Вазифаҳои баҳамоварӣ (интегративӣ) ва азҳамҷудосозии (дезинтегративӣ) фарҳанг. Вазифахои бахамовари (интегративи) ва азхамчудосозии (дезинтегративи) фарханг.
Фарҳанг дар ҷомеа инчунин вазифаҳои интегративию дезинтегративиро низ иҷро менамояд.Ба вазифаҳои мазкур Э. Дюркгейм дар тадқиқотҳои худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Мувофиқи ақидаи ӯ омӯзиши фарҳанг дар одамон-аъзоёни ин ё он ҷамоа эҳсоси умумият, мансубият ба ин ё он миллат, халқ, дин ё гуруҳ ва ғайраро ба вуҷуд меоварад. Ҳамин тавр, фарҳанг одамонро муттаҳид месозад, яъне онҳоро ба ҳам оварда як ҷамоаи том тавлид менамояд.
Аммо вай дар асоси ин ё он зерфарҳанг баъзеҳоро ба ҳам оварда, онҳоро ба баъзеи дигар муқобил мегузорад, яъне ҷомеаю ҷамоаҳои калонро аз ҳам ҷудо месозад. Дар дохили ин ҷамоаҳои нисбатан калон мумкин аст, ки низоъҳои фарҳангӣ пайдо шавад. Ҳамин тавр, фарҳанг баъзан вазифаи азҳамҷудосозиро низ иҷро менамояд.
Барои боз ҳам равшантар муайян намудани нақш ва мақоми фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа ошноӣ бо таъсири мутақобилаи фарҳанг бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама иқтисодиёт аҳамияти муҳим дорад. Бояд таъкид намуд, ки доир ба масъалаи мазкур дар адабиётҳо ду мавқеи ба ҳам муқобил зикр мегардад. Мавқеи аввал ба марксизм мансуб аст. Аз нуқтаи назари марксизм нақши муайянкунандаро дар ҳаёти ҷомеа истеҳсолоти моддӣ иҷро менамояд.Фишурдаи машҳури
К.Маркс, ки моҳияти фаҳмиши материалистии таърихро мекушояд, ба таври зер садо медиҳад: одамон, пеш аз он ки бо илм, сиёсат, фалсафа, дин ва ғайра машғул шаванд, бояд хӯранд, нӯшанд, пӯшанд, манзил дошта бошанд ва амсоли инҳо, яъне бояд неъматҳои моддӣ истеҳсол намоянд. Фарҳанг аз фаъолияти иқтисодии одамон сабзида мебарояд ва чун рубино ба фаъолияти он хизмат менамояд. Ҳамзамон марксизм таъсири баръакси фарҳангро ба иқтисодиёт инкор наменамояд, баръакс ин робитаро қайд месозад. Бо вуҷуди ин вай нақши аввалиндараҷаю муайянкунандаро ба иқтисодиёт мансуб медонад.
Мақоми мухолифро Э. Дюркгейм, М.Вебер ва дигар сотсиологҳои машҳур ишғол менамоянд. Онҳо чунин меҳисобанд, ки дар ҳаёти ҷомеа маҳз фарҳанг нақши муайянкунандаро бозида, томмият ва рушди онро таъмин месозад ва ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама иқтисодиёт таъсири муҳим мерасонанд.
Ин мавқеъ дар ҳамаи асарҳо сотсиологии ғайримарксистӣ чун мавқеи муҳим махсус қайд мегардад. Ба асоснок намудани таъсири ҳалкунандаи фарҳанг ба иқтисодиёт бисёр асарҳои М. Вебер, пеш аз ҳама китоби машҳури ӯ «Ахлоқи протестантӣва руҳи сармоядорӣ» бахшида шудаанд. Дар ин китоб сотсиологи немис кӯшииш кардааст то исбот намояд, ки зерфарҳанги муайян-шарҳу маънидодсозии ислоҳотгароёнаи протестантизм-барои рафтору фаъолияти протестантҳо чунин асосҳо (мотив)-е ба вуҷуд овардаст, ки намояндагони ин зерфарҳангро барои ба таври ҷиддӣ ва нерӯи азим бурдани фаъолияти хеш дар фазои бозори сармоядорӣ шавқманд сохтааст ва ҳамин тавр барои ташаккули муносибатҳои истеҳсолии саррмоядорӣ мусоидат намудаст.
Бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди ин таъсири баръкаси иқтисодиётро ба фарҳанг М. Вебер низ инкор намекунад. Ҳамаи ин аз мавқеъ ва нақши муҳими фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа шаҳодат медиҳад.