониён ҳамон вилоятҳое дохил шуданд, ки аҳолиашон сирф тоҷикон буда, дороӣ маданияти бой, рангин ва ягона буданд. Дар ин заминаҳо дар асри X халқӣ тоҷик пурра ташаккул ёфт, яъне умумият ва ҷузъиётҳои забонӣ, ҳудудӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ҳаёти тоҷикон мавқеъ ва мақоми муайянкунанда пайдо карданд.


Гул-гулшукуфии фарханги халки точик дар давраи Сомониён (асрхои IX-X 9-10), Илму фарханг ва адабиёт дар замони Сомониён, забони точики дар давраи Сомониён, ташаккулёбии халкияти точик, ташаккулёбии халки точик.

ҚаблӣАз хуни Сиёвушем … Исмоили Сомони
БаъдӣДар Бухорои Шариф чанде касиф … (шеъри пурра)