Тасниф ва пайдоиши паҳнкирмҳо

Тасниф ва пайдоиши пахнкирмхо. Таснифи паҳнкирмҳо.


Типи паҳнкирмҳо ба се синф ҷудо мешавад.

  1. Синфи кирмҳои мижгондор ё планария;
  2. Синфи макандаҳо;
  3. Синфи кирмҳои тасмашакл.

Синфи кирмхои мижгондор ё планария

Синфи кирмҳои мижгондор ё планария. Аксарияти намояндагони ин синф озодона зиндагӣ карда, намудҳои муфтхӯрашон кам вомехӯранд. Онҳо, асосан, дар обҳои баҳр ва ширин сукунат доранд. Кирмҳои мижгондор даранда буда, содатаринҳо, нематодҳо, харчангҳои майда, кирминаи ҳашаротро мехӯранд. Баъзан ҳайвони аз худ калонро ҳам мехӯранд. Ҳодисаи ҳамдигарро хӯрдани онҳо мушоҳида шудааст. 3000 намудашон маълум аст.

Бадани онҳо бо эпителияи мижгондор пӯшида шудааст. Онҳо тавассути мижгонакҳои бадан ҳам ҳаракат ва ҳам шиною хазида метавонанд. Ҳазмкунии хӯрок дар дохили ҳуҷайраҳо ва ковокии бадан ба амал меояд. Қобилияти баланди эҳёшавӣ доранд. Намояндаи паҳншудаи онҳо планарияи сафед буда, дар зери сангҳои обанборҳо, дарёҳо ҳаёт ба сар мебарад. Андозаи бадани планария 1,5 см аст, дар сар чашми сода дорад (ба расми 60 нигаред). Даҳонаш аз тарафи шикам наздик ба қафои бадан ҷойгир аст.

Системаи асаби планария панҷарашакл буда, узвҳои ҳиссаш нағз тараққӣ кардааст. Планария бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ афзоиш карда метавонад. Дар вақти бо роҳи ғайриҷинсӣ афзоиш кардан бадани онҳо бо қади тана ба қисмҳо ҷудо шуда, аз ҳар кадоми ин қисмҳо планария пайдо мешавад. Планария хунсо буда, дар вақти ҷуфтшавии онҳо нутфаашон ба ҳамдигар гузашта, тухмҳуҷайраашон бордор мешавад. Баъдтар онҳо тухми бордоршуда мемонанд ва аз он планарияи ҷавон пайдо мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Синфи макандахо

Синфи макандаҳо. Аз номашон маълум аст, ки онҳо узви макандаи даҳонӣ доранд (ба расми 64 нигаред). Баръакси планария намояндаҳои синфи макандаҳо муфтхӯри дарунии ҳайвонҳои бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадор мебошанд. Шакли бадани онҳо ба барг монанд аст. Дар макандаҳо системаи ҷинсиашон хеле нағз тараққӣ кардааст, сикли ҳаёташон низ хеле мураккаб буда, дар ду ё се «хӯҷаин» ба итмом мерасад.

Ин синф 4000 намуд дорад. Намояндаи маъмули ин синф кирми ҷигармак буда, дар байни халқ бо номи шапалаки ҷигар маълум аст. Сикли ҳаёти ин муфтхӯр дар ду «хӯҷаин»: «хӯҷаин»-и асосӣ ё охирин – чорвои шохдори калон ва «хӯҷаин»-и мобайнӣ тӯқумшуллуки ҳавзӣ (аз синфи нармбаданҳои шикампой) мегузарад (ба расми 64 нигаред).

Тухми бордоршудаи кирми ҷигармак фақат ҳамон вақт афзоиш карда метавонад, ки он тавассути ахлоти чорво дар об афтад. Дар об аз тухм кирми мижгондор (мирасидия) пайдо шуда, он танаи тӯқумшуллуки ҳавзиро сӯрох карда, ворид мешавад. Дар дохили нармбадан кирм якчанд давраи инкишофро паси сар карда, аз нармбадан ба об мебарояд. Пас кирмина ба ягон рустанӣ часпида, дар атрофаш пардаи зич пайдо менамояд, яъне систа ҳосил мекунад. Вай муддати тӯлонӣ қобилияти ҳаётгузаронӣ дорад. Дар вақти об ё алафи систадори дар об бударо хӯрдани чорво, систа ба рӯдаи ҳайвон мегузарад. Дар рӯдаи ҳайвон пардаи систа ҳазм шуда, муфтхӯр тавассути рагҳои (венаҳои) вариди рӯда ба ҷигар рафта, ҷой гирифта, хӯрок мехӯрад ва ба балоғат мерасад.


