Хусусиятҳои фаъолияти олии асаби инсон

Хусусиятхои фаъолияти олии асаби инсон. Фаъолияти аввалини бомулохизаи хайвонот. Диккат. Идрок. Намудхои идрок. Хусусияти идрок. Ирода. Нутк ва тафаккури одам.


Фаъолияти аввалини бомулоҳизаи ҳайвонот

Дар ибтидои асри ХХ И. Павлов ва В. Бехтерев муайян карданд, ки қонунияти ба вуҷуд омадани рефлексҳои шартӣ ва боздорӣ дар ҳайвоноту одам асосан як хел аст. Дар айни ҳол И. Павлов борҳо нишон додааст, ки ҳамаи ҳодисаҳои фаъолияти олии асаб фақат бо мафҳуми рефлекси шартӣ ба охир намерасанд. И. Павлов таҷрибаҳои бо маймунҳои одамшакл гузаронидаашро таҳлил карда, навиштааст: «Вақте ки маймун барои ба даст овардани мева тагмон месозад, инро «рефлекси шартӣ» номидан мумкин аст (расми 111).

Расми 111. Омӯхтани рафтори маймунҳои дараҷаи олӣ
Расми 111. Омӯхтани рафтори маймунҳои дараҷаи олӣ

Ин, воқеан, донишҳосилкунӣ, фаҳмидани вобастагии муътадили ашё мебошад.

Малакаи қонунияти вобастагии ашё ва воқеаҳои муҳити атрофро донистани ҳайвонот, инчунин дар шароити нав истифода кардани ин қонуният фаъолияти бомулоҳиза номида мешавад.


Павлов Иван Петрович

Павлов Иван Петрович (1849-1936) Олими барҷастаест, ки дар пешрафти илми ҷаҳонӣ ҳиссаи босазое гузоштааст, академики АИ Иттиоҳоди Шӯравӣ, Лауреати мукофоти Нобелӣ. Тадқиқоти И. П. Павлов доир ба физиологияи ҳозима, гардиши хун, фаъолияти олии асаби ҳайвоноту одам ӯро машҳури ҷаҳон кардаанд. И.П.Павлов Русияро дӯст медошт ва аз комёбиҳои давлати Шӯравӣ фахр мекард: «Ҳар коре, ки кунам, доим дар андешаи онам, ки то ҷон дар тан дорам, барои ҳамин ватанам хизмат хоҳам кард».


Дар замони ҳозира усули махсус кор карда шудааст, ки бо ёрии он дар лабораторияҳо ва шароити табиӣ фаъолияти ибтидоии (одитарин) бомулоҳизаи ҳайвоноти гуногунро меомӯзанд. Олими Иттиҳоди Шӯравӣ Л. Крушинский нишон дод, ки системаи асаб ҳар қадар инкишоф ёбад, фаъолияти бомулоҳиза ҳамон қадар авҷ мегирад. Он дар одам ва маймунҳои дараҷаи олӣ тараққӣ карда, чун тафаккур зоҳир мегардад.

Фаъолияти бомулоҳиза шакли олии ба шароити муҳит мувофиқшавӣ мебошад.

Ба туфайли он организм на танҳо ба шароити зуд тағйирёбандаи муҳит мувофиқ мешавад, балки чунин тағйиротро пешакӣ ҳис карда, онро дар рафтори худ ба эътибор мегирад.


Нутқ ва тафаккури одам

Дар давраи таҳаввулот (эволютсия) ба ақидаи И. Павлов дар одам «изофаи фавқулода ба механизмҳои кори майна», яъне нутқ пайдо шудааст.

Бо калима одам ҳамаи чизҳои тавассути аъзои ҳис дарккардаашро ифода мекунад. Дар баробари ин калима дорои вазифаи ҷамъбасткунӣ мебошад. Масалан, калимаи «миз» барои кӯдак бори аввал чизи муайянро ифода мекунад, яъне ҳамон мизест, ки дар он ба вай хӯрок медиҳанд, вале кӯдак калонтар шуда, бо ҳамин калима мизи кории падараш, мизи ошхона ва мизи зери оинаи нилгунро номбар мекунад. Акнун вай бо калимаи «миз» ҳамаи ашёи бо миз умумиятдоштаро ҷамъбаст менамояд.

Барои нутқи одам дараҷаи хеле баланди ҷамъбасткунӣ хос аст. Одам на танҳо мафҳуми ашё, хусусияту нишонаҳои онҳо, ҳодисаҳои табиат, балки ҳиссиёт, идрок ва ғаму андӯҳи худро ҷамъбаст мекунад. Ӯ бо калимаҳо фикр мекунад. Тафаккури шифоҳӣ (даҳонӣ) ба вай имкон медиҳад, ки ба вазъияти мушаххаси воқеият эътибор надиҳад. Нутқи одам дастгоҳи тафаккури абстрактӣ мегардад.

Нутқи даҳонӣ хаттӣ ба одам имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи дигарон ва таҷрибаи иҷтимоию таърихии инсоният шинос шавад. Ин идомаи насл, муттасилии тараққиёти илму техника ва маданиятро таъмин месозад.

