Ичрои дарзи каткунии ноаён. Кори амалии №21
- Таҷҳизот: сӯзан, қайчӣ, ҷадвал, қалам.
- Воситаи ёрирасон: ангуштпона.
- Масолеҳ: андозаи тайёри матоъ, дарозиаш 12 см ва бараш 6 см, ғалтаки риштадор

Эзоҳ: Агар матоъ ғафс бошад, бо матои якранг ё лента, тасма ва ғайра медӯзанд.
Тасма ё матои якрангро 1, 5 см ё 2 см гирифта, тарафи росташро ба рост гузошта, кӯк кунед. Баъд онро ба тарафи чапаш қат карда, хоҳед кӯк мекунед, боз як бор дар мошини дарздӯзӣ бо кӯки ноаён медӯзед.
Санҷиши рафти кор
- Матои дуруст бурида шаклаш росткунҷа мешавад. 2. Қабати кӯки якум ба андозаи додашуда мувофиқ бошад.
- Қабати дуюм дуруст дарзмол кардагӣ ва фосилаи кӯк 1 – 1, 5 см бошад.
- Кӯки ноаёни матои 2 – 3 тораш гирифтагӣ тарафи росташ ҳамчун нуқта намоён асту халос.
Санҷиши кори иҷрошуда
- Қоидаи риштагузаронӣ ва дӯхт риоя шудааст ё не?
- Фосилаи кӯк якхела бошад.
- Намуди чок аз тарафи матоъ ҳамчун кӯки одӣ намоён бошад.
Савол ва супориш
- Аҳамияти сарфакорона ва оқилона гузоштани ченак дар чист?
- Дар вақти пораҳои намунавӣ ва маснуотро пурра дӯхтан доимо ин қоидаҳоро риоя кунед.
- Намунаи кӯки пайвасткуниро дар албоми кориатон ороиш диҳед.






