Синфи кирмхои тасмашакл

Синфи кирмҳои тасмашакл. Намояндагони ин синф ҳам ба монанди макандаҳо муфтхӯр буда, 3000 намудашон дар илм маълум аст. Дар Тоҷикистон намудҳои зиёди ин синф дар организми чорво ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи болиғӣ дар рӯдаи ҳайвони сутунмуҳрадор, аз ҷумла дар ҷисми одам зиндагӣ мекунанд. Давраи кирминагиашонро дар дохили ҳайвони бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадор мегузаронанд. Андозаи кирми болиғ аз 1 мм то 30 м мебошад. Ранги бадан сафед ё зардчатоб аст. Танашон дарози тасмашакл буда, аз буғумҳои зиёд иборат аст. Дар пеши тана сараки маканда доранд. Баъзе намудҳояшон, аз ҷумла бандкирми хук дар як вақт дар саракашон ҳам маканда ва ҳам чангакчаҳо доранд. Дар дигар намудҳо дар сарак фақат макандаҳо мавҷуд ҳасту халос (дар бандкирми гов). Маканда ва чангакчаҳо вазифаи доштанро дар девори рӯдаи «хӯҷаин» иҷро мекунанд.

Вобаста ба шакли зиндагии муфтхӯрӣ дар раванди эволютсия дар кирмҳои тасмашакл системаи ҳозима барҳам хӯрда, системаи ҷинсӣ хуб инкишоф ёфтааст. Хӯроки ҳазмшудаи «хӯҷаин»-ро ба воситаи тамоми бадан ҷаббида мегиранд. Системаи асаби онҳо суст тараққӣ карда, узвҳои ҳис надоранд.


Пайдоиши пахнкирмхо

Пайдоиш. Баъзе олимони зоолог ақида доранд, ки паҳнкирмҳо аз рӯдаковокҳое пайдо шудаанд, ки онҳо кайҳо мурда, ҳоло вуҷуд надоранд. Шояд он ҳайвони рӯдаковок баданаш паҳн, яъне ба тасма монанд будааст. Ин ҳайвон эҳтимол тадриҷан ба зиндагии зериобӣ гузашта, ҳар гуна ҳайвонҳои майдаро шикор мекард, яъне он даранда будааст.. Онҳо дар зери об тавассути мижгонҳо шино мекардаанд (ба расми 65 нигаред).

Пайдоиши пахнкирмхо
Расми 65. Пайдоиши паҳнкирмҳо

Ҳамин тарзи ҳаракат дар бисёр намояндагони ҳозираи паҳнкирмҳо нигоҳ дошта шудааст. Як намояндаи синфи кирмҳои мижгондор – кирмҳои мижгонакдори берӯда буда, онҳо аз ҷиҳати сохти бадан ба кирминаи рӯдаковокҳо монанданд. Аз гузаштагони қадима ва одии кирмҳои мижгондор ё планария кирмҳои мижгонакдори сохташон мураккабтар пайдо шудаанд. Баъзеи онҳо баъдтар ба зин- дагии муфтхӯрӣ гузаштанд. Гузаштан аз тарзи зиндагии озодона ба тарзи зиндагии муфтхӯрӣ давраи хеле тӯлониро дар бар гирифта, оқибат кирмҳои маканда ва тасмагӣ пай- до шудаанд. Вобаста ба муфтхӯр шудани ин кирмҳо, дар онҳо як қатор мутобиқшавиҳои нав пайдо шудааст. Маса- лан, системаи асабашон сода шуд, узвҳои ҳис бошад ё суст тараққӣ кардаанд ё тамоман барҳам хӯрдаанд. Инчунин дар кирмҳои муфтхӯр системаи ҳазми хӯрок барҳам хӯрд ва онҳо қобилияти насли зиёд монданро пайдо кардаанд.


Хулоса

  1. Паҳнкирмҳо ҳайвони сеқабата буда, таносуби баданашон дутарафа аст.
  2. Нахустин бор дар паҳнкирмҳо узви махсуси ихроҷ пайдо шудааст.
  3. Дар намудҳои муфтхӯри тасмакирмҳо системаи ҳозима барҳам хӯрдааст.
  4. Бо сабаби муфтхӯр буданашон системаи асаб ва узвҳои ҳисси паҳнкирмҳо ниҳоят суст тараққӣ кардааст.
  5. Паҳнкирмҳо ҳайвони дуҷинса (хунсо) мебошанд.
  6. Паҳнкирмҳо аз рӯдаковокҳо пайдо шудаанд.

Саволҳо

  1. Чӣ гуна хусусияти афзоиш ва инкишоф дар кирми ҷигармак ва эхинококк мушоҳида карда мешавад?
  2. Кадом намуди паҳнкирм аз ҳама бештар сохти мураккабтар дорад ва барои чӣ?
  3. Вобаста ба муфтхӯр шудани кирмҳо, дар онҳо чӣ гуна тағйиротҳо ба амал омадаанд?
  4. Аз кадом ҳайвон паҳнкирмҳо пайдо шудаанд ва бо кадом далелҳо инро метавон исбот кард?
  5. Сикли ҳаёти макандаҳоро фаҳмонед.
  6. «Хӯҷаин»-и асосӣ ва «хӯҷаин»-и мобайнӣ гуфта чиро мефаҳмед?
ҚаблӣЭхинококк – маълумот бо забони тоҷикӣ
БаъдӣСинфи кирмхои мижгондор ё планария