Коркарди чойгиркунии маркази логистики дар Тоҷикистон

Коркарди ҷойгиркунии маркази логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Логистика дар Точикистон.


Барои он ки дар мамлакати мо маркази логистикӣ ташкил созем, мо бояд аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ЕврозЭс ва имкониятҳои дар ин иттиҳодия дода шуда истифода барем. Барои он ки марказ ба кор ояд пеш аз ҳама транзитро дар ҷумҳуриамон зиёд кунем, ва аз ин сабаб моро маҷбур аст, ки роҳҳои навро сохта ба истифода диҳем.

Масалан дар Ҷумҳурии Қирғизистон транзит зиёд аст ва аз ҳамин омил низ мамлакати онҳо миқдори даромади муайян мегиранд, ки дар худи ҳамин мамлакат номгӯи маҳсулотҳо арзон ба истеъмолкунандагон омада мерасад. Агар дар мамлакати мо низ чунин намуди шоҳроҳҳо сохта шавад, аввалан шарҳи некӯаҳволии мардуми тоҷик беҳ мешавад, дуюмӣ модар байни шоҳроҳҳо метавонем минтақаи озоди иқтисодиро ташкил кунем. Ташкил додани минтақаи озоди иқтисодӣ ба давлати мо фоидаҳои худро дорад, аз ҷумла қариб нархи тамоми маҳсулотҳо арзон мешавад, соҳибкорони ватанӣ метавонанд ба хориҷа барои хариди маҳсулотҳо нарафта, балки аз минтақаи озоди номбурдашуда харидорӣ намоянд.

Афсӯс ки дар айни замон ҳиссаи Ҷумҳирии Тоҷикистон барои транзит дар дохили аъзоёни иттиҳодияи ЕврАзЭс хело ва хело кам аст, ки ин барои мо манфиатовар аст. Ҳиссаи ҷумҳуриамон дар транзити аъзоёни ЕврАзЭс ҳамагӣ 0,18 %ро ташкил медиҳад, ки ин бениҳоят кам мебошад. Роҳбарияти ҷумҳуриамон барои бартараф кардани ин нишондод якчанд чораҳоро андешида ба амал бароварда истодаанд. Ҳисобҳои пешакии палатаи иқтисодии мамлакатамон пешгӯи мекунанд, ки дар соли 2020 ин ҳиссаи 0,18% бояд ба ҳадди ақал ба 0,5 % ро ташкил диҳад. Барои ин нақшаро ба иҷро расонидан ба муассисаҳои лозима вазифаҳои мушаххас супорида шуданд, ки яке аз онҳо пеш аз ҳама бунёд кардани роҳҳои нав мебошад.

Расми 3.2. Ҳиссаҳои мамлакатҳои ЕврАзЭс.
Расми 3.2. Ҳиссаҳои мамлакатҳои ЕврАзЭс.

Чӣ хеле ки дар расми дар боло буда мебинем, ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар транзити байналхалқӣ хело кам аст. Дар кори курсии худ ман лоиҳаи худро барои бисёр кардани ҳиссаи мамлакатамон пешниҳод мекунам.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мақсади ман аз он иборат аст, ки дар иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи транзитӣ ЕврАзЭс зиёд шавад аз ҳамин ҳисоб даромади ҷумҳурии мо зиёд мешавад, ки ин низ як сарчашмаи фоида мебошад.

Имкониятҳои мо нисбати истифодаи нақлиёт маҳдуд мебошад. Масалан, нақлиёти обӣ тамоман дар мамлакатамон нест, барои роҳи оҳан бошад шароити ҷуғрофӣ имконият намедиҳад. Барои сохтани роҳи оҳан хароҷотҳои зиёд сарф карда мешавад. Ягона имконияти мо ин роҳи нақлиётӣ мебошад, зеро хароҷот барои бунёд кардани чунин роҳ нисбат ба дигар намуди роҳҳо кам мебошад. Лоиҳаи ман барои сохтани маркази логистикӣ дар давлати мо ва ташкил кардани роҳе, ки моро бо мамлакатҳои ҷаҳон мепайвандад. Мувофиқи лоиҳаи кашидаи ман ин марказ дар шаҳри Чкаловск сохта шавад, зеро муҳити ҷӯғрофии ин шаҳр имкониятҳои худро доранд:

– шаҳри мазкур ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон наздик мебошад,

– сохтани марказ дар ин шаҳр ба истифодабарандагон имконият медиҳад, ки дар ин ҷо истода автомашинаҳои худро таъмиру барқарор карда роҳашонро давом диҳанд,

– инчунин ташкили роҳи ҳавоӣ низ дар марказ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳавопаймоҳои боркашон метавонанд…

– боз як бартарият дар он аст, ки ин марказ дар назди фурӯдгоҳи байналхалқӣ ҷойгир карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки барои сохтани ин марказ хароҷотҳои зиёде сарф мешаванд, лекин ин хароҷотҳои карда шуда дар муддати кӯтоҳ рӯйпуш карда мешаванд.

ҚаблӣТаърихи “Рохи Абрешим”
БаъдӣМан ориёиям (текст песни, шеъри пурра)