Методхои баёни шифохии донишдихи аз тарафи муаллим ва фаъолгардонии талабагон.
Дар ин гурӯҳ моҳият ва вазифаҳои методҳои даҳанакии ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ, тасвир ва намоиш мухтасар маънидод карда мешаванд.
Ҳикоя (нақл)
Ҳикоя (нақл) – методи хеле маъмули раванди таълими дар синфҳои ибтидоӣ мебошад. Ҳикоя методи баёни нақлу хабардиҳии муаллим нисбати маводи таълимӣ ва барангехтану фаъол гардонидани диққати талабагон ба дарс мебошад. Ин метод барои мактабиёни хурдсол дар маълум кардани маълумотҳои ҳаётӣ хеле писанд меояд. Ҳикоя бештар мавриди омӯзонидани мафҳумоти илмӣ, қонунҳо, кашфиётҳои илмӣ, воқеаҳои аҷоиби таърихӣ, тарҷумаи ҳоли олимон, донишмандон, адибон истифода бурда мешавад. Ҳикоя бояд, мувофиқи хусусияти худ бо образҳои таъсирбахш, пурмазмун ва мантиқан дуруст ба шогирдон баррасӣ гардад.
Таваҷҷӯҳи кӯдакони синни хурди мактабиро, табиатан, бештар ҳикоя, нақлу ривоят ва афсонаҳои аҷоибу ғароиби ҳаётӣ ба худ ҷалб мекунанд. Барои ҳамин ҳам дар китобҳои дарсӣ, хусусан дар хониш ва инкишофи нутқ, забони модарӣ, табиатшиносӣ ва одобномаи онҳо, ин қабил маводҳои таълимӣ хеле зиёданд.
Методи ҳикоя бо назардошти муаллим ва хусусияти маводи омӯхташаванда, метавонад мухтасар, канда – канда (дар аввал, мобайн ва охири дарс), вале мантиқан ба маънои том муфассал бошад. Мавриди нақл аз воситаҳои аёнӣ истифода бурдан аз фоида холӣ нест. Ҳикоя бо методи эзоҳ алоқамандӣ дорад.
Эзоҳ (шарҳ)
Эзоҳ (шарҳ) – методи асосии исботи илмӣ, омӯхтани мафҳумҳои илмӣ ва қоидаҳо, қонуну қонуниятҳо, фаҳмондани корҳои амалӣ ва машқҳо, принсипи кори асбобҳои таълимӣ ва ғайра. Агар методи ҳикоя хусусияти баёни нақлию хабардиҳии донишҳоро дошта бошад, методи эзоҳ бо шарҳ додан, таҳлил намудан ва исбот кардани қоидаҳои гуногуни маводи таълимӣ вобастагӣ дорад.
Дастрасии фаҳмиш аз бисёр ҷиҳат ба услуби баёни мавод вобаста аст. Истилоҳоти алоҳидае, ки ба кӯдак нофаҳмо аст, бояд қаблан ё дар рафти шарҳдиҳӣ фаҳмонда шавад, хусусан дар синфҳои ибтидоӣ. Дар эзоҳ нутқи муаллим бояд фаҳмо, боисрор, боварибахш ва диққатҷалкунанда бошад. Барои ҳамин ҳам муаллим бояду шояд мақомҳои (мотивҳои) омӯзиши мактабиён, хусусиятҳои рӯҳии онҳоро хуб донад, то ки диққати онҳоро ба омӯзиш ҷалб намояд.
Лексияи мактабӣ
Баёни муфассали маводи таълимӣ ба лексияи мактабӣ тааллуқ дорад, ки он дар синфҳои боло гузаронида мешавад. Лексия истилоҳи лотинӣ буда, маънои хондан, қироат карданро дорад. Лексияи мактабӣ методи омӯзише фаҳмида мешавад, ки муаллим маводи таълимии ҳаҷман калонро дар муддати бардавом бо истифодабарии усулҳои гуногуни маърифатӣ ба талабагон шифоҳӣ ифода мекунад.
Фарқияти асосии лексия аз ҳикоя ва эзоҳ дар он аст, ки он тамоми дарсро фаро мегирад ва бо хусусияти бефосилагии худ тафовут мекунад. Лексияи мактабӣ равону возеҳ, таъсирбахш, ҷозибадор, мантиқан дуруст бо мисолҳои ҳаётии фаровон сурат мегирад. Суръати баёни лексия тавре бояд сурат гирад, ки талабагон ба навишта гирифтани ҷойҳои муҳимаш: қоидаҳо, иқтибосҳо, хулосаҳо ва ғайра имконият пайдо кунанд.
Муаллим метавонад дар рафти лексия аз методҳои ҳикоя, эзоҳ, сӯҳбат, намоишдиҳӣ ба маврид ва самарабахш истифода барад. Хусусияти проблемавӣ гирифтани лексия ба мақсад мувофиқ аст. Набояд фаромӯш кард, ки лексия ҳаҷми зиёди маводи таълимиро дар бар мегирад ва аз ин лиҳоз он бояд ба нақша гирифта шавад. Нақшаи онро ба шогирдон нафақат шифоҳӣ баён кардан, ҳатто онро дар тахтаи синф навиштан ҳам мумкин аст, то ки сомеон кадом масъалаҳоро дар бар гирифтани мавзӯъро аз ибтидо дарк кунанд ва ба омӯхтани он омода гарданд.
Тасвир ва намоиш
Тамоми маводҳо, ки тибқи методҳои баёни шифоҳии муаллим сурат мегирад, ба истифодабарии воситаҳои аёнӣ вобаста аст. Ин, пеш аз ҳама, ба синфҳои ибтидоӣ мансубият дорад. Барои ҳамин ҳам методи тасвир ва намоиш ҳамчун воситаи муҳими дидактикӣ ба шумор меравад. Моҳияти методи тасвир ва намоиш аз он иборат аст, ки дар раванди корҳои таълими муаллим баёни маводро тавассути намоиши аёнӣ ба талабаҳо тақдим мекунад.
Нутқи образнок ва пуртаъсири муаллим ҳам дар тасаввурот ба хусусияти аёнӣ моликият дорад. Барои ин, ҳадди ақал, ба ду шароити дидактикии беаёният тақдимкунии дониш риоя бояд намуд, то ки диққати шогирдон ба дарс муттамарказонида шавад: аввалан, баёни маводи таълимӣ аз ҷониби муаллим бояд пурмазмун, бо мисолҳои барҷастаи ҳаётӣ ва шавқовару ҷаззоб бошад; сониян, дар ҷараёни баёни даҳанакӣ ҳатман аз усулҳои муҳими педагогие, ки шогирдонро ба фаъолияти фикркунӣ меангезонад ва ба ваҷд меорад, бояд истифода бурд. Яке аз ин усулҳои муқоиса кардани далелҳо, мисолҳо бо қоидахои нав ва қаблан омӯхташуда, чунки муқоиса асоси ҳар гуна фаҳмиш ва фикркунист.
Дар дарсҳои забони модарӣ, санъати миллӣ ва меҳнат, табиатшиносӣ ва ҷадвал, суратҳои тасвирёфтаи рустанӣ ва ҳайвонот, мулӯҳ (мева ва сабзавотҳои аз мум сохташуда, амсоли себ, бодиринг, пиёз ва ғ.), хӯсаҳо ё худи зироату ашёҳо, препаратҳо бо узвҳои ҳайвонот, гербарияҳо намоиш дода мешаванд. Аммо «калиди» ифшои ҳар тасвир ва намоиш ин нутқи муаллим аст, зеро маҳз зимни шарҳи ӯ аёнияти беҳаракат «ҷон» мегирад.
Ба ин гурӯҳбандӣ мо методи мушоҳидаро ҳам шомил мекунем, зеро он ба методи тасвир ва намоиши гурӯҳи якӯм – методҳои баёни шифоҳӣ ва ҳам ба гурӯҳи дуюм – методҳои мустаҳкамкунӣ тааллуқ дорад.
Методи мушоҳида
Мушоҳида яке аз методҳои фаъоли бедор намудани ҳиссиёти маърифатҷӯии талабагон, хусусан синфҳои ибтидоӣ, мебошад. Мушоҳида таҳти роҳбарии муаллим ва ё бо таъкиди ӯ ҳангоми мушоҳидакунии падидаҳои табиат, ашё ва ҳодисаҳо, ҳангоми сайру саёҳат, иҷрои супоришҳои хонагӣ пардохта мешавад, ки аҳамияти калони таълимӣ ва тарбиявӣ дорад.
Муаллим мавриди мушоҳидаи ягон ашё ва ё мавзеъ дар навбати аввал худаш маълумоти шифоҳӣ дода, сипас барои мустаҳкам кардани маълумотҳои гирифтаи шогирдон супоришҳои мустақилона медиҳад.
Талабагони синфҳои ибтидоӣ дигаргуниҳои фаслҳои сол, зироат, ҳайвонот, падидаҳои табиат ва ғайраро мушоҳида намуда, маълумотҳои нав ба нав ҳосил мекунанд.
Мушоҳида ду навъ мешавад: кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат. Мушоҳидаи кӯтоҳмуддат ҳодисаҳои ҳамарӯза (обу ҳаво, ҳосилшавии шабу рӯз, аз назар гузаронидани препаратҳо ва ғ.), мушоҳидаи дарозмуддат ҳодисаҳои бардавом (тағйироти фаслҳои сол, сабзиши зироати кишткарда ва амсоли инҳо) – ро дар назар дорад. Натиҷаи мушоҳидаҳоро дар рӯзномаи шахсӣ қайд кардан низ аҳамияти калон дорад.