Геосфера (Кабатхои Замин)

Геосфера (Қабатҳои Замин). Замин аз якчанд қабат иборат аст. Онҳоро геосфера меноманд.

Геосфера чист? Геосфера калимаи юнонӣ буда, «гео» – замин ва «сфера» – кура аст. Аз ин ҷо маънои калимаи «геосфера» номи умумии қабатҳои кураи Замин мебошад.

Кабатхои геосфера. Геосфера аз чунин қабатҳо иборат аст: атмосфера (юнонӣ «атмос»-буғ), гидросфера (юнонӣ «гидро»-об), литосфера (юнонӣ «литос»-санг). Ҳамаи ин қабатҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: берунӣ ва дохилӣ. Онҳо бо таркиб, ҳолат (газ, моеъ, сахт…), фарогирӣ (муттасил ё номуттасил) ва ғафсии худ аз якдигар фарқ мекунанд.

Яке аз қабатҳои он атмосфера мебошад, ки онро пурра печонида гирифта, ба сатҳи Замин бевосита алоқаманд аст. Ин алоқамандӣ ба қувваи кашиши Замин вобаста аст. Вай имконият медиҳад, ки ҳаво дар Коинот (фалак) пароканда шавад.

Қабати дигари берунии Заминро гидросфера ташкил медиҳад. Ин қабати номуттасили Замин буда, дар сатҳи он ба монанди атмосфера пардаи яклухтро ҳосил намекунад. Он дар байни қабати атмосфера ва қишри Замин воқеъ гардида, тамоми уқёнусҳо, баҳрҳо, обҳои сатҳи хушкӣ ва зеризаминиро дар бар мегирад. Биосфера («био» калимаи юнонӣ буда, маънояш ҳаёт аст) ҳам ба қабати берунии замин дохил мешавад. Аммо ин қабатро бо кабатҳои атмосфера, гидросфера ва литосфера (қишри Замин) монанд донистан дуруст нест. Барои он ки мавҷудоти зинда ҳам дар ҳаво (то баландиҳои 10-12 км), ҳам дар об (дар тамоми обҳо) ва ҳам хоку ҷинсҳои куҳӣ (микроорганизмҳо то чуқурии 3 км) паҳн гардидаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Яъне биосфера як қисми атмосфера, литосфера (қишри Замин) ва тамоми гидросфераро дар бар мегирад.

Қабати сахти аз ҳама болоии литосфераро қишри Замин мегӯянд. Ин қабат нисбатан тунуку сахт буда, аз ҷинсҳои кӯҳии гуногун ташкил ёфтааст. Онҳо қабат-қабат хобидаанд. Аммо миқдори қабатҳо дар хушкӣ ва уқёнусҳо як хел нест.

Қишри хушкии Замин аз се қабат иборат аст: ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ, хоросангӣ ва базалтӣ. Зери уқёнусҳоро ҳамагӣ ду қабат фаро гирифтааст: ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ ва базалтӣ.

Дар айни замон қабатҳои берунии Замин – атмосфера, гидросфера ва биосфера нисбатан беҳтар омӯхта шудаанд. Вале дар бораи қабатҳои дохилии Замин (мантия ва ядрои Замин) маълумот хеле кам аст.

Сарфи назар аз он, олимон дар асоси маълумот мавҷуда муқаррар намуданд, ки дар қишри Замин мантия ва дар таги он ядрои Замин воқеъ гардидааст.

Мантия чист? «Мантия» калимаи лотинӣ буда, маънояш рӯйпӯш мебошад. Ядро дар маркази Замин ҷойгир шудааст (расми 26). Радиуси он 3471 километр аст. Қисми берунии ядро (1200 км) дар ҳолати гӯдохтаи тунук ва дохили он сахт мебошад.

26.Сохти Замин
26.Сохти Замин

Сатҳи ядроро қабати мантия иҳота кардааст, ки ғафсии он то 2900 км мерасад. Моддае, ки мантияро ташкил медиҳад, сатҳи чандир буда, дорои ҳарорати баланд аст. Яъне ба чуқурӣ ҳарорат баланд шуда, фишор низ меафзояд. Дар чунин ҳолат моддаҳо моеъ шуда натавониста, фақат дар ҳолати хамираю чандир ва часпанда мемонанд. Бинобар ин моддаи мантия дар қисми поёнии он ба худ ҳолати чандиру часпандаро дошта, метавонад таҳти фишори баланд ҷорӣ шавад ва аз як тараф ба тарафи дигар ҳаракат кунад. Дар натиҷа аз ҳам ҷудошавии моддаҳои вазнин ва сабук ба амал меояд. Моддаҳои вазнин ба поён ва моддаҳои сабук ба боло ҳаракат мекунанд. Ин ҳодиса дар чуқурии 100-150 км қабати мантия босуръат мегузарад ва боиси оташфишонии вулқонҳо, ҳосилшавии чашмаҳои оби гарм, ҳаракат ва ба кафидаҳои қишри Замин дохил шудани магма (юнонӣ, айнан марҳами ғализ) ва зилзила мегардад. Чиндоршавии қабати қишри Замин ва кӯҳпайдошавӣ ҳам ба он вобаста аст.

Солҳои охир ба омӯзиши Замин аз кайҳон диққат дода мешавад. Бо ёрии мушакҳои кайҳонӣ ҳатто расми қабати уқёнусро то чуқурии 600-700 м гирифтан мумкин аст.


  1. Замин аз кадом қабатҳо иборат аст?
  2. Қабатҳои Замин ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мешаванд?
  3. Қабатҳои берунии Замин бо кадом хусусиятҳояшон аз якдигар фарқ мекунанд?
  4. Ба қабатҳои дохилии Замин кадом қабатҳо дохил мешаванд?
  5. Кадом қабатҳои Замин нағз омӯхта шудаанд?
  6. Дар кадом қабати Замин вулқон, зилзила ва чиндоршавии қабатҳо рух медиҳад? Рухдиҳии ҳодисаҳо ба чӣ вобаста аст.
  7. Моддаи ядрои Замин дар кадом ҳолат аст?
ҚаблӣПайдоиши Замин
БаъдӣЛитосфера. Кабатхои литосфера