Фарҳанги Арабу Исломӣ

АРАБИСТОН. Арабистон «Ал-Ҷазира» аз ғарбу шарқ дар иҳотаи куҳҳои тафсон воқеъ гардидааст ва ба воситаи халиҷи Форс ба водии Фурот пайваст мешавад. Арабистон аз ҷиҳати ҳудуд ба чоряки китъаи Европа баробар аст. Табиати он гарм буда, ба мавзеҳои наздисоҳилӣ ва биёбонҳо тақсим мешавад. То нимаи дуюми асри VII арабҳо ҳаёти кучманчигӣ ва нимкучманчигиро аз cap мегузарониданд.

Нимҷазираи Арабистон ба қисмҳои ҷанубу шимол тақсим мешавад. Қабилаҳои ҷанубӣ нисбат ба шимолиҳо ба роҳи та­маддун пештар гузаштаапд. Давлати ҷанубиён ҳанӯз дар ҳазорсолаи сеюми то милод бо номи Муғон пайдо шуда буд. Қабилаҳои лаҳмиҳо, ҳасаниҳо, киндиҳо аз ҷануб ба шимол ҳичрат карда, тамаддуни навро ҷорӣ карданд. Ин қабилаҳо бо мамлакатҳои нисбатан тараққикардаи он замон – Сосониён ва Римиён наздик шуда, давлатҳои Ҳасаниҳо, Лаҳмиҳо ва Киндиҳоро ташкил дода будаанд.

ЭЪТИҚОДҲОИ ДИНӢ. Дар нимҷазираи Арабистон ҳар як авлод, қабила ва шаҳр худои худро доштанд. Дар охири асри 1-уми то милодӣ эътиқод ба худоҳои «як халқият» ба ҷои аввал мебарояд. Аз асри IV-уми милодӣ cap карда, барои гузаштан ба динҳои яккахудоии яҳудӣ ва насронӣ заминаҳои мусоид фароҳам меояд.

Дар ҳамин давра динҳои қадимаи бутпарастии қабилаҳои маҳаллӣ низ қувват мегиранд. Муборизаҳои ғоявӣ тамоми Арабистонро фаро мегирад. Дар ин мубориза ғояи нави сиёсӣ – ғояи ягонагӣ, муттаҳидии ҳамаи қабилаҳои Арабистон ва барпо намудани давлати ягонаи арабҳо ғалаба мекунад. Дар ин ҷода дини ислом саҳми арзанда мегузорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Арабҳо то ислом бутпараст буданд. Ҳар оила дар ҳавлии худ буте дошт. Аъзоёни оила пеш аз шуруъ намудан ба коре, ё амале аввал ба зиёрати бут рафта, аз ӯ фотиҳа мегирифтанд.

Аз рӯи асотирҳо бутпарастӣ дар байни арабҳо баъди вафоти ҳазрати Одам дар замони писарони ӯ Шис ва Қобил оғоз ёфта будааст.

Инчунин хонед ->

Дину эътиқодоти пешазисломии арабҳо

АРАБ. Арабҳо ба гурӯҳи халқҳои Сомӣ дохил мешаванд. Аввалин маълумотҳои хаттӣ оид ба истилоҳи «араб» ҳанӯз дар солномаҳои шоҳони Осурӣ ва Бобулистони нав (асрҳои VIII-VI то милод) дар шакли аҷв (арбаа ё арибӣ) оварда шудаанд. Аҷв аслан истилоҳи яҳудӣ буда, маънояш хушк, беоб, биёбон мебошад. Сарчашмаҳои хаттии аккадӣ, оромӣ (арамей) ва яҳудии қадим низ истилоҳи «аҷв»-ро ҳамчун хушк беоб ва биёбон маънидод кардаанд.

Араб ҳамчун этноним ба категорияи номҳои қадими этникӣ, ба монанди аморейҳо, канъониҳо, (ханааниҳо), оромиҳо, (арамейҳо), финикиягиҳо, яҳудиён ва ғайра дохил мешавад. Ин ном ва номи қабила, балки лақаби ин ё он исми мавзеъро, ки аз тарафи ҳамсоягони водинишин – яҳудиён, насрониҳо, осуриён (ошуриён), сабейҳо, маиниҳо дода шуда буданд ифода мекард. Қабилаҳое, ки араб ном гирифтанд аслан худро наботӣ, қадарӣ, лихенӣ, самудӣ меҳисобиданд. Ҳамаи онҳо кучманчӣ ва нимкучманчӣ буданд ва дар масофаҳои дур аз ҳамдигар маскан доштанд. Онҳо як гурӯҳи этнолингвистӣ ва иҷтимоӣ – эътиқодиро ташкил медоданд ва бо тарзи зиндагии хоси худ аз халқҳои дигари Арабистону Шарқи Наздик фарқ мекарданд. Минбаъд аз решаӣ калимаи яҳудии «аҷв» калимаи «араб» ба вуҷуд меояд ва дар асри VII милодӣ дар заминаи қабилаҳои араб номидашуда мафҳуми умумии халқи «араб» ташаккул меёбад.

ИСЛОМ. Ислом дар луғат маънои cap фуруд овардан, тобеъ шудан, фармонбардорӣ, итоаткорӣ, таслим ва ё қоил шудан дар назди қудрати Худовандро дорад.

Ислом яке аз се дини (дар қатори буддоӣ ва насронӣ) умумиҷаҳонӣ мебошад. Он дар охири давраи қадим – ибтидои асри VII-уми милодӣ дар қисми ғарбии Арабистон пайдо шуда­аст. Асосгузори дини ислом пайғомбар Муҳаммад (с) мебошад.

Оиди Паёмбари Ислом (с) инҷо хонед ->

Муҳаммад (с) – асосгузори дини ислом

Ислом дар нимҷазираи Арабистон яку якбора ба вуҷуд наомадааст. Ба пайдоиши он вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва маънавии қабилаҳои араб, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим дар ин сарзамин маскан доштанд сабаб гарди­дааст.

Аз қадимулайём дар нимҷазираи Арабистон ду забон – забони арабҳои Шимол ва забони арабҳои Ҷануб (ҳоло вуҷуд надорад) амал мекард. Ҳарду забон ба гурӯҳи забонҳои Сомӣ дохил мешуд. Арабҳои Шимол, ки аз ҳудуди нимҷазира берун ронда шуда буданд, дар тули асрҳо хати оромиро истифода ме­карданд. Баъдтар дар асоси он хати арабҳои шимол – сокинони сарҳадҳои Синоӣ, Фаластин ва Урдун ба вуҷуд меояд. Ҳамин тариқ дар ибтидои асри VI-уми милодӣ забони ягонаи адабии арабҳои Шимол ташаккул мсёбад. Адабиёти тоисломии араб дар жанрҳои қасида, ғазал, фахрия, мадҳия, рисо (марсия), ҳаҷвия, зуҳдия, ҳамрия, ҳикмат ва васф маҳз дар ҳамин забон инкишоф ёфта буд. Арабҳо дар ин забон ду намуди наср – на­сри мусаҷҷаъ (кофиядор) ва насри мурсал (равон)-ро эҷод кар­даанд.

Бузуртарин шоирони тоисломии араб Имрул Қайс, Набиғӣ, Зуҳайр, Тарафа ва Ангара буданд. Қабилаҳои Шимолу Ҷануби Арабистон дар ибтидо ба худоҳои гуногун – Лот, Уззо, Манот эътиқод доштанд. Дар байни худоҳои арабҳои Шимол Оллоҳ Худои олӣ ҳисоб мешуд ва онҳо ба Оллоҳ махсус саҷда мекарданд.

Аз ибтидои асри VI милодӣ дар нимҷазираи Арабистон таъсири дину мазҳабҳои гуногун, пеш аз ҳама, яҳудӣ, насронӣ, арйонӣ, зардуштӣ қувват мегирад. Дар ҳамин давра аз муҳити худи арабҳо низ гурӯҳи ҳанафиҳо пайдо шуда, ба ҷои бутпарастӣ ғояҳои яккахудоиро тартиб мекунанд.

Ҳамин тариқ, аз ибтидои асри VI милодӣ cap карда, дар нимҷазираи Арабистон раванди вайроншавии ҷамъияти ибтидоии қавмӣ-қабилавӣ бо суръат идома ёфта, нобаробарии иҷтимоӣ, сиёсӣ, молӣ, пулӣ қувват мегирад. Вазъияти руйдодаро танҳо бо роҳи барҳам задани ҷудоии қабилавӣ, даст кашидан аз бисёрхудоӣ ва дар атрофи як ғояи умумӣ муттаҳид намудани халқ ислоҳ кардан мумкин буд. Ташкили чунин як давлате, ки тамоми қабилаҳои арабро дар зери ғояи умумӣ муттаҳид мекард дини ислом буд.

Пайдоиши ислом дар ҳаёти халқӣ араб вокеаи муҳими таърихӣ гардид. Ҳаракати соф динии Муҳаммад(с) пайғомбар, ки мехост ҷудоии мазҳабиро барҳам зада, ба ҷои бисёрхудоӣ яккахудоиро ҷорӣ намояд, дар асл ба шикасти сохти қабилавӣ ва ба ҷои он ба вуҷуд омадани давлатӣ ягона ва ҳамчунин мафҳуми умумии халқи араб сабаб гардида буд.

Дини ислом дини яккахудоӣ буд. Он ба ҷои бисёрхудоӣ парастиши Худои якка ва ягона, иҷрои талаботи имон, намози панҷвақта, рӯза, закот ва ҳаҷро аз фароизи асосӣ ҳисоб мекард. Ислом ба муъминон талқин менамояд, ки ба хафт чиз (ҳастии Оллоҳ фариштаҳои Худо, пайғомбарони ӯ, китобҳои муқаддас, тақдир, зиндашавӣ баъд аз мавт ва ба рӯзи қиёмат) бовар кар­да, ба дил тасдиқ намоянд.

Баъдтар дар ислом ду мазҳаби асосӣ – Сунна ва Шиъа пайдо шуданд.

Инчунин хонед ->

ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ

Илму фарҳанги мусулмонӣ

Дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мардуми арабу аҷам бо заҳмати зиёди олимону файласуфон ва санъаткорон Ал-Киндӣ, Ибни Рушд, Салмони Форс, шоир Холид-ал-Файёз, Ҳорис ибни Калда, Имом Бухорӣ, Имоми Аъзам, Ибни Сино, Ибни Ҷоҳиз, Абурайхон Берунӣ, Форобӣ, Ғазолӣ, Шайх Аттор, Соҳиб ибни Хосир, мусиқишинос Ибни Муҳриз ва дигарон ташаккул ёфта, ба сатҳи ҷаҳонӣ расид. Баробари паҳншавии ислом дар давлатҳои Шарқ намудҳои нави санъат меъморӣ, санъати наққошию тасвирӣ ва бадеӣ ба сатхи баланд расида буд. Ривоятҳои китоби «Ҳазору як шаб» аз таърихи мардуми арабу аҷам шаҳодат медиҳад. Солшумории ҳиҷрӣ, номи моҳҳои мусулмонӣ ва анъанаҳои онҳо то ҳол дар байни аксари мардуми олам маъмул аст. Таълимоти ахлоқию фалсафии Қуръони Маҷид оид ба пайдоиши оламу одам, ҳуқуқ ва ахлоқӣ ҷомеа то ҳол мавриди таҳқиқу омӯзиши муҳаққиқон қарор дорад.

 


Фарханги Арабу Исломи, арабистон, эътикодхои дини, Илму фарханги мусулмони, реферат, кори курси, бо забони точики

ҚаблӣФарҳанги Рими Қадим
БаъдӣМаълумот дар бораи Галактика – Роҳи Каҳкашон