Заминахои бавучудоии Созмони Иттиходи Аврупо

Заминаҳои бавуҷудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо. Аз таърихи ташкилёбии Иттиходи Аврупо


Ғояи муттаҳидкунии Аврупо, ки дар таърихи ин минтақа аз тарафи мутафаккирон ҳанӯз пеш баён шуда буд, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо як хусусияти баланд садо дода, ҳамовозони худро пайдо кард. Дар солҳои баъдиҷангӣ дар ин минтақа якчанд ташкилотҳо пайдо шуданд: Шӯрои Аврупо, НАТО ва Иттифоқи ғарбиаврупоӣ.

Қадами аввалин дар ташкили Иттиҳоди Аврупо соли 1951 гузошта шуд. Ҳамон сол Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Белгия Нидерландия, Люксембург, Франсия ва Италия дар бораи таъсиси Иттиҳоди аврупоии ангишт ва пӯлод созишнома имзо карданд, ки аз моҳи июли соли 1952 ба ҳукми қонун даромад[1]. Мақсади ин созмон муттаҳид кардани захираҳои аврупоии ангишту пӯлод ва истеҳсоли он буд.

Бо мақсади муттаҳид кардани боҳамоии иқтисодӣ ин давлатҳо соли 1957 Созмони иқтисодии Аврупо ва Созмони аврупоӣ доир ба энергияи атомиро таъсис доданд. Соли 1993 ин ташкилотҳо ба таври расмӣ ба Созмони Аврупо табдил дода шуданд. Раванди тараққиёт ва ба Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтани созмонҳои номбаршуда бо роҳи зиёд кардани шумораи аъзоёни интегратсия сурат мегирифт.[2]

Баъди инқилоби Амрико фикри ташкили Иёлоти муттаҳидаи Аврупо пайдо шуд. Дар бораи зарурати он Уинстон Черчил 19-сентябри соли 1946 дар нутқи худ дар донишгоҳи Сюрих баён карда буд. Соли 1949 Шӯрои Аврупо ташкил дода шуд. Аммо он чун сохтори СММ фаъолияти худро бо доираи ҳалли масъалаҳои таъмини ҳуқуқи инсон дар ҳудуди мамлакатҳои аврупоӣ маҳдуд кардааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Созмони иқтисодии Аврупо дар ибтидо ҳамчун иттиҳоди гумрукии шаш давлат дар асоси шартномаи Рим дар соли 1957 ташкил шуда буд, ки аз 1 январи соли 1958 ба ҳукми қонун даромад. Соли 1959 аз тарафи аъзоёни Созмони иқтисодии Аврупо парлумони Аврупо-сохтори намояндагӣ, машваратӣ ва қонунгузорӣ ташкил дода шуд. Ин зинаи якуми барпошавии Иттиҳоди Аврупо буд.

Моҳи январи соли 1960 Англия ва якчанд давлатҳои дигар, ки аъзои Созмони Иттиҳоди Аврупо набуданд, созмони алтернативӣ-Ассотсиатсияи аврупоии савдои озодро ташкил доданд. Дертар Британияи Кабир иттиҳоди пурмаҳсултар будани Созмони Иттиҳоди Аврупоро дарк намуда, қарор дод, ки ба он аъзо шавад. Норвегия низ чунин қарор қабул кард. Кӯшишҳои аввалин дар солҳои 1961-1963 бенатиҷа монданд, чунки Президенти Фаронса Шарл де Голл ба Созмони Иттиҳоди Аврупо қабул кардани аъзоёни навро манъ карда буд. Натиҷаи гуфтушунидҳои солҳои 1966-1967 низ чунин буданд[3].

Соли 1967 ҳар се ташкилотҳои аврупоӣ ба Созмони Аврупо муттаҳид шуданд. Кӯшишои Британияи Кабир танҳо соли 1973 натиҷаи мусбӣ доданд. Соли 1972 барои дохил шудан ба Созмони Аврупо Ирландия, Дания ва Норвегия раъйпурсиҳо гузаронида шуданд. Аҳолии Ирландия ва Дания ин иқдомро ҷонибдорӣ карданд. Соли 1973 Исроил хоҳиши аъзо шуданро ба Созмони Аврупо баён намуд. Аммо дар соли 1975 вай ба ҷои аъзогӣ дар бораи ҳамкорӣ ба Созмони Аврупо шартнома баст. Юнон соли 1975 ариза пешниҳод карда, танҳо 1- январи соли 1981 аъзои Созмони Аврупо гардид.

Соли 1979 интихобот ба парлумони Аврупо доир гардид. Соли 1985 Гренландия аз ҳайати Созмони Аврупо баромад. Португалия ва Испания соли 1977 ариза дода, танҳо соли 1986 ба аъзогӣ қабул шуданд. Моҳи феврали соли 1986 дар Люксембург Акти ягонаи аврупоӣ имзо гардид[4].

Бо имзои Созишномаи Маастрихт дар соли 1992, ки асоси онро созишнома дар бораи ташкили Иттиҳоди Аврупо ташкил медод, марҳилаи сеюми муттаҳидшавии Аврупо оғоз гардид.

Дар соли 1994 дар Австрия, Финляндия, Норвегия ва Шветсия райъпурсиҳо доир гардиданд. Аҳолии Норвегия бори дигар зидди дохилшавии он ба Иттиҳоди Аврупо баромаданд. Австрия, Финляндия ва Шветсия аз 1 январи соли 1995 аъзои Иттиҳоди Аврупо гардиданд. Танҳо Норвегия, Исландия, Швейтсария ва Рихтейнштейн чун аъзои Ассотсиатсияи аврупоии совдои озод боқӣ монданд. Соли 1997 аъзоёни Созмони Аврупо созишномаи Амстердамро имзо намуданд, ки мувофиқи он бояд сиёсати ягонаи дохилӣ, берунӣ ва бехатарӣ, ташкили муҳити озоди савдо ва тартиботи ҳуқуқӣ, муборизаи ҳамҷоя бар муқобили терроризм ва ҷинояткории муташаккилона амалӣ мешуданд.

9 октябри соли 2002 Комиссияи аврупоӣ барои қабули даҳ давлати нав ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар соли 2004 тавсия дод: Эстония, Латвия, Литва, Полша, Чехия, Словакия, Венгрия, Словения, Кипр ва Малта. Аҳолии ин мамлакатҳо қариб 75 млн нафарро ташкил медод. Ин васеъшавӣ яке аз лоиҳаҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо мебошад. Мақсад аз он ба Ғарб пайваст кардани Аврупои Шарқӣ буд, ки солиёни зиёд дар зери таъсири ғояҳои коммунистӣ меистод ва набояд, ки онҳо ба усулҳои кӯҳнаи идоракунӣ бармегаштанд[5].

Дар масъалаи мазкур Парлумони аврупоӣ 9 апрели соли 2003 қарор қабул намуд. 16 апрели соли 2003 байни ҳамаи 25 давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар бораи муттаҳидшавӣ созишнома имзо гардид. 1 маи соли 2004 Эстония, Латвия, Литва, Полша, Чехия, Словакия, Венгрия, Словения, Кипр ва Малта аъзои Иттиҳоди Аврупо гардиданд. 1-январи соли 2007 Булғория ва Руминия ба аъзогии Иттиҳоди Аврупо қабул шуданд.

17-декабри соли 2005 ба Мақдуния мақоми расмии номзад ба аъзогии Иттиҳоди Аврупо дода шуд. 21 феврали ҳамон сол Иттиҳоди Аврупо бо Украина нақшаи амалиётро имзо карда буд. Ин натиҷаи он буд, ки қувваҳои нави сиёсии ба сари қудрат омадани Украина моили дохилшавӣ ба ҳайати Иттиҳоди Аврупоро доштанд[6].

Бояд қайд кард, ки ҳамаи мамлакатҳои Аврупо ният доранд, ки ба раванди муттаҳидшавии умумии минтақа ҳамроҳ шаванд.

Аҳолии Норвегия ду маротиба зидди дохилшавии он ба Иттиҳоди Аврупо баромаданд. Исландия аъзои Иттиҳоди Аврупо намебошад. Ҳамчунин Гренландия ва ҷазираҳои Ферер, ки дар ҳайати Дания мақоми мухторият доранд, аъзои Иттиҳоди Аврупо нестанд. Мухторияти финии ҷазираҳои Аланд, британии Гибралтар, англисии Мэн, Гериси ва Ҷерси ба ҳайати дохил нашуданд.

