Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Аз мо мапурс, к-оташи дил то чӣ ғоят аст,
Аз оби дида пурс, ки ӯ тарҷумони мост.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Камолуддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ тахминан дар солҳои 20-уми асри XV дар деҳаи Байҳақи ноҳияи Сабзвори Эрон ба дунё омадааст. Ӯ илмҳои забону адабиёт, фалсафа, нуҷум (ситорашиносӣ), ахлоқ, риёзиёт, фиқҳ (қонуни шариат) ва воизиро (панду насиҳат дар масоили динӣ) аз худ намуда, доир ба ин илмҳо асарҳои алоҳида эҷод кардааст.

Кошифӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон дар асрҳои ХV- ХVI ҳамчун воизи беҳамто ва нотакрор шуҳрат ёфта буд. Аз ин хотир, муддате дар Нишопур ва Машҳад зиндагӣ карда, ба воъизӣ машғул будааст. Соли 1455 Кошифӣ ба Ҳирот меояд ва бо духтари олими тасаввуф — Саъдуддини Кошғарӣ хонадор мешавад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ баъдтар ба намояндагони мактаби адабии Ҷомӣ ва шахсан бо худи ӯ шинос мешавад. Ниҳоят, соли 1505 дар Ҳирот аз олам мегузарад.

Аз Кошифӣ мероси бузурги илмию адабӣ боқӣ мондааст. Миқдори асарҳои ӯро беш аз 40 адад медонанд, ки онҳо доир ба панду ахлоқ, ҳадис, нуҷум, риёзиёт, таърих, санъати иншонависӣ, санъати воъизӣ, адабиётшиносӣ ва ғайра таълиф ёфтаанд. Кошифӣ дар «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ- ил-ашъор» дар бораи 300 навъи санъатҳои бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, талмеҳ, истиора, таҷнис, тазод, тавсиф ва ғайра маълумоти муфассали назарӣ дода, фикрашро бо ашъори адибони гузашта ва муосири худ тақвият бахшидааст.

«Кашф-ул-асрор» (доир ба тасаввуф), «Махзан-ул-иншо» (доир ба санъати иншонависӣ), рисолаи «Ҳотамия» (нақлу ривоятҳо доир ба Ҳотами Тойӣ), «Анвори Суҳайлӣ» («Калилаву Димна») ва «Ахлоқи Муҳсинӣ» (доир ба ахлоқ) аз ҷумлаи асарҳои пурарзиши Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба шумор мераванд.

Шархи холи/тарчумаи холи/зиндагиномаи Хусайн Воизи Кошифи

Камоли Хуҷандӣ

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама