Гулназар Келдӣ дар бораи Суруди миллӣ

Гулназар Келдӣ муаллифи суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оиди ҳаёт ва фаъолияташ инҷо хонед: Гулназар Келдӣ (1945-2020).

Гулназар Келдӣ оиди суруди миллӣ чунин мегӯяд:

«Ҳар як асар барои офараидааш мисли фарзанди ҷигарбанд азиз аст. Зеро он дар натиҷаи ранҷ кашиданҳо, бедорхобии шабҳо, кам кардани нури чашми бино эҷод мешавад».

Ба ҳамин маънӣ Иқбол мегуяд:
Барги гул рангин зи мазмуни ман аст,
Мисраи ман, қатраи хуни ман аст.

Боз, иншои «Суруди миллӣ»-ро гӯед! Ин суруд бароям аз фарзандам ҳам азизтар, волотар, муқаддастар мебошад. Чунки ин суруди Тоҷикистони соҳибистиқлол, суруди тоҷики тоҷдор, тоҷики куҳантаъриху бофарҳанг аст. Ин пайки шодист, ки аз қалби миллионҳо мардуми тоҷик бурун ояд ва садою овозаш ба дунё танин андозад.

Вақте ки шумо, фарзандонам, «Суруди миллӣ»-ро зам-зама мекунед, ман ҳам бо шумо ҳамсадо мешавам, ман ҳам дар осмони беғубори Тоҷикистони азиз чун шоҳин бо шумо бол мезанаму бол мезанам ва шодам, ки ман онро эҷод кардаам, ин бахт насибам гардид.

Азизонам! Дар бисёр ҷамъомадҳо, маросимҳо бисёр касон, аз он ҷумла толибилмон аз ман мепурсанд: «Устод Гулназар, «Суруди миллӣ» чӣ хел ба вуҷуд омад?»

Бале, азизонам, ҳар як асар таърихе дорад. «Суруди миллӣ» ҳам.

Ёд дорам, ки 9-уми сентябри соли 1991 буду тирамоҳи зарринқабо бо тамоми шаҳомату бузургияш давр меронд.

Анна дар ҳамин фасли тиллоранг халқи тоҷик парчами истиқлолро баланд афрохт, истиқлолият ба даст овард. Дар диёри тоҷикон субҳи шодӣ дамид. Аз ин пайки шодӣ ман дар курта намеғунҷидам.

Роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз ин барои эҷоди «Суруди миллӣ» озмун эълон кард. Ман ҳам миён бастам. Пеш аз иншои он, бори дигар таърихи гузаштаю имрӯзаи халқӣ азизамро омухтам. Панди бузургони миллатам: «Гуфтори нек, рафтори нек, кирдори нек»-ро барои хеш раҳнамо сохтам. Ҳамин тавр, қалам ба даст гирифтаму «Суруди миллӣ»-ро эҷод кардам. Ҳар як калима ва ҳар як мисраи шеърамро садҳо бор тағйир додам, ислоҳ намудам. Ниҳоят «Суруди миллӣ» болои коғаз омад. Аммо азизонам, ман ҳаргиз бовар надоштам, ки дар байни ин қадар адибони тавонои миллат суруди ман дастболо мешаваду он «Суруди миллӣ»-и халқӣ бузургворам мегардад. Оре, мурғи Ҳумо гуё болои сарам парвоз карду бахт ба рӯям хандид ва ман ба мурод расидам.

Шогирдони азиз, ба кадом нияту орзу иншо намудани «Суруди миллӣ»-амро баъдтар дар як рубоиям ин тавр ба қалам додам:

Эй халқи азизи ман, саломат бошӣ,
Парвардаи номусу шарофат бошӣ.
Аз ҷон гуфтам «Суруди миллӣ»-и туро,
То ҷӯр ба ҳам бошиву Миллат бошӣ!»

Дар домани кӯҳҳои сарбафалак, дар соҳили дарёи пуртуғёни Зарафшон деҳаи хушманзараи Дардар ҷойгир аст, ки бачагии шоири халқии Тоҷикистон Гулназар он ҷо гузаштааст. Падару модари деҳқонаш саводи қазоӣ надоштанд, аммо бисёр шеъру масалҳои халқиву китобиро медонистанд ва дар ҳар лаҳзаи муносиб аз онҳо истифода мекарданд.

Гулназари наврас аз пайи мол, барои ҷамъ карданӣ алаф ё барои сайругашт бо бачагони ҳамсолаш ҳама роҳу пайраҳаҳои куҳҳои атрофи деҳаашонро давр задааст, ҳар сангу ҳар бутта, ҳар чашмаву сойро ӯ медонист, ҳар паррандаи хушхонро аз садояш аниқу дақиқ мешинохт. Вай ошиқи зебоиҳои зодгоҳаш буд ва шеърҳои аввалинашро низ дар васфи деҳи зебояш сурудааст:

Дар бари кӯҳ аст деҳи Дардарам
Ҳамчу лаълии пур аз шаҳду шакар.
Ҷӯи онро кӯҳ дар каф дошта,
«Марҳамат» гӯяд ба ҳар як раҳгузар.

Муҳаббат ба ҳар гиёҳ ҳар ниҳол, ба ҳар дараву такоб оҳиста-оҳиста ба муҳаббати бузург табдил ёфт.

Вақте ки ӯ ба Душанбе барои идомаи таҳсил омад, дарёфт, ки муҳаббати бузург низ ҳст, ки одами комил аз он фориғ буда наметавонад. Донист, ки ба ҷуз меҳри деҳаи Дардар, меҳри бепоёне низ ҳаст, ки он ба Ватани азиз тааллуқ дорад. Шеърҳои шогирдонаш ва баъдтар сурудҳои баркамолаш, ки дар маҷмуаҳои «Расми сарбозӣ», «Нардбон», «Дастархон», «Лангар», «Пайи дарё», «Фасли оғоз» ва даҳҳо номгӯи дигар ба табъ расидаанд, аз меҳри Ватан ва модар саршоранд. Инсонҳоро ба покӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят мекунанд.

Ҳамин меҳру муҳаббати беиддао сабаб гардид, ки Гулназар Келдӣ дар озмун дастболо бигардад. Оре, имрӯз «Суруди миллӣ»-и Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз хурд то калон, аз пир то ҷавон тараннум мекунанд ва ифтихор доранд.

Шоистаи гуфтан аст, ки «Суруди миллӣ» орзую умеди ҳазорсолаи миллати моро ифода мекунад:

Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Ин суруд соҳибватанонро ба муттаҳидию ягонагӣ ҳидоят менамояд. Ватан мисли баҳор ҳамеша шукуфост. Барои ободӣ ва бехазонии кишвар ва саодати мардум ҷоннисор бояд шуд, бовафо бояд буд:

Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту.

Хонандагони азиз, акнун навбати он расид, то шумо бо ҳам «Суруди миллӣ»-ро тараннум намоед. Гузашта аз ин, мазмун ва моҳияти ҳар як мисраи онро маънидод кунед.

Боз аз эҷодиёти шоири ширинкалом Гулназар чанд рубоиро пешкаш менамоем. Ин дастагулҳои тару тозаро хонед ва ҳаловат баред.

Рубоиёт аз Гулназар Келдӣ


Хаёт ва фаъолияти Гулназар Келди, Зиндагиномаи шоир, иншои суруди мили, эчодиёти Гулназар Келди, ашъори устод Гулназар Келди.

ҚаблӣФактҳои ҷолиб дар бораи Радио
БаъдӣРубоиёт бо лахҷаи Мастчох