Ташкили ҷойи кор барои бахиядӯзӣ (гулдузӣ). Иҷрои қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатарӣ

Ташкили чойи кор барои бахиядузи (гулдузи). Ичрои коидахои санитарию гигиени ва техникаи бехатари.


Барои қулай будани бахиядӯзӣ ва мондаю хаста нашудан ҷойи кори бахиядӯзиро дуруст ташкил намудан ва ба қоидаҳои муайяни меҳнат риоя кардан лозим аст.

Таҷҳизоти ёрирасон бояд дар рӯйи миз истанд, равшанӣ аз тарафи чапи миз афтад. Дар рӯйи миз қуттичаҳои ришта, қайчӣ, болиштчаҳои сӯзанмонак ва нусхаи гули кашида (дар папкаҳои махсус)-ро гузоштан лозим аст.

Ҳангоми кор каме ба пеш хам шавед. Масофаи байни чашм ва кор бояд 25 – 35 см бошад.

Дар вақти кор дастро дуруст мондан аҳамияти калон дорад. Дасти чап дар зери кашида ва дасти рост дар болои кашида бояд бошад, нӯги сӯзан дар дасти чап буда, ба тарафи рости кашида бароварда мешавад, бо дасти рост ришта таранг кашида мешавад.

Лавозимоти гулдӯзӣ
Лавозимоти гулдӯзӣ

Ин дарзро ёд гиред:

Иҷрои кӯки занҷирча. Кӯки занҷирча аз тарафи росташ занҷирчаро ба хотир оварда, тарафи чапаш ба кӯки одӣ монанд аст. Кӯк аз боло ба поён иҷро карда мешавад, дар вақти дӯхтан ришта аз таги сӯзан меояд. Дар вақти дӯхтан риштаро бо ангуштон ба поён нигоҳ дошта истед.

Расми 61. Кӯки занҷирча (тарафи рости кӯк, тарафи чапи кӯк)
Расми 61. Кӯки занҷирча (тарафи рости кӯк, тарафи чапи кӯк)

Савол

  1. Кадом намудҳои бахиядӯзӣ-гулдӯзиро медонед?
  2. Барои бахиядӯзӣ кадом намуди таҷҳизотро истифода мебаред?
ҚаблӣГулдӯзӣ (бахиядӯзӣ) – гулдузи
БаъдӣКор бо мошинаи дарздӯзии пойӣ