Аҳолии Дания танҳо баъди ваъдаҳои ҳукумат дар бобати нагузаштан бо асъори ягона-евро дар райъпурсӣ барои аъзошавии мамлакат ба Иттиҳоди Аврупо овоз доданд. Мӯҳлати оғози гуфтушунидҳо ба Хорватия муайян шудааст. Гурҷистон дар бобати дохилшавии худ ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо якчанд маротиба изҳор карда буд. Аммо он бенатиҷа монд, чунки зиддияти ин давлат ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия бартараф наёфтааст. Чунин ҳолат низ дар Молдавия низ қарор дорад. Дурнамои дохилшавии мамлакатҳои нимҷазираи Балкан – Албания ва Босния бо сабаби тараққиёти сусти иқтисодӣ ва муҳити ноороми сиёсӣ номафҳуманд.

Дар масъалаи Сербия ҳаминро гуфтан лозим аст, ки музофоти Косовои вай дар зери ҳимояи НАТО ва СММ қарор дорад. Черногория, ки дар натиҷаи райъпурсӣ аз иттифоқ бо Сербия озод шуд, дар бораи кӯшишҳои худ барои ҳамроҳшавӣ ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт ва хеле дар ин масъала гуфтушунид идома дорад[7].

Арманистон, Ҷумҳурии Белорус ва Қазоқистон ягон хел кӯшиши ҳамроҳшавӣ ба раванди муттаҳидшавии Аврупоро накарданд. Озарбойҷон аз соли 1993 инҷониб дар бораи муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо кӯшиш мекунад. Русия ва Ҷумҳурии Белорус, ки давлатҳои иттифоқӣ мебошанд, наметавонанд, ки аъзои Иттиҳоди Аврупо бошанд. Аз мамлакатҳое, ки берун аз минтақаи Аврупо қарор доранд, давлатҳои африкоии Марокаш ва Кабо-Верде дар бораи хоҳиши худ бобати воридшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд.

Давлатҳои Тунис, Алҷазоир, Миср, Иордания, Ливан, Сурия, Фаластин ва Марокаш иштирокчии барномаи «шарикон-ҳамсоягон» мебошанд.

Дар шароити имрӯза барои аъзошавӣ ва Иттиҳоди Аврупо якчанд зинаҳои расмиро тай намудан лозим аст. Раванди асосӣ бастани шартнома ва тасдиқ шудани он мебошад, ки онро Комиссияи Аврупо назорат мекунад. Гуфтушунидҳои муҳимро давлатҳои аъзо ва давлатҳои номзад ба аъзогӣ мебаранд.

Аз рӯи назария ҳар як давлат метавонад аъзои Иттиҳоди Аврупо гардад. Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба Комиссияи Аврупо ва Парлумони Аврупо машварат намуда, дар бобати оғози гуфтушунидҳо қарор қабул кунад ё рад намояд. Барои қабулшавӣ ба ин ҷиҳатҳо эътибор дода мешавад:

– давлати аврупоӣ будан;

– риоя намудани принсипҳои озодӣ, идоракунии халқӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун;

Барои аъзо шудан инҳо талаб карда мешавад:

– мутобиқ будан ба низомномаи Копенгаген, ки Шӯро соли 1993 эътироф кардааст;

– кафолати идоракунии халқӣ, волоияти қонун, ҳуқуқҳои инсон, эҳтироми аққалият;

– мавҷудияти иқтисоди бозории амалкунанда, ки қудрати ба рақобат тоб оварданро дорад;

– қобилияти қабул кардани аъзогӣ бо майли сиёсӣ, иқтисодӣ ва пулӣ бо иттиҳод;

Моҳи декабри соли 1995 Шӯрои Аврупо дар шаҳри Мадрид баъзе масъалаҳои дар боло номбаршударо аз нав дида баромад. Ба онҳо шарти нав ҳамроҳ карда шуд, ки мувофиқи он бояд қонунгузориҳои Иттиҳоди Аврупо ба қонунгузориҳои миллӣ сабт карда мешуданд[8].

  • [1] Глухарев Л.И. Единый Европейский Акт -Договор о ЕС.- Москва, 1994
  • [2] Графский В.Г. Всеобщая история права и  государства. М.,2000
  • [3]Гренвилл Дж. История XX века. М., 1999
  • [4] Борко Ю.А, Коргалова М.А, Юмашев Ю.М. Десять уроков Европы- Москва, 1994.
  • [5] Арах М. Европейский союз: видение политического объединения. М., 1998
  • [6] Дар хамон чо
  • [7] Крылова И.С Европейский Союз: видение политического объединения».- Москва. 1998
  • [8]Дюпюи Р.Э., Дюпюи Т.Н. История европейской интеграции (1945-1994). М., 1995
ҚаблӣИттиходи Аврупо ва сохторхои он (рисолаи дипломи)
БаъдӣМарҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо