Намунаи Хислатнома (характеристика, намуна)

Тавсифномаи

хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Ҳакимов Искандар Абдуллоевич, соли таваллудаш 1988, миллаташ тоҷик.

Ҳакимов Искандар Абдуллоевич соли 2005 дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ба таҳсил шуруъ намудааст.

Ӯ хангоми таҳсил худро чун шахси масъулиятнок нишон дода, баҳри донишандузӣ пайваста талош меварзид.

Ҳакимов И.А. дар конференсияҳои илмии донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни ҳуқуқшиносӣ ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Номбурда соли 2009 бо роҳбарии профессори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Зарифов Зариф китоби илмие бо номи «Ҷиноят ва навъҳои он» ба табъ расонидааст. Ҳамзамон дар корҳои ҷамъиятии факулта ва Донишгоҳ ба сифати донишҷӯи масъулиятшинос саҳм гузоштааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавсуф аз нигоҳи сиёсӣ пухта буда, дорои ҷаҳонбинии васеъ мебошад ва бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ободӣ ва осудагии кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.

Декани факулта,

профессор                     /                 / Шеров Д.

Раиси созмони

ҷавонони факулта    /        / Сангов Н.

4 июли соли 2010.


Дар бораи Хислатнома –>>

Хислатнома (Тавсифнома, Характеристика)


Намуна, хислатнома, намунаи характеристика, намунахо, характеристика барои донишчу, барои хатмкарда, тавсифнома.

ҚаблӣХислатнома (Тавсифнома, Характеристика)
БаъдӣТарзи навиштани Эълон (Объявление)