Тагйирёбии моддахои гизои дар руда. Хозима дар рудаи борик. Чаббиш. Накши мухофизатии чигар. Вазифаи рудаи гафс.
Ҳозима дар рӯдаи борик
Хӯроки шавламонанд қисмқисм аз меъда ба ҷойи дигари канали ҳозима (рӯда) мегузарад. Дар рӯдаи борик таҷзияи минбаъдаи нисбатан одии моддаҳои ғизоӣ давом карда, ба хун ва лимфа ҷаббида мешавад.
Дарозии рӯдаи борик 3-3,5 м аст. Қисми аввали он рӯдаи дувоздаҳангушта мебошад. Дарозии миёнаи он ба 12 бари ангушт баробар аст. Ба рӯдаи дувоздаҳангушта маҷрои ҷигар, талхадон ва ғадуди зери меъда кушода мешавад (расми 72).

Ферментҳои шираи ғадудҳои зери меъда танҳо ба муҳити ишқорӣ таъсир карда, ба воситаи талха фаъол мегарданд.
Дар рӯдаи дувоздаҳангушта дар зери таъсири ферментҳои шираи ҳозима сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидрадҳо таҷзия мешаванд.
Талхаро калонтарин ғадуди бадани одам ҷигар – ҳосил мекунад, ки он чарбҳоро ҳазм мекунад.
Кашишхӯрии мавҷмонанди деворҳои рӯда (расми 73) шавлаи хӯрокро мунтазам дар рӯда ба ҳаракат медарорад.

Шавлаи хӯрок миқдори зиёди ғадудҳои майдатарини пардаи луобии рӯдаи борикро ба ангезиш меорад. Онҳо шираи рӯда ҷудо мекунанд. Тавассути ферментҳои шираи меъда моддаҳои ғизоӣ то пайвастагиҳои одитарини дар об ҳалшаванда, сафедаҳо то ба аминокислотаҳо, чарбҳо то глитсерину кислотаҳои равған ва карбогидратҳо то глюкоза таҷзия мешаванд.
Дар пардаи луобии рӯда гиреҳҳои зиёди лимфагӣ мавҷуд буда, онҳо як қисми умумии системаи ҳифзкунандаи организм мебошанд: хусусан, кирмрӯда (аппендикс). Сирояти гуногуни рӯда, яъне гулудард сабаби газакгирӣ шуда метавонад.
Аппендикс, ин изофаи ба кирм монанд буда, дар қисми кӯррӯдаи рӯдаи ғафс ҷойгир шуда, дарозиаш ба ҳисоби миёна 6-8 см ва аз ин ҳам зиёдро ташкил мекунад. Ғафсиаш ба ҳисоби миёна 0,6-1 см мебошад. Аҳамияти изофаи кирмшакл дар он аст, ки он узви муҳимми иммунӣ мебошад. Изофаи кирмшакл баъзан бемор мешавад, ки онро аппендитсит меноманд. Нишонаҳои он чунинанд: пайдошавии дарди сахт дар шикам, баланд шудани ҳарорати бадан, сафед гаштани болои забон, қайкунӣ ва ғайраҳо. Агар ин нишонаҳо дар одам пайдо шаванд, бе ягон дудилагӣ ҳатман ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
Ҷаббиш
Сатҳи дохилии рӯдаи борик дорои патмӯякҳо аст, ки тавассути онҳо маҳсулоти таҷзияи сафедаҳо, чарбҳо ва ангиштобҳо ҷаббида мешаванд (расми 74).

Миқдори хеле зиёди мӯякҳо (2500 мӯяк дар 1 см2) сатҳи пардаи луобии рӯдаи борикро хеле васеъ мекунанд. Девори мӯяк аз эпителияи якқабата иборат аст. Ҳар як мӯяк аз раги хунгард ва рагҳои лимфагӣ иборат аст. Патмӯякҳо маҳсулоти дар об ҳалшудаи таҷзияи моддаҳои ғизоиро ҷаббида мегиранд. Ҷаббиш на танҳо раванди табиии таровиш ва диффузиявист, балки, инчунин ҷараёни мураккаби физиологӣ буда, бо роҳи аз деворҳои мӯякҳо фаъолона гузаронидани моддаҳо зуҳур меёбад. Мӯякҳо вазифаи муҳофизатиро ҳам иҷро карда, намегузоранд, ки ба хун ва лимфа микроорганизмҳои маскуни рӯда дохил шаванд. Дар сурати риоя накардани қоидаҳои одитарини гигиенӣ тавассути хӯрок ба рӯда аксаран микроорганизмҳо ва заҳри онҳо дохил мешаванд.
Нақши муҳофизатии ҷигар
Ҳама хуни ҷоришаванда аз ҷигар мегузарад. Дар ҷигар то 95 фоизи моддаҳои зарарноки дар рафти ҳазми хӯрок бавуҷудомада безарар гардонда мешаванд.
Вазифаи рӯдаи ғафс
Боқимондаҳои хӯроки ҳазмшуда қариб 8-12 соат аз рӯдаи ғафс мегузаранд. Дар ин муддат, қисми зиёди об ба хун ҷаббида мешавад. Пардаи луоби рӯдаи ғафс мӯякҳо надорад. Ғадудҳои он шира ҷудо мекунанд, ки ферментҳояш кам ҳастанд ва ба миқдори зиёд луоб дорад. Луоб ҳаракат ва берун шудани боқимондаҳои хӯроки ҳазмнашударо осон мегардонад. Дар рӯдаи ғафс бактерияҳои бисёр мавҷуданд. Онҳо ба ҳазми муътадили хӯрок зарур буда, бо иштироки онҳо баъзе витаминҳо ба вуҷуд меоянд. Наҷосати дар рӯдаи ғафс пайдошуда ба рӯдаи рост даромада, аз он ба берун партофта мешавад.
Дониши худро санҷед:
- Моддаҳои ғизоӣ дар рӯдаи дувоздаҳангушта ба чӣ тағйирот дучор мешаванд?
- Дар раванди ҳазми хӯрок шираи ғадуди зери меъда кадом нақшро мебозад?
- Дар раванди ҳазми чарбҳо талха кадом нақшро мебозад?
- Нақши муҳофизатии ҷигар дар чист?
- Ҷаббиш чист?
- Рӯдаи ғафс дар ҳазми хӯрок кадом нақшро мебозад?
- Нойи ҳозима чӣ хел системаи муҳофизатӣ дорад?
- Барои чӣ аппендитсит хавфнок аст?
- Нишонаҳои аппендитсит кадомҳоянд?
- Ҳангоми аппендитсит чӣ чора дидан зарур аст?




