Лаёқати нутқомӯзии одам модарзодӣ аст, вале агар кӯдак аз ҷамъияти инсонӣ ҷудо нигоҳ дошта шавад, лаёқати нутқомӯзиаш амалӣ намегардад. Кӯдакон забонро ихтиёран интихоб намекунанд. Бо забони русӣ, англисӣ ё хитоӣ гап задани онҳо ба он вобаста аст, ки атрофиёнашон бо кадом забон сухан меронанд. Кӯдак то 5-6-солагӣ гап заданро ёд мегирад. Агар вай то ин синну сол гап зада натавонад, тараққиёти ақлониаш таваққуф мекунад. Вазифаҳои нутқи одам ба қисмҳои гуногуни мағзи сар вобаста аст. Ташаккули нутқи даҳонии одам бо қисми пешонигии нимкураи чап, нутқи хаттиаш бо қисмҳои чаккаю фарқи сар алоқаманд мебошад.


Диққат

Марҳилаи фаъолияти рӯҳиест, ки ба ашёҳои муайян равона карда шудааст ё ҳолати дақиқӣ мебошад, ки аз боқимонда чизҳои мавҷуда дар канор боқӣ монда мебошад. Диққат ин ҷудокунии ашё ё ҳолати ҳақиқиеро, ки аз бисёр ҳолатҳои дигар моро иҳота кардааст, дар бар мегирад. Дар натиҷа пурра ва дақиқ инъикосшавии ашё ҳангоми нигаристан мушоҳида мегардад. Асосҳои физиологии диққат вобаста ба алоқамандии ду ҳолати ба ҳам муқобил: баҳаяҷоноӣ ва боздорӣ мебошад. Ин ду ҳолат якдигарро дар майнаи cap доимо иваз карда меистанд.


Идрок

Дар пӯстлохи майнаи cap инъикос ёфтани ашё ё ҳодисае, ки ба анализаторҳои одам таъсир мерасонад, идрок номида мешавад. Ашё ва ҳодисаҳои берунӣ дар раванди идрок бо тамоми гуногуншаклии ҷиҳатҳо ва хусусиятҳои худ инъикос меёбад. Ашё ва ҳодисаҳои олами атроф дорои як қатор хусусиятҳо буда, бо ин нишондиҳандаашон ба анализаторҳои гуногун таъсир мерасонанд.


Намудҳои идрок

Дар ин раванд, ҳамаи анализаторҳо, нақши якхела иҷро карда наметавонанд. Одатан, яке аз онҳо асосӣ ба ҳисоб меравад. Идрок дар навбати худ ба биноӣ, шунавоӣ, бӯй, лаззат (таъм) ва ломиса ҷудо мешавад.


Хусусияти идрок

Дар майнаи сари одам ба таври механикӣ ва чун дар оина инъикос ёфтани чизи ба чашм аёнро ё бо гӯш мешунидагӣ набуда, балки ҳамеша раванди фаъолияташ баланд мебошад. Дар раванди идрок шинохтани он нақши калонро мебозад.


Ирода

Фаъолияти равони одам, ки дар амалҳои бошуурона ва барои ба даст даровардани мақсади муайян нигаронида зоҳир мегардад ва бо монеаҳо алоқаманд аст. Ирода дар ҳамаи намудҳои фаъолиятҳои одам зоҳир мегардад.

  1. Меҳнатро бе кӯшиши иродавӣ, бе фаҳмонидани мақсад аз натиҷаҳои меҳнат тасаввур кардан мумкин нест.
  2. Амали иродавӣ монанди тамоми фаъолияти равони одам, функсияи майнаи cap мебошад. Дар майнаи cap ду соҳаи асосиро фарқ кардан мумкин аст: сенсорӣ (ҳискунанда) ва моторӣ (ҳаракаткунанда).

Ирода фаъолияти рӯҳии одамест, ки дар рафтори бошууронаи ӯ пайдо шуда, барои ба мақсади дар пеш гузоштаи худ новобаста аз мушкилоти мавҷуда расидан, ба роҳ монда мешавад. Ирода дар ҳаёти ҳаррӯзаи одам мавҷуд буда, фақат он дар ҳолатҳои мушкил ва ғайримуқаррарӣ пайдо мешавад. Иродаи мустаҳкам имконият медиҳад, ки қариб ҳама ҳолатҳои мушкилтарине, ки дар организм ба амал меоянд, бартараф карда шавад.


Дониши худро санҷед:

  1. Оё рафтори ҳайвонотро танҳо бо рефлексҳои шартӣ маънидод кардан мумкин аст?
  2. Фаъолияти бомулоҳиза чист?
  3. Фаъолияти бомулоҳизаи ибтидоии ҳайвонотро чӣ тавр меомӯзанд?
  4. Тафаккури одам аз фаъолияти бомулоҳизаи ҳайвонот бо чӣ фарқ мекунад?
  5. Дар ҳаёти одам нутқи даҳонӣ ва хаттӣ кадом нақшро мебозад? Оё кӯдак дар сурати аз ҷамъият ҷудо буданаш гапзаниро ёд мегирад?
  6. Диққат чист?
  7. Кадом намудҳои идрокро медонед?
  8. Ирода чист?
  9. Идрок чист? Он чӣ хусусият дорад?
ҚаблӣРефлексҳои шартӣ. Боздории рефлексҳо
БаъдӣЭҳсосот (биология, анатомия)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед