Азизу меҳрубони ман, муаллим,
Сафобахши равони ман, муаллим.
Чу ширинӣ ту шаҳди ҳарфҳоро
Ниҳодӣ бар забони ман, муаллим.
Зи нури меҳри ту гардид равшан
Замину осмони ман, муаллим.
Зи илми туст андар зиндагонӣ
Ҳама тобу тавони ман, муаллим.
Чӣ рангину мунаввар гашту зебо
Зи файзи ту ҷаҳони ман, муаллим.
Бимонад ёди неку равшани ту
Чу нуре дар ниҳоди ман, муаллим.
Камол Насрулло
Давоми матн пас аз блоки реклама
Дигар маводҳо вобаста ба муаллим ва шеър дар бораи муаллим >>>
- Шеър дар васфи муаллим
- Гуфтахои бузургон дар васфи муаллим
- Шеър барои рӯзи муаллимон
- Табрикот барои рузи муаллим (омузгор, устод)
Шеър дар васфи Муаллим, шеър дар бораи муаллим бо забони точики.